Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти афроди гумонбар дар бенизомиҳои Кӯлоб


Акс аз бозии қаблии дастаҳои "Истиқлол" ва "Равшан" дар шаҳри Душанбе, 3-юми майи соли 2011.
Акс аз бозии қаблии дастаҳои "Истиқлол" ва "Равшан" дар шаҳри Душанбе, 3-юми майи соли 2011.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, бо иттиҳоми даст доштан дар беназмиҳои Кӯлоб 20 нафар боздошт шудаанд.

Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, бист нафар ба далели авбошӣ ва барҳам задани тартибу низом боздошт шудаанд.

Оқои Асадуллоев гуфт, баъд аз анҷоми бозии тимҳои «Истиқлол» - и Душанбе ва «Равшан» - и Кӯлоб миёни мухлисони онҳо сангандозӣ ва задухӯрд сурат гирифт, ки дар натиҷа 10 нафар ҷароҳати сабук бардошта, чор нафарашон дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Бенизомӣ дар варзишгоҳи Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00

(навори YouTube)
Вай афзуд, бақия захмиён баъд аз ташхиси духтурон аз бемористон ҷавоб дода шудаанд. Оқои Асадуллоев афзуд, аз ҷониби футболбозон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ касе осеб надидааст ва барои ҷилавгирӣ аз беназмиҳо кормандони милиса дуди ашковарро истифода кардаанд.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ овозаҳо дар бораи ҳамла ба писари раисҷумҳури Тоҷикистон, бозингари «Истиқлол» - Рустами Эмомалиро такзиб карда, гуфт, ба ӯ осебе расонида нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, шоҳиди воқеаҳо мегӯяд, даҳҳо нафар аз мухлисони футбол дар задухӯрд бо милиса захмӣ шудаанд.

Дар поёни бозӣ миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»(Душанбе) ва «Равшан»-и Кӯлоб дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, ки бо пирӯзии «Истиқлол» бо ҳисоби 1:0 ба поён расид, мухлисони футбол доварон ва кормандони милисаро таҳти сангборон қарор доданд. Бархе аз шоҳидони бозӣ мегӯянд, ба ҳисоб гирифта нашудани се ҳолати нобозӣ (оффсайд)-и ҳамлаварони дастаи “Истиқлол” сабаби эътирози мухлисон гардидааст.

Сангандозӣ ба тарафи доварон ва кормандони милиса 5 дақиқа пеш аз поёни бозӣ шурӯъ шуд. Баробари ҳуштаки анҷоми сабқат мухлисони футбол аз варзишгоҳ берун омада, ба автобусу мошинҳои дастаи “Истиқлол” ва ҳам мошини сӯхтонишон ҳамла карданд ва шишаи онҳоро шикастанд.

Замоне ки мухлисон тарафи писари раисиҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ки бозингари дастаи “Истиқлол” аст, ҳаракат карданд, бахши таъиноти махсуси милиса ё ОМОН барои пароканда кардани издиҳом ба ҳаво тир кушод ва панҷ таркиши тарсонанда анҷом дод.

Аммо Аҳмад Иброҳим, хабарнигори муқими шаҳри Кӯлоб, ки шоҳиди ин воқеа будааст, дар тамос ба радиои Озодӣ гуфт, бар асари як таркиш дар дохили варзишгоҳ ҳудуди 5-6 нафар ҷароҳат бардошт ва як катори курсиҳои варзишгоҳ тахриб шудаанд.

Ба дунболи инфиҷор дар дохили майдон, мухлисон ва нерӯҳои амниятӣ дар хориҷи варзишгоҳ ба ҳам даргир шудаанд ва нерӯҳои интизомӣ барои пароканда кардани онҳо аз гази ашковар истифода намудаанд.

Мухлисони норозӣ ба мошинҳои дигар ҳамла карданд ва балони онҳоро кафонда, шишаҳояшонро шикастанд. Аз ҷумла мошинҳои “Ёрии фаврӣ” низ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд. Як шоҳиди воқеа мегӯяд, ин мошинҳо барои он ҳадаф қарор ёфтанд, ки милиса мехост, бархе аз боздоштшудагонро дар онҳо интиқол диҳад. Шоҳид мегӯяд, даҳҳо нафар захмӣ ва боздошт шудаанд.

Се таркиши дигар дар назди Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб ба вуқӯъ пайвастааст. Шаҳр ҳоло зери назорати милиса буда, мошинҳо дар кӯчаҳо равуо доранд, аммо сокинон ҳушдор гирифтаанд, ки аз манзилҳои худ берун наоянд.

Бозии гузаштаи дастаҳои футболи «Истиқлол»(Душанбе) ва «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи 3-юми май дар шаҳри Душанбе низ бо кашокаш ва дилозорӣ поён ёфта буд. Мухлисони «Равшан» доварони бозиҳоро айбдор мекунанд, ки ба манфиати дастаи «Истиқлол»(Душанбе)доварӣ мекунанд. Сарони футболи Тоҷикистон хархашаи гузаштаро маҳкум карда, ваъда дода буданд, ки эътирози мухлисонро аз роҳи қонунӣ баррасӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG