Генерал-лейтенант Рамазон Раҳимов, вазири тозатаъйини умури дохилии Тоҷикистон рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, аз ҳодисаи ҳамла ба ин хабарнигори тоҷики муқими Маскав аз тариқи расонаҳо огаҳӣ ёфтааст.
Ҷаноби Раҳимов афзуд, то кунун ҳеҷ дархосте ё муроҷиате аз сӯи ниҳодҳои интизоми Русия дар робита ба ин қазия дарёфт нашудаст.
Аммо вай гуфт, «агар ба мо муроҷиат ё дархосте дар ин замина мешуд, мо бо ҳамтоёни руси худ, ки бисёр равобити хуб дорем, ҳамкорӣ хоҳем кард.»
Генерал Раҳимов дар мавриди изҳороти Додоҷони Атовулло, ки гӯё сӯиқсад ба ҷони вай бо дастури ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст, гуфт, ки ин назари шахсии вай ҳаст ва далелу бурҳоне дар ин замина вуҷуд надорад.
Муассиси нашрияи «Чароғи рӯз» ва раҳбари ҷунбиши «Ватандор» чанд рӯз қабл дар як тарабхона дар хиёбони Комсомолскаяи пойтахти Русия ҳадафи сӯиқасд қарор гирифтва ду зарби корд хӯрд. Бино ба хабарҳо, ӯ аз ҷигараш корд хӯрдааст.
Додоҷони Атовуллои 56-сола аз мунтақидони тунди давлати Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад. Соате пеш дар шабакаи Ютюб сӯҳбатҳои видеоии ӯ бо хабаргузории "Фергана.Ру" нашр шуд, ки порае аз онро ин ҷо бознашр мекунем:
Вазири тозатаъини умури дохилӣ дар ин нишасти матбуотӣ зимни бозтоби фаъолияти ин вазорат дар расонаҳо гуфт, аз 32 матлаби таҳлилӣ ва танқидии мунташирёфта дар матбуоти даврӣ, ҳамагӣ 6 далели овардаи он ба пуррагӣ ва 6 далели дигар қисман исботи хешро пайдо карданд.
Ба ин далел вазири умури дохилӣ таъкид кард, ки 5 нафар аз кормандон аз мақомашон ва 4 нафари дигар аз вазифаҳо озод карда шуданд. Ҳамчунин ба гуфтаи вай, 8 нафари дигар барои роҳ додан ба камбудиҳо танбеҳ дода шуданд.
Ба хусус вай ба муборизаи беамон алайҳи мавориди истифодаи зӯроварӣ ва шиканҷа тавассути маъмурони пулис ишора кард ва гуфт, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз чунин падидаи номатлуб, дар вазорат, биноҳои раёсати корҳои дохилии шаҳру вилоятҳо ва ҳамчунин кӯчаву хиёбонҳо камера ва ё дурбинҳои назоратӣ гузошта хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз соҳибназарони умур аз амалкарди маъмурони пулис бо истифода аз шиканҷа ва зӯроварӣ алайҳи афроди гумонбар дар соли гузашта дар даврони раҳбарии вазири вақт Абдураҳим Қаҳҳорров ёд меоранд ва мегӯянд, маҳз ин амр омили коста шудани нуфузи ниҳоди интизомӣ дар миёни ҷомеа шудааст.
Абдулазими Абуваҳҳоб, таҳлилгари тоҷик аз ду мавриди шиканҷаи афроди гумонбар тавассути маъмурони пулис дар соли пеш ёдовар шуд ва гуфт: «Ду ҳодиса, яке нисбати Сафаралӣ Сангов, ки ба гуфтаи хешовандонаш аз зарби латукуби маъмурони пулис дар бемористон ҷон дод ва дигаре Баҳромиддин Шодиев, ки аз табақаи дуввуми бинои шӯбаи тафтишотии корҳои дохилии ноҳияи Сино худро ба зер партофт, ки дар натиҷа вай низ ба ҳалокат расид. Ин ҳодисаҳо аз вуҷуди мавориди шиканҷа тавассути кормандони милиса шаҳодат медиҳад ва албатта ин то ҷое ба обрӯ ва нуфузи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ латма ворид кард.»
Аммо, ба гуфтаи коршиносон, таъйини Рамазон Раҳимов, дар мақоми вазири умури дохилӣ ду ҳафта пеш ба амалиёти муваффақи нерӯҳои интизомӣ дар минтақаи Рашт дар тирамоҳи соли соли пеш рабт мегирад. Дар пайи ин амалиёт, саркардагони гурӯҳҳои мусаллаҳ, назири Абдуллоҳ Раҳимов, муллақаб ба Мулло Абдуллоҳ ва Аловиддин Давлатов, бо тахаллуси Алии Бедакӣ кушта шуданд ва ҳамакнун ба гуфтаи Рамазон Раҳимов, вазъ комилан дар минтақаи Рашт ором аст ва ба суботу амнияти мардум хатаре таҳдид намекунад.
Амалиёти неруҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар ҳамкории бархе аз намояндагони мухолифони пешин сурат гирифта буд. Ҳамакнун нигаронии бархе аз намояндагони мухолифони пешин он аст, ки ҳарчанд он замон ба онҳо ваъдаи кор дар сафи пулис дода шуда буд, аммо то кунун ин иҷро нашудааст.
Ин дар ҳолест, Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ мегӯяд, баъзе аз намояндагони мухолифони пешин ба сафи пулис ҷалб шудаанд ва асноди баъзеи дигар дар ҳоли омӯзиш аст, «масъалаи ба кор қабул кардани ин гурӯҳҳо аллакай ҳалли худро ёфт. Хато накунам 20 нафар ҳамроҳ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ кор карда истодаанд, Бақияи онҳо дар омӯзиш аст. Кадоме, ки ба талаботи имрӯзаи кор дар мақомоти вазорати корҳои дохилӣ ҷавобгӯ нест, қабул карда намешавад.»
Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди вазири корҳои дохилӣ, ҳоло дар шӯъбаи дохилии минтақаи Рашт 100 нафар фаъолият доранд, ки бархе аз онҳо намояндагони собиқ мухолифон ҳастанд. Дар ин миён номи Шоҳ Искандаров, аз фармондеҳони саршиноси нерӯҳои мухолифони давлат гирифта мешавад, ки дар пайи амалиёт дар минтақаи Рашт дар аввалҳои соли гузашта, ба симмати муовини раиси Раёсати корҳои дохилии ин минтақа интисоб гардид.
Аммо ҳашт нафаре, ки ҳамчунон мунтазири пайвастан ба сафи пулис дар минтақаи Ғарм ҳастанд, тарафдорони Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке дигар аз фармондеҳи собиқи мухолифони давлат мебошанд.
Аммо ҳоло ин афрод ба шумули Мирзохӯҷа Аҳмадов мегӯянд ба корҳои кишоварзӣ машғул ҳастанд. Аҳмадов аз ҷумлаи афроде ҳаст, ки мақомоти давлат ӯро дар ҳамла ба комюнҳои вазорати дифоъ дар моҳи сентябр соли 2010, ки дар пайи он 25 сарбозу афсар кушта шуд, муттаҳам дониста буд. Аммо баъдтар дар пайи музокирот, вай бо гурӯҳе аз тарафдоронаш ба неруҳои давлатӣ пайваст ва дар саркӯб кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи Мулло Абдулло ва Алии Бедакӣ иштирок кард.