Аммо имсол наврӯзи Тоҷикистон, вижагӣ ё навгониҳои дигаре ҳам дорад. Яке аз онҳо албатта илова шудани ҳафтмин ба дастурхони наврӯзии тоҷикон дар баробари ҳафтсину ҳафтшин аст.
Фарорасии ҷашни Наврӯзро имсол бештар аз ҳама аз растаҳои фурӯши сабзаи суманак дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон эҳсос кардан мумкин аст, ки солҳои гузашта ин чиз тақрибан мушоҳида намешуд. Яъне гандумро барои пухтани суманак, яке аз рамзҳои аслии ҷашни Наврӯз ва дастурхони идона, агар қаблан занон фақат дар хона ва бо риояи суннатҳои махсуси он, бо сару либоси наву тоза, бо табъу руҳи хуш ва нияту орзӯҳои нек, мехобонданд, ҳоло дигар сари ҳар қадам дар бозорҳои шаҳр сабзаи расидаи суманакро дидан мумкин аст, ки бо нархи аз 10 то 30 сомони фурӯхта мешаванд.
Савдогарони сабзаҳо мегӯянд, онҳо ҳам ин сабзаҳоро бо нияту орзуҳои нек ва дасту дили тоза хобондаанд, аммо иқрор мешуданд, ки ин сабзаҳо бештар барои зебоӣ ва ба намоиш гузоштан дар барномаҳои наврӯзӣ истифода мешавад на барои пухтан. Чун сабзааш аз меъёр зиёд расидааст. Рисолат, як фурӯшандаи бозори "Шоҳмансур"мегӯяд, харидорони ин сабзаҳо кам нестанд, ҷавонону калонсолон ва хориҷиҳо барои зеб додани дастурхонҳои идона ва барномаҳои наврӯзӣ аз ин сабзаҳо харид мекардаанд: «Ҳастанд нафароне, ки имкони хобондани сумалакро надоранд ва аз ин сабзаҳо харид мекунанд. Бисёр хориҷиҳо, эрониҳо, арабҳо омада мехаранд барои ҷашнҳои наврӯзӣ.»
Зимнан, бозори гандум ҳам дар Душанбе дар ин шабу рӯз гарм аст ва бобои Толибшоҳ, фурӯшандаи гандум ва маҳсулоти донагӣ дар бозори "Шоҳмансур"-и пойтахт мегӯяд, «ғолибан барои таҳияи сумалак кадбонуҳо гандуми сурхрангу калони тозаро харидорӣ мекунанд. Одатан харидори ин навъи гандум маҳз дар шабу рӯзи Наврӯз зиёд аст. Килои гандум 2 сомону 50 дирам аст.»
Аммо тавре ҳам ҳамсӯҳбатони мо, савдогарони сабзаҳои наврустаи суманак гуфтанд, сабзаҳои фурӯшӣ бештар барои оро додани дастурхони наврӯзӣ истифода мешаванд, аммо барои омода кардани худи суманак, ки қоидаҳои махсуси худро дораду як шабонарӯз омода мешавад, кадбонуҳои тоҷик фақат аз сабзаҳои бо дасти худ хобондаашон истифода мекунанд. Насиба, як сокини Душанбе мегӯяд, ӯ ҳар сол истиқбол аз ҷашни Наврӯзро аз покиза кардани манзилу оростани он, ки аз суннатҳои маъмулии ин ҷашн аст, шурӯъ мекунад ва баъдан барои дастурхони идона ва таҷлили Наврӯз бо ҳамсояҳо, сумалак мехобонад. Замоне, ки мо меҳмони Насиба шудем, ӯ бо ҳамсояаш ба шустану тоза кардани гандуми сумалакаш машғул буд ва зери лаб як шеъри наврузӣ ҳам зам зама мекарду хеле хушҳол ба назар мерасид. Ӯ гуфт, сумалакро ана ҳамин хел, бо чеҳраи кушоду рӯҳияи шод бояд гузошт, то
«Расид айёми наврӯзӣ, ба олам сабза мерӯяд,
Ки булбул дар биёбонҳо, нишони лола меҷӯяд.
Бо омад-омади Наврӯз махсусан занҳо серкор мешаванд. Онҳо хонаву дари худро аз ҳама олоишҳо пок мекунанд, дару тирезаҳоро мешӯянд. Ороста мекунанд ва ҳар зарфе, ки лабаш паридаву кафидааст берун меандозанду нав мекунанд , то ин ки Наврӯз, наврӯзи бахосият бошаду ба ин хонадон бахту саодат орад. Яке аз суннатҳои маъруфи Наврӯз, гузоштани суманак аст, ки ин ҳам қоидаи хоси худро дорад. Занҳо бо либос ва дасту пойи тоза гандум мегузоранд.»
Воқеан ин мусоҳиби мо, ки ҳар сол ҳамин тавр ба ҷашни Наврӯз омодаги дидаву онро пешвоз мегирифтааст, мегӯяд, гузоштани сумалак барояш аслан кори мушкиле нест ва бовар дорад, ки сабзаи хобондаи ӯ бидуни ягон мушкил мерасаду таҳия мешавад, аммо на ҳама кадбонуҳои тоҷик ин ҷуръати хонуми Насибаро доранд ва хобондани сабзаи сумлакро кори осон мешуморанд. Бино ба бархе боварҳо, агар сабзаи сумалак бармаҳал сурх шавад, хосияти хубе надорад ва нафаре, ки ин сабзаро хобондааст, аз чизе нороҳат хоҳад шуд.
Назира, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ӯ ба ин боварҳо эътимод дорад ва аз зиндагии худаш мисол меорад: «Суманакро хӯроки бибиҳо ҳам мегӯянд. Ман хеле вақт боз намондаам сабзаи суманак. Як бор мондам, сурх рӯид ва бемор шудам, бисёр азоб кашидам, як бори дигар мондам, модарам аз дунё гузаштанд. Ҳоло фарзандҳо мехоҳанд, ки мо ҳам суманак монем, аммо ман дигар метарсам, ки барои суманак гандум хобонам. Барои ҳамин аз дигар хешу табор хоҳиш мекунаму сабзаи суманак тайёр мекунанд бароям ва гирифта мепазам. Чун дастурхони Наврӯзиро бе суманак албатта оро додан маънӣ надорад.»
Мисли ин бовару суннатҳои зебову пурмаънии зиёди дигари наврӯзӣ аз гузаштагони мо, аз қарн ба қарн ва аз аср ба аср мерос мондааст. Бархе аз оинҳову анъанаҳои наврӯзӣ дар нимароҳи таърих гум шудаанд, аммо чанде аз ин суннатҳои муҳими ин ҷашн, то ба имрӯз расидаву риоя мешаванд. Яке аз ин суннатҳо ҳам таҳияи ғизоҳои мухталиф аз гиёҳу майсаҳои наврустаи баҳорӣ аст. Кадбонуҳо аз гиёҳу сабзавоти ба тозагӣ аз зери ҷомаи барф сарашида ғизоҳои мухталиф, аз ҷумла оши бурида, самбӯсаҳои алафӣ ва гандумкуча омода кардаву хонҳои наврӯзии худро оро медиҳанд. Кадбонуҳои тоҷик ин ғизоҳоро паёмӣ наврӯзӣ медонанд ва ҳамин аст, ки ин шабу рӯз дар бозорҳои кишвар ҳам пӯдина, қоқу ва дигар гиёҳҳо харидори зиёд доранд.
Таҷлили Наврӯзро аксар занону духтарони тоҷик бе либоси атлас ё адрас тасаввур намекунанд. Атлас ҳамин матоъ ба як ҷузъ ё рамзи Наврӯз табдил ёфтааст ва одат шудааст ҷашни наврӯзро вобаста ба имконоти худ одамон бо пероҳани нав ва махсусан занон бо либоси миллӣ ғолибан атлас таҷлил мегиранд. Дар бозори молу коло ҳам серхаридотарин матоъ дар баҳор ин атласҳои рангорангу зебо аст. Нозия, як фурӯшандаи бозори «Корвон» ба мо гуфт, имсол бештар адрасҳои ранги сиёҳу кабуди баланди истеҳсоли Узбакистон талабгори зиёд дошт.
Руҳулло Ҷурабоев, мардумшинос ва муаллифи китоби «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст» мегӯяд, либоси наву тоза ба бар кардан ҳам яке аз фазилатҳои иди Наврӯз аст, мегӯяд. Ӯ аз фазилату боварҳои дигари наврӯзӣ ёдовар шуда мегӯяд: «Қалбҳоро пок доштан, ошти андохтани ногапон, аёдати беморон, ятимон ва пирони барҷомонда, шукргузорӣ аз нозу неъматҳои офаридгор, гузаштагонро бо некӣ ёд кардан, зиёрати мазор, муоширати некбинона ба атрофиён, тавбаву надомат аз гуноҳҳои карда, бо зарфи наве таом хӯрдан, сарҷамъ ношто ва хурсандӣ кардан, номи дилчаспу муносибе ба фарзандони оянда интихоб кардан, осоиштагӣ, ризқӣ фаррох аз яздони пок талаб намудан, ба навхонадорон бахти некӯ хостан, ба дидаву абрӯ молидани гулҳои баҳорӣ, ба аёдати азодорон рафтан, аз нохалафон раҳму инсоф талабидан, эҳтироми бузургони хонавода. Ин аст баъзе аз фазилатҳое, ки мо аз ривояти пирон шунидаем.»
Оташпарак, ё ҷаҳидан бар фарози гулхани фурӯзон ҳам яке аз ойинҳои наврӯзӣ аст, ҳоло низ дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон риоя мешавад. Мардум ба хотири арҷгузорӣ ба нури офтоб ва бо нияти пок шудан аз гуноҳ гулхан афрӯхта ва ояҳои наврӯзӣ бар лаб бар фарози алангаи оташ парвоз мекунанд. Баъзеҳо мегӯянд, ин анъанаи мардумони оташпараст ё зардуштӣ аст, аммо мардумшиносони тоҷик мегӯянд, ин ақида нодуруст аст ва ин ойин қабл аз пайдоиши дини зардуштӣ дар байни мардумони форсизабон пайдо шудааст.
Гузаштагон ба ин ақида буданд, ки ҷаҳидан бар фарозҳи оташ рӯҳро пок, қалбро беолоиш ва орзуҳоро амалӣ мекунад. Зимнан мушоҳида мешавад, ки ин оини қадимӣ имрӯз аз сӯйи бархе аз сокинони Душанбе ҳам зинда нигаҳ дошта мешавад. Як сокини пойхат, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, онҳо як гурӯҳ машварат кардаанд, ки имсол ҳам охирин чоршанбеи қабл аз Наврӯз гирди гухане ҷамъ биоянду хушҳолӣ кунанд. Ин мусоҳиби мо, ки ҳамасола дар маросими оташпарк ширкат мекардааст мегӯяд, хуб мебуд агар дар пойтахти Тоҷикистон барои баргузории оташпарак як мавзеи хосе муайян ва шароит фароҳам оварда мешуд.