Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии масеҳиён аз қонуни масъулияти волидон


Масеҳиёни Қӯрғонтеппа мегӯянд, тарҳи қонуни масъулияти волидон озодиҳои мазҳабиро маҳдуд хоҳад кард.

Николай Голуб, рӯҳонии танҳо ибодатгоҳи масеҳиёни православ дар Қӯрғонтеппа, банди тарҳи ин қонун, ки вуруди афроди зери синни 18-ро ба муассисаҳои динӣ, аз ҷумла ибодатгоҳ, манъ мекунад, ғайри қобили қабул донист.

Ҷаноби Голуб, ки бо "Озодӣ" сӯҳбат мекард, афзуд, "агар лоиҳаи мазкурро вакилони парлумон дар ҳамин шакл ба тасвиб расонанд, бисёре аз шаҳрвандони ғайримусулмон маҷбур мешаванд, ки аз кишвар берун раванд."

Николай Голуб, рӯҳонии ибодатгоҳи масеҳиёни православ дар Қӯрғонтеппа
Пешвои масеҳиёни Қӯрғонтеппа гуфт, дар Шӯравии пешин, ки озодиҳои эътиқодии шаҳрвандон маҳдуд шуда, равуои мардум ба масҷиду ибодатгоҳу канисаҳо гусаста гардида буд, ҳатто коммунистон ҳам пинҳонӣ ибодат мекарданд ва пойбанди фарҳангу эътиқоди диниашон боқӣ монданд.

“Чунки инсонҳо мехоҳанд чеҳраи миллии худро ҳифз кунанд. Набояд озодиҳои диниву мазҳабӣ ва ақидавӣ маҳдуд шаванд. Аммо вақте қонунҳо шадидтар мешаванд, одам дар пешорӯи интихоб қарор мегирад, яъне бояд “гардан фарорад” ё итоат накунад. Агар итоат накунад, водор мегардад, ки тарки кишвар карда, озодиҳои маҳзабиашро дар ҷойи дигар ҷӯё шавад”,-афзуд Николай Голуб.

Ин пешвои масеҳиён гуфт, беш аз 200 сокини водии Вахш ба ибодатгоҳи онҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа омада, фаризаҳои диниашонро анҷом медиҳанд ва теъдоди кӯдакону наврасон ҳам дар миёни онҳо кам набудааст.

Алина Позднякова, ороишгари ибодатгоҳи православии Қӯрғонтеппа, мегӯяд, мувофиқ ба дини масеҳӣ, тифлони навзодро барои ғусли таъмид ва насоро кардан ба ибодатгоҳу калисо мебаранд. Баъд аз ғусли таъмид яке аз шартҳои аслии пайравони дини масеҳӣ зиёрати доимии ибодатгоҳ будааст.

Алина Позднякова, як пайрави мазҳаби масеҳӣ
Вай гуфт, “ин лоиҳа хеле даҳшатбор ба назар мерасад. Комилан мухолифи қабули ҳамин лоиҳаи қонун ҳастам. Бубинед, Худованд ишқ аст. Ҷумла инсонҳо ошиқи Худованд ҳастанд ва ӯро бояд парастиш кунанд. Кӯдакону ҷавонон бояд ба ибодатгоҳу масҷидҳо бираванд, то худотарсу маданӣ шаванд. Агар мо фарзандони худро ба ибодату худошиносӣ ва хидмат ба Худову мардум ташвиқ накунем, оянда онҳо нисбат ба одамон бераҳм мешаванд, волидони худро эҳтиром намекунанд, ҳеҷ чизи муқаддас барояшон намемонад. Дар он сурат ҷомеа ва тамаддунро чӣ интизор хоҳад буд, ҳатто ба сараш андеша кардан ваҳим аст.”

