Сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, дастикам 3 тан аз ҳалокшудагон бар асари ин сӯхтори субҳи сешанбе атбои Тоҷикистонанд ва шиносоии ҳуввияти 4 қурбонии дигари ин фоҷеа ҳанӯз идома дорад.
Шоҳин Самадов, корманди дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ гуфт, имкон дорад, ки дар байни ин 4 қурбонии охир низ муҳоҷирони тоҷик бошанд.
Бино ба хабарҳо, сӯхтор соати панҷи субҳи сешанбеи 17-уми май дар як манзили сеқабатаи нимаматрук дар тангкӯчаи "Болшой Афанасевский переулок" дар маркази пойтахти Русия рух дода, манбаи оташсӯзӣ дар қабатҳои аввалу дуввуми ин сохтмон воқеъ будааст.
Доманаи оташ асосан қабати аввал ва таҳхонаи ин биноро, ки хобгоҳи муҳоҷирон аз Тоҷикистону Қирғизистон будааст, ба коми худ кашид.
Шоҳин Самадов ба Радиои Озодӣ гуфт, як ҳайъати сафорат феълан дар ҷои ҳодиса қарор дорад ва сафорат тасмим гирифтааст, ба муҷарради анҷоми мароҳили расмии шиносоии аҷсод ва таҳияи асноди лозим ба фиристодани ҷанозаи ин се муҳоҷири тоҷик ба ватан мусоидат кунад.
Вай гуфт: "Се нафарашро аллакай муайян карданд, ки шаҳрвандони Тоҷикистонанд:
1.Аҳмадов Қурбоналӣ, соли таваллудаш 1956, аз ноҳияи Ҷаббор Расулов;
2.Саиднаимов Алихон Азизшоевич, соли таваллудаш 1985, ноҳияи Шуғнон;
3.Саиднаимов Наимшоҳ Алишерович, соли таваллудаш 1992, ноҳияи Шуғнон.
Аз рӯи маълумоти мо, дар байни захмиён шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Вале аз 7 нафаре, ки ҷон ба Ҳақ таслим карданд, то ҳол 3 нафараш шиносоӣ шуда, 4 нафари дигараш дар ҳолати муайянкунӣ қарор доранд ва ҳанӯз маълум нест, ки шаҳрванди куҷоанд.
Озодӣ: Имкон дорад, ки дар байни онҳо ҳам бачаҳои тоҷик бошанд?
- Мумкин бошанд ҳам, мо феълан чизе гуфта наметавонем. Баробари фаҳмидани хабари ин сӯхитор кормандони сафорат ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд ва чун хабари наве пайдо шумд, мо ҳатман намояндагони матбуотро дар ҷараён хоҳем гузошт."
Гуфта мешавад, дар ин сохтмон як гурӯҳи бузурги муҳоҷирон аз Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар пойтахти Русия ба ҳайси кӯчарӯб кор мекарданд, ба сар мебурданд.
Сафорати Қирғизистон дар Маскав гуфт, дар натиҷаи сӯхтор 4 шаҳрванди қирғиз, бо шумули як зани ҳомила ва ду кӯдаки яке 3-сола ва дуввумӣ 6-сола ба иллати танаффуси дуд ба бемористон мунтақил шудаанд.
Ҷонибек Қаримшоқов, котиби аввали сафорати Қирғизистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз ин атбои бистаришудаи Қирғизистонро алакай аз бемористон рухсат додаанд, вале Нуроим Алмамбетоваи ҳомила ва ду кӯдак таҳти назорати пизишкон боқӣ мемонанд.
Ҷаноби Қаримшоқов: "Яке аз муҳоҷирони қирғиз ба кӯмаки мардуми дар байни оташ дармонда шитофта, се тоҷикро аз таҳхона берун мекашад. Дасту пои ӯро аз чанд ҷо шиша мебурад, вале ӯ зиндаву саломат аст. Дар ин сӯхтор 7 нафар ҷон бохтанд, ки ба маълумоти мо, аксар шаҳрвандони Тоҷикистонанд. 4 муҳоҷири қирғиз, бо шумули як зани ҳомила ва ду кӯдак бистарӣ шудаанд. Ин атфол феълан дар бемористони Филатов қарор доранд. Вале дар байни ҳалокшудаҳо, хушбахтона, қирғизҳо нестанд."
Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, дар робита ба ин мавриди оташсӯзӣ, ки мунҷар ба ҳалокати 7 нафар шуд, тибқи банди "ҳалокати афрод бар асари беэҳтиётӣ" парвандаи ҷиноӣ кушода, ба таҳқиқи қазия шурӯъ кардааст.
Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, дар робита ба ин мавриди оташсӯзӣ, ки мунҷар ба ҳалокати 7 нафар шуд, тибқи банди "ҳалокати афрод бар асари беэҳтиётӣ" парвандаи ҷиноӣ кушода, ба таҳқиқи қазия шурӯъ кардааст...