Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Би-Би-Сӣ ба боздошти хабарнигораш


Хабарнигории Би-Би-Сӣ дар Тоҷикистон, Урунбой Усмонов
Хабарнигории Би-Би-Сӣ дар Тоҷикистон, Урунбой Усмонов

Идораи марказии Би-Би-Сӣ дар Лондон аз боздошти хабарнигораш дар Тоҷикистон шадидан изҳори нигаронӣ кард.

Дар изҳороти муассисаи нашаротии Британия (BBC), ки Урунбой Усмонов даҳ соли охир барои Хадамоти Осиёи Марказии он гузориш медодааст, озодии фаврии хабарнигор талаб шудааст. Дар ин санад ҳамчунин нисбати иттиҳоми Усмонов ба узвият дар гурӯҳи "Ҳизб-ут-таҳрир" изҳори нобоварӣ шудааст: "Дар ҳоле ки ҷаноби Усмонов бо талаби Би-Би-Сӣ дар бораи муҳокимаҳои додгоҳӣ ва фаъолияти аъзои Ҳизби таҳрир гузориш медод, Би-Би-Сӣ далеле надорад, ки ба ин иттиҳомот бовар кунад."

Урунбой Усмонов, бино ба хабари аҳли хонаводааш, рӯзи 13-уми июн аз коргоҳ ба хона барнагашт. Дертар, пас аз ҷустуҷӯҳои зиёд ва маъюскунандаи пайвандонашу ҳамкоронаш, маълум шуд, вай дар боздошти маъмурони амниятии Тоҷикистон қарор дошта, ба гуфти наздиконаш, шадидан лату кӯб шудааст.

Раҳбарияти шабакаи Би-Би-Сӣ хабарҳои бе ягон ҳимояи ҳуқуқӣ мондани Усмоновро шадидан маҳкум кардааст.

Дар ҳамин ҳол Сафорати Бритониё дар Душанбе хостори таҳқиқи ҳар чӣ зудтари қазияи боздошти Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Радиои ВВС дар шаҳри Хуҷанд шудааст.

Муҳибулло Зубайдуллоев, мушовири сафири Бритониё дар Душанбе дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: «Ин дархостро Тревор Мур, сафири Бритониё дар Душанбе дар мулоқот бо намояндаи вазорати хориҷии Тоҷикистон кардааст, то ҳар чӣ зудтар ба ин қазия рушанӣ андохта шавад, ки дар воқеъ ин хабарнигор гунаҳгор аст ё хайр».

Интизор меравад, сафорати Бритониё дар Душанбе иттилоияи матбуотиеро низ дар робита ба мулоқоти ҷаноби Мур бо намояндаи вазорати хориҷии Тоҷикистон ба нашр расонад.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо таъиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, «нимаи дуюми рӯзи гузашта дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ аз сӯи кормандони мақомоти иинтизомӣ шаҳрванд Усмонов Урунбой, соли таваллудаш 1951, сокини ҷамоати Ҳисори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, хабарнигори радиои Би-Би-Сӣ дар ин вилоят дастгир карда шуд, ки вай аз соли 2009 ихтиёран ба аъзогии созмони мамнӯъи Ҳизбутаҳрир шомил шуда ба ташвиқоту тарғиботи ифротгароёнаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул гардида дар вилоят китобу маҷалла ва шабномаҳои мазмуни ифротгароёнаро паҳн карда сокинони вилоятро ба ин ҳизб даъват кардааст».

Ба таъкиди сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ нисбати ин фард бархе аз сокинон шоҳидӣ додаанд ва далелҳои қотеъ дар мавриди фаъолиятҳои ғайриқонунии вай дар даст аст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ Маҳмадулло Асадуллоев афзуд, нисбати Урунбой Усмонов парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва ва ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, Ойбек, писари Урунбой Усмонов, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки «рӯзи 13 июн мо чаҳор — панҷ соат падарамро кофтем, ба беморхонаҳо низ рафтем, аммо наёфтем. Ин буд, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба хона омаданд ва манзилро кофтукоб карданд ва гуфтанд, ки падарамро боздошт карданд. Аз хона ҳеҷ чиз наёфтанд.»

Дар ҳамин ҳол, ҳамкорони хабарнигори боздоштшудаи ББС ин амалро як иштибоҳ арзёбӣ карданд ва мегӯянд, ки Урунбой ба зудӣ озод хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки ББС ба ин боздошт расман вокуниш хохад кард.

Дар ҳамин ҳол масъулони Сафорати Британия дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, хабареро дар мавриди боздошти Урунбой Усмонов дар даст доранд ва ин қазияро пайгирӣ хоҳанд кард.

Зимнан, гуфта мешавад, Урунбой Усмонов муддати даҳ соли ахир ба ҳайси хабарнигори бахши узбакии радиои Би-Би-Сӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мекард.
XS
SM
MD
LG