Қотили эҳтимолии Холмӯъмин Сафаров, сарвари Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон пас аз содир кардани ин ҷиноят дар яке аз ноҳияи минтақаи Кӯлоб паноҳ бурда будааст.
Абдулваҳоб Искандаров, сардори Раёсати корҳои дохилаи минтақаи Кӯлоб бо пахши ин хабар дар як нишасти матбуотӣ дар Кӯлоб рӯзи душанбе гуфт, боздошти ин гумонбар намунаи “касбияти баланд”-и кормандони милисаи тоҷик аст.
Дар ҳоле, ки бархе аз коршиносон ба боздошти қотили эҳтимолӣ бо шубҳа менигаранд, Искандаров гуфт, «тамоми далелҳо барои гумонбар донистани ин шахс вуҷуд дорад».
- Ин коре нест, ки кормандони милиса рӯякӣ кор кунанд. Ин кори ҷиддист. Компютер, коғаз ва чанд чизе пайдо шудаанд, ки гумони моро тақвият медиҳанд. Албатта, қотил будани ӯро рафти тафтишот ва ҳукми суд муайян мекунад, аммо ҳоло гумонбари асосӣ бо далелҳое, ки пайдо шудаанд, ӯ ҳаст, - гуфт Искандаров.
Инчунин Искандаров гуфт, вазири корҳои дохила ба ваъдаи худ вафо кард ва он нафаре, ки дар пайдо кардани қотили эҳтимолӣ саҳми асосӣ дошт, соҳиби хонаи ду ҳуҷрагӣ дар шаҳри Душанбе гашт.
Аммо ин манбаъ гуфт, ба паҳлӯҳои дигари ин ҳодиса то анҷоми тафтишот наметавонад, рӯшанӣ андозад.
Субҳи имрӯз Ҷамшед Сангов, сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои сангини Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам, ки раҳбарии гурӯҳи муштараки тафтишотиро бар дӯш дорад, дар сӯҳбат бо Озодӣ дастгир шудани фарде ба куштори Холмӯъмин Сафаровро таъйид кард.
Масъулони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамчунин гуфтанд, ки фарди гумонбар дар қатли Холмӯъмин Сафаров, рӯзи ҷумъаи 14-уми июл дар шаҳри Душанбе боздошт шудааст.
Аммо ин масъулон бо назардошти халал ворид накардан ба раванди тафтишоти парванда, дар бораи ҳуввияти қотил маълумот надоданд.
Ду рӯзи ахир маъмурони ҳифзи ҳуқуқ барои пайдо кардани тапончаи қотил дар дарёи Душанбе, дар қисмати ғарбии маркази пойтахти Тоҷикистон талош доштанд.
Ба манзури дигар кардани маҷрои оби дарё техника сафарбар шуд ва аз маъмурони пулис то ба раҳбарияти сохторҳои қудратӣ, ба хусус вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки назоратро дар ду паҳлӯи дарёи Душанбе, дар қисмати ҷамоати деҳоти «Россия» ва маҳаллаи 46-ум бар дӯш доранд, талош доранд, то тапонча дарёфт шавад.
Зеро ба гуфтаи манобеи пулис, қотил зимни ироаи нишондод гуфтааст, ки дар шаби сӯи қасд ба ҷони Холмӯъмин Сафаров, силоҳи худро дар дарёи Душанбе партоб кардааст.
Ин ҳам дар ҳоле, ки куштори Холмӯъмин Сафаров, мудири Сарраёсати хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари
раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шаби 13-уми июн дар наздикии манзили зисташ, дар маҳаллаи мавсум ба "Автовокзал"-и шаҳри Душанбе, рух дода буд.
Вазорати умури дохилӣ (ВУД) бо нашри баёнияе гуфта буд, ки "афроди номаълум раҳбари Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафаровро тавассути таппончаи тамғаи "Макаров" аз қисмати рӯй, қафаси сина ва шикам захмӣ намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Ҷабрдида дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок мегардад."
Холмӯъмин Сафарови 57-и сола зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ва хатмкардаи факултаи биологияи Донишгоҳи миллӣ буда, чанд сол масъулияти сарраёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва то таъйин шуданаш ба ин мақом сарварии корхонаи коркардаи пунба (пахта) дар ноҳияи Данғараро бар дӯш доштааст.