Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангтӯда-Пули Хумрӣ. Роҳи нави интиқоли барқ ба Афғонистон


Хатти интиқоли нерӯи барқи 220-киловаттаи Сангтӯда-Пули Хумрӣ, ки мавриди истифода қарор гирифт, нерӯи барқи изофии Тоҷикистонро ба Афғонистон интиқол хоҳад дод.

Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи хатти интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон, ки дар маҳалли нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" баргузор шуд, ба ин нукта таъкид кард ва гуфт, кишвараш аз ин роҳ фоидаи хубе ба даст хоҳад овард.

Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1", ки тобистони соли 2009 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, бо сармояи Русия сохта шуда, беш аз 75 дарсади саҳмияи ин нерӯгоҳ низ моли он кишвар аст.

Муҳаммадқасими Фаҳим, муовини раисиҷумҳури Афғонистон, ки бо сафари чаҳоррӯза ба Тоҷикистон омадааст, низ аз мавриди истифода қарор гирифтани ин хат истиқбол кард ва онро барои беҳбуди вазъи иқтисодиву иҷтимоии сокинони шимоли Афғонистон муҳим хонд.

Сохтмони хатти интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон то Афғонистон ҳанӯз моҳи феврали соли 2009 оғоз ёфта ва Бонки Осиёии Рушд барои бунёди он бештар аз 27 миллион доллар харҷ кардааст. Масофаи хатти интиқоли барқи Сангтӯда-Пули Хумрӣ дар қаламрави Тоҷикистон 118 ва дар қаламрави Афғонистон 163 километрро ташкил медиҳад.

Вазири энержии Афғонистон Исмоилхон, ки ҳамроҳ бо ҷаноби Фаҳим ба Тоҷикистон омадааст, рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки Афғонистон аз тариқи ин хатти барқ дар панҷ моҳи гармо бо иқтидори 300 мегават аз Тоҷикистон нерӯ хоҳад гирифт.

"Аз тариқи ин хат дар сол панҷ моҳ Афғонистон аз Тоҷикистон барқ хоҳад гирифт ва бо ин минвол то соли 2015 идома хоҳад кард ва пас аз он мо барои 12 моҳ дар сол аз Тоҷикистон бо теъдоди 300 мегават барқ хоҳем гирифт",-афзуд ӯ.

Ба қавли вазири энержӣ ва захоири оби Афғонистон, Тоҷикистон бар иловаи барқе, ки ба Афғонистон медиҳад, ҳамчунин дар расонидани кӯмакҳои башарии ҷаҳонӣ ба Афғонистон мусоидат мекунад. Ва гузашта аз ин, Тоҷикистон ба унвони кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг дар беҳбуд бахшидани зербиноҳои иҷтимоии Афғонистон нақши амалӣ хоҳад дошт.

Бино ба маълумоти Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон, арзиши як киловатт нерӯи барқе, ки Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол медиҳад, севуним сенти амрикоиро ташкил хоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки феълан ҷониби Узбакистон як киловатт нерӯи барқи худро ба Афғонистон ба нархи ҳафтуним сенти амрикоӣ мефурӯшад.
XS
SM
MD
LG