Дар ин назархоҳӣ сокинон бештар ба масъалаҳои бекорӣ, рушди тандурустӣ ва маориф, пешгирии низоъҳои эҳтимолӣ ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷӯҳ кардаанд. Аммо ба назари сокинон, маҳз ришвахорӣ ва фасод аз мушкилотест, ки монеи рушди чандин арсаи муҳими кишвар, чун маорифу тандурустӣ ва эҷоди ҷойҳои кори нав шудааст ва ҳатто метавонад ба сар задании низоъҳои нав боис шавад.
Дар гузориши ахираш созмони Transparency International Тоҷикистонро дар миёни 176 кишвари дунё дар ҷои 157-ум қарор додааст. Яъне Тоҷикистон дар қатори 20 кишвари фасодзадатарин қарор дорад. Гузориши охири оҷонсии омори кишвар ҳам мегӯяд, ҷиноятҳои ришвахорӣ дар семоҳаи авали солӣ ҷорӣ нисбат ба соли қаблӣ 22 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар яке аз арзёбиҳои хеш маҳз соҳаи маорифро аз фасодзадатарин ниҳодҳои кишвар дониста буд.
Аммо Лайло Муширӣ, роҳбари дафтари ЮНИСЕФ, идораи илм ва маорифи СММ дар Тоҷикистон, ки баргузории ин машваратҳоро бар дӯш дошт, мегӯяд, ба сурати умум кулли ақшори ҷомеаи Тоҷикистон ба тайирот ва сармоягузории бештар маҳз ба арсаи маориф таъкид доштанд: «Маорифро мардум як навъ усул ва пояи пешрафти ҷомеа медонистанд. Дар байни ақшори мухталифи ҷомеа ин масъала зикр шуд. Ҳатто намояндагони бахши хусусӣ низ ба авлавият доштани маориф дар пешрафти кишвар таъкид карданд.»
Тавре аз гузориши натиҷавии ин машваратҳо бармеояд, шаҳрвандон ҳамчунин сари мушкили бекорӣ зиёд аҳамият додаанд. Ба таъкиди шаҳрвандон, дараҷаи баланди фасод, душвор будани оғоз ва пешбурди соҳибкорӣ ва инчунин дастнорас будани қарзҳо бо фоизи паст ҷиҳати оғози бизнес монеи эҷоди ҷойҳои кории нав шудааст.
Бар асоси охирин таҳқиқоти қувваи корӣ, ки соли 2009 анҷом шудааст, сатҳи умумии бекорӣ дар Тоҷикистон 11,5 дарсад аст. Вале ҳамзамон беш аз як миллион нафар афроди қобили меҳнат аз Тоҷикистон дар муҳоҷирати корианд ва барои бо ҷои кор таъмин кардани эшон дар дохил ҳамин миқдор ҷои корӣ зарур аст.
Ҳоло дар Тоҷикистон тибқи маълумоти расмӣ, маоши аз ҳама болоро кормандони соҳаи алоқа ва сохтмон мегиранд ва кормандони хоҷагии ҷангал маоши аз ҳама камтар доранд. Аммо шуғлҳое, чун омӯзгори мактаб, ки расман маоши миёна мегиранд, вале бинобар махсусияти касбашон манбаъи дигари даромад надоранд, бозоргир нест ва омӯзгорони ҷавон бо ихтисоси хеш фаъолият кардан намехоҳанд.
Шаҳрвандон барои ислоҳи вазъият ва эҷоди ҷойҳои кори нав ба давлат ва бахши хусуӣ тавсия додаанд, ки ҷойҳои корӣ бояд бо назардошти талаботи бозор таъсис дода шаванд. Ҳамчунин ба таъкиди пурсидашудагон, вазъи бозори кор дар кишвар ҳар ним сол таҳқиқ шавад.
Лайлӣ Муширӣ мегӯяд, аксарияти шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, бо шӯру шавқи зиёд назари хешро нисбат ба ояндаи рушди кишвар баён мекарданд: «Дар рафти назарпурсиву машваратҳои эҳсос шуд, ки мардум мехоҳанд давлат бештар назароти онҳоро дар мавриди самтҳои ояндаи рушди кишвар бипурсад ва ҳамингуна назарсанҷиҳо зиёдтар сурат бигиранд.»
Ин машваратҳо беш аз 100 кишвари саросари ҷаҳонро фаро гирифта, як назарсанҷии глобалӣ маҳсуб меёбанд, ки дар ҷараёни он СММ вохӯриву чорабиниҳои дигар доир намуда, муайян кардани самтҳои муҳимтар барои беҳбуди вазъ дар ҷаҳонро дархост мекунад.
Александр Зуев, роҳбари барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ки ин машваратҳо барои огоҳ шудан аз андешаи мардум имкони нодире фароҳам мекунад, ки натиҷаҳои он ба сарони давлатҳо расонида хоҳад шуд: «Дар машваратҳо ҷавонон, намояндагони ақалиятҳои миллӣ, кормандони давлатӣ, вакилони парлумон, нафақахӯрону соҳибкорон ва намояндагони қишрҳои гуногуни Тоҷикистон ширкат варзида, натиҷаҳои машварату назарсанҷиҳо зимни таҳияи масоили нави рушди глобалӣ ба маълумоти сарони кишварҳо расонида мешаванд.»
Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ дар тамоми манотиқи Тоҷикистон 10 машварати мавзӯъӣ гузаронида шудааст. Ҳамчунин барои муайян кардани самтҳои афзалиятнок ва пурсамари рушди Тоҷикистон дар торнамои «Ҷаҳони баъди соли 2015» низ таҳти унвони «Тоҷикистоне, ки мо орзуяш дорем»назарсанҷӣ анҷом шуда, натиҷаҳояшро ба гузориши миллии Тоҷикистон дар доираи ин лоиҳа ворид кардаанд.