Ахиран мақомоти Душанбе зимни дастуре аз ниҳодҳои зирабт хоста буданд, ки аз фурӯши рӯзномаҳо дар ҳолати ба истилоҳ санитарӣ ва дар рӯи замину роҳравҳоро дар хиёбонҳои Душанбе ҷилавгирӣ кунанд ва дар баробари ин барои ба роҳ мондани фурӯши нашрияҳо бо шароити беҳтар ва муосир имкон фароҳам намоянд.
Сардабирони рӯзномаҳо мегӯянд, ҷилавгирӣ аз фурӯши рӯзномаҳо дар ҷодаҳои аслӣ ва роҳгузарҳои марказии Душанбе боис шудааст, ки дар расидани нашрияҳо ба дасти мухотабон мушкил эҷод шавад.
Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи «Озодагон» дар ин замина мегӯяд: «Роҳи асосии кор ва рафту омади мардум дар ҳамон хиёбони асосӣ аст. Вақте дар ҳамон кӯчаи асосӣ фурӯшро манъ карданд, табиист, ки ба тираж таъсир мерасонад. Яъне мо эҳсос кардем, ки ба тиражи мо таъсир расида. Бояд як роҳи ҳалле пайдо шавад, ё шаҳрдорӣ иҷоза диҳад, ки дар ун ҷоҳо киоск гузошта шавад ё ягон роҳи дигар, зеро бо манъ кардан ҳиҷ муроде ҳосил намешавад».
Аммо мақомоти шаҳрдорӣ мегӯянд, иқдоми мақомот дар мавриди танзими фурӯши ҷодаӣ танҳо марбути рӯзномаҳо нест, балки ҳадаф аз он танзими фурӯши ҷодаӣ, аз ҷумла фурӯши рӯзномаҳо дар болои замину роҳравҳо аст ва расм кардани рӯзномафурӯшӣ бо шароити муосир аст.
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе дар ин замина мегӯяд: «Дар ин ҷода дар шаҳри Душанбе ҳеҷ мушкиле нест. Барои он, ки ҳамаи он гузаргоҳҳои зерзаминҳое, ки дар шаҳри Душанбе ҳастанд барои аз сӯи муассисони рӯзномаҳо ба иҷора гирифтан ва ташкили дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ аз сӯи шаҳрдорӣ вобаста карда шудааст. Дар маҷмаъи манзилии «Пойтахт-80» дар қабати аввал ва таҳхонаи он ҷойҳои махсусе барои фурӯши рузномаҳо ихтисос дода шудааст. Ва дар ҳамкорӣ бо сектори соҳибкорӣ, ҳамаи он супермаркетҳо вобаста шудаанд, ки сектори рӯзнома ва маҷаллафурушӣ таъсис шавад. Аз ҷониби шаҳрдорӣ манъ карда шудааст, фақат дар кӯчаҳо, дар рӯи замин ба савдо гузоштани рӯзномаҳо. Аммо фурӯхтани рӯзнома тавассути борхалтаи ҳамроҳ, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳаст, иҷоза ҳаст. Ҳамзамон онҳо иҷоза доранд, ки бо истифода аз хадамоти нақлиёти ҷамъиятӣ низ рӯзномаҳоро ба фурӯш бигузоранд».
Аммо ба гуфтаи масъулини расонаҳо, фурӯшандаҳои рӯзномаҳо дар бархе маҳаллаҳо шикоят кардаанд, ки милисаҳо аз фурӯши нашрияҳо тавассути борхалтаи ҳамроҳ низ дар баъзе маврид ҷилавгирӣ мекунанд.
Акбари Саттор, раиси ИЖ Тоҷикистон вуҷуди мушкили пешомада дар пахши нашрияҳо тайид мекунад, вале мегӯяд, ин бештар бардошти нодуруст ё сӯистифодаи бархе масъулини минтақаӣ ва маҳаллӣ аз дастури шаҳрдорӣ дар мавриди танзими савдои ҷодаист. Оқои Саттор мегӯяд, ҳадаф аз иқдоми шаҳрдорӣ маҳдуд намудани фурӯши нашрияҳо нест: «Ҳеҷ кас газетафурӯширо манъ накардааст. Аз ҷониби мақомоти шаҳрдорӣ дар мавриди танзими саводи кӯчагӣ дастур шудааст. Аммо он нафарони иҷрокунанда инро нодуруст фаҳмидаанд. Ва имрӯз дар баробари носфурӯшу донафурӯшҳо рӯзномафурӯшҳоро ҳам аз кӯчаҳо берун мекунанд, ки ин ғайри қонунист. Зеро аз ҷониби шаҳрдорӣ ягон хел қарор дар ин маврид нест. Аз сӯи дигар бархе рӯзномафурӯшҳо ҳам қоидаро вайрон мекунанд, ба рӯи роҳҳо мебароранд, онҳо ҳам бояд ҷойи худашонро ёбанд ва ин кор бояд танзим ёбад».
Аммо ҳоло масъала ба ҳар гунае, ки матраҳ шуда ва пеш омада бошад, воқеъият ин аст, ки нашрияҳо дар расидан ба дасти хонанда мушкил пайдо кардаанд. Ва аз сӯи дигар, ба гуфтаи масъулини рӯзномаҳо, теъдоди нашрияҳо коҳиш доштааст, ки ин зарбаи молие ба тавони бе ин ҳам заъифи нашрияҳост. Ин ҳам дар ҳоле, ки қариб ҳамаи ҳафтаномаҳои мустақил ва бо нуфузи Тоҷикистон даргири баҳсҳои додгоҳӣ бо мақомоти давлатӣ ҳастанд.
Масъулини расонаҳо умедворанд, ки роҳандозии як хадамоти алтернативии пахши нашрияҳо, ки таъсис шудааст, хоҳад тавонист кори тавзеъи рӯзномаҳоро осон ва зиёни маҳдудияти фурӯши ҷодаиро ҷуброн кунад. Аксари нашрияҳои Тоҷикистон дар пойтахт ва ё шаҳрҳои бузург паҳн мешавад. Дар замони шӯравӣ, хадамоти почтаи саросарӣ ба дуруфтодатарин нуктаи Тоҷикистон нашрияҳоро мерасонад, феълан низ ин хадамот бо номи «Почтаи тоҷик» вуҷуд, аммо имконе дар ихтиёр надоранд.
Масъулини расонаҳо мегӯянд, почтаи алтернативии тавзеъи рӯзномаҳо, ки бо сармоягузории созмонҳои байналмилаӣ таъсис шудааст, қарор аст, сар аз моҳи оянда ба кор оғоз кунад. Аммо Акбари Саттор мегӯяд, муваффақияти кори ин почта боз ҳам ба имконоти молӣ ва муносибат бо шаҳрдорӣ ва ҳукумат вобаста хоҳад буд.