Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: "Ҳукми додгоҳи Тоҷикистон бисёр сангин аст"


Дар акс: Алексей Руденко (аз тарафи чап) ва Владимир Садовничий дар додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа
Дар акс: Алексей Руденко (аз тарафи чап) ва Владимир Садовничий дар додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа

Вазорати умури хориҷии Русия ҳукми ҳабси халабонҳои ширкати "Ролкан инвестмент ЛТД" - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро “басо сангин ва дорои ангезаи сиёсӣ” хондааст.

Дар торнамои расмии ин вазорат навишта шудааст, ки айби ин ду халабон бо далелҳои шайъӣ исбот нашуд ва ин ҳукми "ноодилона"-и додгоҳ ба равобити Тоҷикистону Русия латма ворид хоҳад кард.
Беақлӣ кардам, ки дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа фуруд омадам. Вақте моро боздошт карда буданд, ба Руденко гуфтам, ки ҳама гуноҳро ба гардан мегирам, то нагӯянд, ки ин ҷинояти гурӯҳист...


"Ҳукм дар пояи ҳадсзаниҳои бидуни далел таҳия шудааст ва ба ин васила ҷониби Тоҷикистон меъёрҳои феълии байнулмилалиро поймол намудааст",-омадааст дар торнамои расмии Вазорати умури хориҷии Русия.

Раиси яке аз кумиссюнҳои Палатаи ҷамоатии Русия Анатолий Кучерена ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппаро чун “торсакие ба рӯи Русия” арзёбӣ кард.

ҲАВОНАВАРДОНЕ, КИ ЗИНДОНӢ ШУДАНД

Додгоҳи Қӯрғонтеппа ду халабони ширкати хориҷии "Ролкан Инвестмент ЛТД"-ро ба даҳуним соли зиндон маҳкум кард. Темур Боев, қозии парванда гуфт, бино ба қонуни афви Тоҷикистон дусолӣ аз ҳукми халабонҳо кам карда шудааст, яъне онҳо барои ҳаштуним сол аз озодӣ маҳрум гардидаанд.

Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстония, бар асоси се банди кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла қочоқ, убури ғайриқонунии марз ва нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз муҷрим дониста шуданд.

Темур Боев, додраси парвандаи мазкур, зимни эъломи ҳукм гуфт: “Ҳамчунин ду ҳавопаймои навъи АН-72 ва муҳаррике, ки 1 миллиону 88 ҳазор сомонӣ арзиш дорад ва мансуб ба ширкати "Ролкан Инвестмент ЛТД" аст, ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира хоҳад шуд. Садовничий ва Руденко тӯли чаҳор сол аз ҳуқуқи идораи ҳавопаймоҳо низ маҳрум карда шаванд.”

САДОВНИЧИЙ: "МАН БЕАҚЛӢ КАРДАМ, КИ..."

Дар акс: Владимир Садовничий (аз тарафи чап) ва Алексей Руденко
Дар акс: Владимир Садовничий (аз тарафи чап) ва Алексей Руденко
Ҳукми додгоҳ афроди муттаҳам, вакили мудофеъ ва сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистонро норозӣ бар ҷой гузошт. Маҳкумшудаҳо гуфтанд, ки қурбонии фиреб шудаанд. Яке аз онҳо Владимир Садовничий гуфт: “Дигар чи тур хоб хоҳам кард? Ман беақлӣ кардам, ки дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа фуруд омадам. Вақте моро боздошт карда буданд, ба Руденко гуфтам, ки ҳама гуноҳро худам ба гардан мегирам, то нагӯянд, ки ин ҷинояти гурӯҳӣ мебошад. Дар он сурат танҳо маро суд мекарданд. Аммо моро муфаттишон фиреб карданд, ба номи Аллоҳ қасам мехӯрданд, ки корамон то ин ҷо нахоҳад расид.”

Ғулом Бобоев, вакили мудофеи афроди маҳкумшуда, гуфт, далелҳои овардааш дар мурофиаи додгоҳӣ кофӣ буд, то нафарони зерҳимояташ аз сӯйи додгоҳ бегуноҳ эътироф гарданд, аммо додгоҳ, ба гуфтаи ӯ, ҳукми «нодуруст» баровардааст: “Зерҳимояҳои ман набояд нигарон бошанд. Ин ҳукми додгоҳ ҳанӯз нерӯи қонунӣ нагирифтааст ва аз субҳи рӯзи оянда ман барои бекор кардани ин ҳукм талош хоҳам кард. Ҳатман ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят хоҳам бурд.”