Светлана Бугакова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, агар тарҳи қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ба ҳамин шакл қабул шавад, вай барои, ба гуфтаи худаш, наҷоти фарзандон, тарки кишвар хоҳад кард:
“Лоиҳаи қонун ҳарчанд дар маҷмӯъ бад нест ва зарурӣ ҳам ҳаст, аммо набояд монеи вуруди фарзандони мо ба ибодатгоҳ шавад. Лоиҳа бояд такмил гардад. Агар то 18-солагӣ кӯдаконро ба ибодатгоҳу масоҷид роҳ надиҳем, онҳо тамоман аз дину мазҳаб дур хоҳанд шуд. Шояд имонашонро аз даст бидиҳанд. Аз ин рӯ, барои ҳифз кардани фарзанди худ бояд ӯро аз қаламрави Тоҷикистон берун бурда, он ҷо, ки монеа нест, таълимоти динӣ бидиҳем.”

Светлана Бугакова
Аммо на ҳама сокинони рустабори маҳаллӣ хоҳиш ва ҳам имкони воқеии тарки Тоҷикистонро доштаанд.

Виктор Дрягунови 70-сола мегӯяд, сар аз соли 1961 дар Қӯрғонтеппа ба сар бурда, Тоҷикистонро ватани аслии худ мешуморад. Вай афзуд, тамоми фарзандону наберагонаш дар Тоҷикистон, дар ибодатгоҳи масеҳиён ғусли таъмид шуда, аз обидони доимии ибодатгоҳ ҳастанд.

Дар зимн, ҷаноби Дрягунов низ аз эҳтимоли қабули лоиҳаи қонун ва дар оянда манъ шудани равуои кӯдакону наврасон ба муассисоти динӣ нороҳат аст: “Ҷонибдори чунин мамнӯъият нестам. Дар замони Шӯравӣ ҳам ҳама дар хона таълимоти динӣ мегирифтанд ва шояд як сабаби аслии болошавии батадриҷи мавҷи эътирозҳои мардум ҳам ҳамин хел маҳдудиятҳо буд. Умед дорам, ки раисиҷумҳур як чунин қонунро мавриди амал қарор нахоҳад дод.”

Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, тарҳи қонуни масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд, ба ваҷҳи умум, танҳо ба танзим ё контроли ҷомеаи мусалмонони кишвар марбут буда, аслан манъи ҳузури афроди то 18-сола дар муассисоти динии исломӣ, яъне масҷидҳоро дар назар дорад.

Аммо дар сурати қабули ин лоиҳа, амалан, пайравони то 18-солаи тамоми адён дар Тоҷикистон аз ҳаққи вуруд ба масҷиду ибодатгоҳу калисо ва канисаҳо маҳрум хоҳанд шуд.

Виктор Дрягунов
Нигаронии ҷомеаи масеҳиёни Қӯрғонтеппа аз банди ин лоиҳаи қонун дар ҳолест, ки пайравони ин дин аз эҳтимоли комилан тахриб шудани ягона ва кӯҳантарин ибодатгоҳи православӣ дар минтақа изҳори нороҳатӣ мекунанд.

Тасмимгириҳои шаҳрдории Қӯрғонтеппа барои бозсозии хиёбонҳои марказӣ ва барҳамзании биноҳои дар "хатти сурх" қарордошта, аз он миён тахриби ибодатгоҳи православӣ дар миёни ҷомеаи русзабонони Хатлон вокунишҳои шадид ба бор овардааст.

Николай Голуб, рӯҳонии ин ибодатгоҳ, мегӯяд, ҳарчанд ҳоло дар канори бинои ибодатгоҳ бо кӯмаки молии рустаборони маҳаллӣ ва афсарони дивизияи 201-уми Русия, мустақар дар Қӯрғонтеппа, бинои наве сохта мешавад, аз се ду ҳиссаи қаламрави ибодатгоҳ аллакай тахриб шудааст.

Тахриби қисмате аз ибодатгоҳи масеҳиёни православӣ, ки ба гуфтаи масъулони ҳукумати маҳаллӣ, дар рӯйи “хатти сурх” воқеъ аст, дар чаҳорчӯби тарҳи бозсозии шаҳри Қӯрғонтеппа анҷом шудааст. Ибодатгоҳи мазкур дар миёнаҳои солҳои 20-уми қарни гузашта бунёд гардида, феълан он ҳудуди 2 ҳазор ибодаткунанда дорад.
XS
SM
MD
LG