Як мақом дар Вазорати умури дохилаи Русия гуфтааст, ки ин кишвар тибқи Қонуни асосиаш шаҳрвандони худро ба кишварҳои хориҷ намесупорад ва табъан раҳбари ширкати "Ролкан" Сергей Полуяновро низ ба Тоҷикистон нахоҳад дод.
Аммо ин манбаъи хабаргузории "Интерфакс" афзудааст, дар сурати ба дасти Маскав расидани маводи парвандаи ҷиноӣ, онҳо ба таъйини маҳалли будубоши Полуянов иқдом хоҳанд кард.
Қаблан додситонии вилояти Хатлон бо ирсоли дархости расмӣ аз додситонии Русия боздошт ва истирдоди раҳбари "Ролкан"-ро тақозо карда буд.
Идораи амнияти миллии Хатлон рӯзи 14-уми ноябр алайҳи раҳбари ширкати "Ролкан Инвестмент ЛТД" парвандаи ҷиноӣ боз карда, ӯро дар радифи халабонҳо - Владимир Садовничий ва Алексей Руденко муҷрим мешуморад.
Ғулом Бобоев, вакили ду халабони ширкати "Ролкан", мегӯяд, агарчӣ Сергей Полуянов, раҳбари ин ширкат, ҳамроҳи халабонҳо дар ҳавопаймо набуд, вале дар ҳамдастӣ ба ҷиноятҳои Садовничий ва Руденко муттаҳам мешавад.
Файзулло Холов, намояндаи Додситонии вилояти Хатлон гуфт, тафтиши парвандаи ҷиноии Сергей Полуянов, мудири ширкати "Ролкан Инвестмент ЛТД" аз сӯи муфаттишони Кумитаи амнияти миллӣ идома дорад ва худи ҷаноби Полуянов ҳам мавриди пайгарди байнулмилалии қонунӣ қарор гирифтааст.
Оқои Холов дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, "ҳамчунин аз мақомоти Русия дархост кардем, ки дар сурати пайдо шудани ин нафар, ӯро мавриди боздошт қарор бидиҳад." Ба тахмини мақомоти тафтишотӣ, Сергей Полуянов ҳоло дар Маскав ба сар мебарад ва ширкати "Ролкан Инвестмент ЛТД"-ро аз он ҷо идора мекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ширкати мазкур дар ҳеҷ як ниҳоди расмии Русия сабтином нашуда, балки дар минтақаи оффшори ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониёи Кабир ба қайд гирифта шудааст.
Валерий Пфефер, намояндаи ширкат гуфтааст, ки ширкати онҳо, ки соҳиби ҳавопаймоҳои борбари АН-72 аст, танҳо ҳавопаймоҳоро ба иҷора медиҳад ва худаш бевосита ба ҳамлу нақл сари кор намегирад. Ин ду ҳавопаймои боздоштшударо ширкати "Air Space" ба иҷора гирифта буд.