"ҲУКМИ ДОДГОҲ МОРО РӮҲАФТОДА КАРД"


Дмитрий Кабаев, намояндаи сафорати Русия
Дмитрий Кабаев, намояндаи сафорати Русия
Намояндаи сафорати Русия дар Тоҷикистон, ки қабл аз эълони ҳукми додгоҳ ба озод шудани халабонони рус, ки якеаш шаҳрванди Русия буд, изҳори хушбинӣ карда буд, гуфт, чунин ҳукми шадидро чашминтизор набуд. Дмитрий Кабаев, мушовир дар масоили сиёсии сафорати Русия, дар пайи эълони ҳукм гуфт, ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа онҳоро рӯҳафтода кард: “Мо умедвор будем, ки додгоҳ ҳукми одилона ва башардӯстона содир мекунад. Бо ин вуҷуд, сафорати кишвари мо барои тағйири ҳукми додгоҳ ва дастгирии ҳамаҷонибаи маҳкумшудаҳо аз тамоми нерӯ ва тавони қонунии худ истифода хоҳад кард. Мо бар ин андеша ҳастем, ки ҳукми суд ғайриодилона ва нодуруст мебошад.”

Дар ҳамин ҳол, намояндаи сафорати Олмон дар Душанбе, ки аз манфиати шаҳрванди Эстония Алексей Руденко ҳимоят мекард, аз баёни назар дар мавриди ҳукми додгоҳ худдорӣ варзид.

ТАЛОШ БАРОИ ОЗОДИИ ХАЛАБОНҲО

Вале намояндаи ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД” ҳукми додгоҳро берун аз чаҳорчӯби қонун хонд. Валерий Пфефер гуфт, ки ширкаташ дар мавқеи худ устовор аст ва халабонҳо ҳаргиз ҳадафҳои низомӣ дар Тоҷикистонро пайгирӣ намекарданд ва ба амнияти ин кишвар ҳам хатарзо набуданд. Ӯ афзуд, ширкат агарчӣ дар мавриди бозпас гирифтани ду ҳавопаймояш бо мақомоти Тоҷикистон баҳсе надорад, вале барои озодии ду халабонаш талош хоҳад кард.

"ПАРВАНДА ҶАНБАИ СИЁСӢ НАДОРАД"

Файзулло Холов, намояндаи додситонӣ
Файзулло Холов, намояндаи додситонӣ
Аммо намояндаи додситонӣ Файзулло Холов, ки аз додгоҳ барои Садовничий ва Руденко 13 соли зиндон хоста буд, ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппаро одилона ва “нарм” номид. Додситон Холов ҳамчунин аз бархе расонаҳои хабарии русӣ интиқод кард, ки парвандаи халабонҳоро сиёсӣ номида, онҳоро ба истилоҳ, объекти кадом як муомилоти «пушти парда»-и миёни Тоҷикистону Русия хондаанд: “Ин даъвоҳо бепоя ҳастанд. Садовничий ва Руденко воситаи муомилоти тиҷоратии касе нашудаанд. Дар парвандаи онҳо набояд ҷанбаъҳои сиёсиро ҷуст. Ин як парвандаи оддӣ аст ва ҳар халабони дигаре ҳам метавонист ба чунин қазия бипечад. Тоҷикистону Русия муносиботи хубе доранд ва ин парванда набояд ба муносиботи кишварҳои мо таъсири манфӣ расонанд. Ин парванда умуман сиёсӣ нест.”

Муфаттишони Кумитаи амнияти миллӣ, ки таҳқиқи парвандаи Садовничий ва Руденкоро бар ӯҳда доштанд, мегӯянд, халабонҳо, ки ҳавопаймоҳои навъи АН-72, мансуб ба ширкати "Ролкан Инвестмент ЛТД"-ро халабонӣ мекарданд, 12-уми марти соли ҷорӣ бидуни иҷозаи мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон, яке паси ҳам, бо фосилаи 20 дақиқа, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа фуруд омадаанд. Ин ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи низомии шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, ба ҳаракат даромада будаанд. Халабонҳо мегӯянд, сабаби фуруд омадан ба Қӯрғонтеппа пешгирӣ аз садамаи эҳтимолии ҳавопаймоҳо буд, зеро захираи маводи сӯхти он ба итмом расида буд.


ҚУРБОНИИ “ДОДУГИРИФТ”?

Вале шубҳаи мақомоти амниятии Тоҷикистонро ҳамчунин ин масъала, ки ширкати «Ролкан Инвестмент ЛТД» дар минтақаи оффшории Вирҷинияи Бритониёи Кабир сабтином шуда, ҳавопаймоҳои АН-72 аз соли 2008 бад-ин сӯ дар ҳеҷ як кишвар ба қайд гирифта нашудаанд ва молики аслии онҳо маълум нест, ба бор овардааст.

Аммо ба гуфтаи Валерий Пфефер, намояндаи ширкати мазкур, буду шуди қазияи халабонҳо марбути ҳавопаймоҳо аст, ки "касеро хуш омадааст". Вай афзуд, "ин ҳавопаймоҳо камчину эксклюзив ҳастанд, ба Арктика ҳам парвоз кардаанд. Ҳатто амрикоиҳо ҳам чунин ҳавопаймо надоранд. Дар Тоҷикистон ин ҳавопаймоҳо ҳатто дар майдони пахта фуруд омадаву боло шуда метавонад. Халабонҳо мисли асир ба даст афтода, қурбонии кадом як "додугирифт" шудаанд."

Вакили мудофеъ ва халабонҳои маҳкумшуда барои шикоят аз рӯйи ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа 10 рӯз фурсат доранд.
XS
SM
MD
LG