Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Театр дар хиёбон


Як гурӯҳи театрии иборат аз 8 нафар, ки ҳамагӣ ҳунармандони ҷавонанд, мехоҳанд дар Тоҷикистон аввалин театри мустақилро ташкил диҳанд, то мушкили ҷомеаро рӯй саҳна оварда, аз касе вобаста набошанд.

Ин гурӯҳ «Бесарпарастон» ном дошта, аз надоштани бино барои тамрин шиква доранд. Сом Ҷаводӣ, коргардони гурӯҳи «Бесарпарастон» мегӯяд, давоми ним соли фаъолияташон онҳо дар хиёбонҳо тамрин мекарданд, ки бо фаро расидани фасли сармо дигар ин гуна имконро надоранд. Ин аст, ки аъзои гурӯҳ ҷиҳати ба бино таъмин шуданашон бораҳо ба вазорати фарҳанги Тоҷикистон муроҷиат карданд, аммо то ҳол касе ба доди онҳо нарасидааст. Ба қавли ҷаноби Ҷаводӣ, дар ҷомеа як қатор мушкиле ҳаст, ки онҳоро бояд ба саҳна гузошт.

Сом Ҷаводӣ мегӯяд: «Мо барои он, ки мардумро маҷбур накунем то чипта харида ба театр биёянд, тасмим гирифтем намоишҳои худро дар хиёбон гузорем. То ҳар нафари роҳгузар тавонад аз театри мо дидан карда, барои худ чизе омӯзад. Ин аст, ки мехостем дастандаркорони фарҳанг ҳади ақал дастгирии маънавӣ кунанд. Мо аз онҳо пул талаб надорем. Ҳама либосу кастюмҳои лозимаро мо аз ҷайби худамон харидорӣ кадем.»

Ҷаноби Ҷаводӣ ҳамчунин мегӯяд, ҳоло достонеро бо номи «Минималист» омода кардааст, ки мехоҳад онро ҳам пешкаши ҷомеаи тоҷик гардонанд. Тавре гуфта мешавад, ин гурӯҳ пас аз анҷоми озмуни «Нигоҳи нав», ки таҳти раҳбарии Сӯҳроб Мирзоев дар театри ба номи Маяковскйи шуда буд, таъсис ёфтааст ва ду намоишнома аз рӯи асарҳои Зиёдулло Шаҳидӣ ба саҳна гузоштааст.

Далери Имомалӣ, як аъзои гурӯҳи «Бепарасторон» мегӯяд, онҳо барои надоштани бино ба вазири қаблии фарҳанг муроҷиат карда буданд, ки муроҷиаташон бе посух монда буд ва ҳоло аз вазири нави хостори кӯмак шудаанд. Ӯ афзуд, онҳо ба ходимони театрҳо низ муроҷиат кардаанд: «Имрӯз (мурод рӯзи шанбе) дар вохӯрии вазири нави фарҳанг будем ва сӯҳбат низ доштем. Ҳеҷ касе аз онҳо намехоҳанд ба мо кӯмак кунанд. Ҳар кадоме аз онҳо баҳонаи худро пеш меоранд. Охирин чизе, ки имрӯз ҷаноби вазир ба мо гуфт, бояд сабти ном кунем. Аммо агар мо гурӯҳамонро сабти ном кунем, ин ҳам мисли театрҳои давлатӣ мешаванд. Аз онҳо ҳеҷ фарқе намекунад. Мо мехоҳем мустақил бошем.»

Ба қавли Далер Имомов, вазири нави фарҳанг Шамсиддин Орумбеков аъзои гурӯҳро ба назди ҳуқуқдони вазорат равон кардааст ва ҳуқуқдони ин вазорат таъкид намудаст то бинои корӣ надоштан бошанд, онҳо наметавонанд худро сабти ном кунанд.

Мирзо Олимов, сухангӯй Вазорати фарҳанг мегӯяд, ки ҳуқуқшиноси вазорат бо ҳуҷҷатҳои гурӯҳи «Бепарасторон» шинос шуда, ки дар бархе аз онҳо нуқсон вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳуқуқшиноси вазорат тавсия додааст, ки дар сурати такмил ва бартараф кардани нуқс дар ҳуҷҷатҳо, сабти ном мегарданд. Сипас онҳо ҳаққи муроҷиат ба ҳукумат барои гирифтани бинои корӣ муроҷиат кунанд.
Ин аст, ки аъзои гурӯҳи «Бесарпарастон» мехоҳанд нафаре ба онҳо ҷиҳати таъминӣ толор барои тамрин кӯмак кунад, то онҳо тавони тамринро дошта бошанду намоишномаҳои худро ба саҳна гузоранд.
XS
SM
MD
LG