Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти амир ва 7 узви Ҳизби таҳрир


Додгоҳи шаҳри Душанбе Юсуфҷон Ҳафизовро, ки амири шабакаи Ҳизби таҳрир дар Тоҷикистон шумурда мешавад, ба 18 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳамроҳ бо Ҳафизов 7 нафари дигар Камолхон Салоҳиддинов, Собирҷон Абдулҳомидов, Давлатёр Қурбонов, Толиб Нуров, Солеҳ Раҳмонов, Алиҷон Юсуфов ва Абдураҳмон Каримов, барои муддатҳоои мухталиф (аз 6 то 17 сол) аз озодӣ маҳрум шуданд. Онҳо сокинони ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Ғафуров ва Хуҷанд будаанд.

Ин афрод ба узвият дар созмони мамнӯъи Ҳизб-ут-таҳрир ва ҳамкорӣ бо он, ангезиши адовати нажодӣ ва динӣ ва ҳамчунин даъват ба тағйири низом бо роҳи зӯрӣ муттаҳам шудаанд.

Аммо наздикони маҳкумшудаҳо аз ҳукми додгоҳи норозӣ ҳастанд ва мегӯянд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ фарзандони онҳо кӯшиши миллатгароӣ, нажодпарастӣ ва ё табадулоти давлатӣ надоштаанд .

Додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе, Муҳаббат Шамсиддинова, ки ҳукмро қироат намуд, мегӯяд, Юсуфҷон Ҳафизов бо амри амири кулли Созмони Ҳизби таҳрир Ато ибни Абдуруштӣ дар қаламрави Тоҷикистон амир таъин шудааст.



Вале наздикони Ҳафизов мегӯянд, ки вай амир набуд, вале яке аз масъулони ҳизби мамнӯъ дар Тоҷикистон ба шумор мерафт.

Яке аз наздикони маҳкумшудаҳо, Улмасҷон Бойбобоев гуфтааст, модарони афроди маҳкумшуда ба созмонҳои байналмилалӣ муроҷиат кардаанд, ки фаразандонашон бо гуноҳҳое, ки накардаанд, маҳкум шудаанд ва ноҳақ ҷазои сангин гирифтаанд.

Фаъолияти Ҳизб-ут-таҳрир дар Тоҷикистон аз соли 2001 мамнӯъ буда, ду сол пеш Додгоҳи олии Тоҷикистон ин гурӯҳро ба рӯйхатти созмонҳои тундгаро шомил кард. Гуфта мешавад, Ҳизбу-ут-таҳрир барнома дорад, ҳукуматҳои дунявии Осиёи Марказиро сарнагун ва дар ин қаламрав як хилофати исломӣ бунёд кунад.
XS
SM
MD
LG