Дар ҳоле, ки ҳафт сол боз шавҳари Раҷабгул дар зиндон аст ва бояд 8 соли дигар адои ҷазо кунад, аммо мегӯяд, ӯро интизор хоҳад шуд ва тақдирашро бо ин мард пайвастааст. Раҷабгул меафзояд «Ману шавҳарам тариқи телефон ошно шудем. Муддати хеле зиёд бо ҳам сӯҳбат мекардем, ки баъдан фаҳмидам ӯ зиндонӣ аст. Аммо азбаски мо бо ҳам унс гирифта будем, ман худам ба наздаш рафта, никоҳи мусалмонӣ кардем. Аммо никоҳи давлатӣ надорем.»
Шавҳари Раҷабгул барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир пушти панҷараи зиндон рафтааст. Вай мегӯяд, агарчи бо шавҳари маҳбусаш муносибати хеле хуб доранд, аммо то ҳол ҳама пайвандонашон, алалхусус падару модари шавҳараш аз ин кори онҳо огоҳ нестанд. Зеро ба гуфтаи вай, бо сабабҳои номаълуме шавҳараш намехоҳад, аз ин иқдоми онҳо дигарон бохабар бошанд.
Санавбари 25 сола, 7 соли пеш дар маҳбасхонаи воқеъ дар маҳаллаи «Якум советскии2 -и шаҳри Душанбе ақди никоҳ карда, ҳоло аз шавҳари маҳбусаш се писар дорад. Аммо Санавбар бо шавҳари маҳбусаш на бо тариқи телефон, балки ба воситаи яке аз ҳамсояҳои хешашон ошно шуда ва «аз баҳри Худо» ин корро анҷом додааст. Вай мегӯяд, ҳамсояи холааш шавҳарашро дар наздаш зиёд таърифу тавсиф карда ва ҳатто ҳамроҳ ба маҳбасхона бурда, бо ҳам ошно кардааст: «Пештар зиндагиву муносибатамон хуб буд, ҳоло на чандон хуб аст. Аммо бо хотири се фарзандам зиндагиро идома дода истодаам. Дар як моҳ як ё ду маротиба вомехӯрем.»
Санавбар аз он хушҳол аст, ки шавҳараш, ки бо ҷурми дуздӣ маҳкум ба зиндон шуда буд, бояд пас аз шаш моҳи дигар озод шавад. Дар ҳамин ҳол холаи Собирамоҳ, модари Санавбар мегӯяд аз ин шеваи зиндагии духтараш умуман розӣ нест. Зеро ба қавли холаи Собирамоҳ духтарашон бидуни иҷозаи онҳо ба ин кор даст задааст ва домодашон чандон одами хубе нест: «Дар телефон бисёр дашномҳои қабеҳ дод. Ҳатто духтарам худаш гоҳҳо аз кори кардааш изҳори пушаймонӣ мекунад. Аммо худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ гуфтанд. Дигар илоҷ надорад. Вале бо ин ҳама падараш намехоҳад духтарамон минбаъд бо он мард зиндагии якҷоя дошта бошад.»
Ин дар ҳолест, ки қонунгузории Тоҷикистон ризоияти волидайн дар мавриди бастани ақди никоҳ бо маҳбусонро ҳатмӣ меҳисобад. Раҷабгул, танҳо духтари тоҷике нест, ки тақдирашро бо марди маҳсуб пайвастааст ва аз ин хушхол мебошад. Чун дар чанд соли ахир мавориди издивоҷи духтарону занони тоҷик бо афроди маҳбус дар ҳоли афзоиш аст.
Сайфулло Қурбонов, як масъули Хонаи ақди никоҳи шащри Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тибқи қонунгузории Тоҷикистон маҳбусон ҳам ҳуқуқ доранд никоҳ кунанд ва зинадагии мустақилона дошта бошанд. Аммо ба гуфтаи ҷаноби Қурбонов, иродаи тарафҳо дар асоси ариза ва розигии ҳарду ҷониб сурат гирад:
«Арӯсшаванда барои бастани ақди никоҳ дар муассисаи лозима ба Сабти асноди шаҳрвандӣ бояд ариза пешниҳод намояд. Баъдан аризаи вай ба сардори муассиса пешниҳод мешавад. Парвандаи маҳбусро аз назар мегузаронем ва дар асоси иҷозаи сардори муассиса рӯзи никоҳро муайян карда, дар шоҳиди ду корманди худи маҳбасхона, онҳоро никоҳ мекунем.»
Тавре ҷаноби Қурбонов меафзояд, дар бастани никоҳи маҳбусон даъвати шоҳидон берун аз муассиса манъ аст. Баҳром Абдулҳақов, муовини сардори Сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон низ мегӯяд, ки масъулони зиндонҳо барои издивоҷи маҳбусон бо арӯсшавандашон бар асоси қонун рафтор мекунанд ва мухолифате надоранд.
Зимнан, аз оғози соли ҷорӣ ҳудуди 70 нафар духтару зани тоҷик бо зиндониён ақди никоҳ бастаанд, ки бештари маросимҳо дар муассисаҳои мардона сурат гирифтааст. Ба қавли масъулон, дар маҳбасхонаи занона мавриди бастани ақди никоҳ хело кам ба назар мерасад.