Маским Пешков, ки дар гузашта сафири Русия дар Душанбе низ буд, имрӯз 9 декабр ин суханонро дар ҳошияи ҳамоиши "Тоҷикистон ва Русия 2010" дар пойтахти Тоҷикистон баён дошт ва гуфт, бозгашти марзбонони рус аз мавзуҳои матраҳ дар музокира байни ду кишвар аст.
Максим Пешков гуфт: "Ин феълан мавриди музокирот аст. Агар тарафи тоҷикӣ пешниҳод кунад, ки марзбонони мо биёянд иҷо, чаро не. Зеро авзои Афғонистон ҳамчунон беҳдуд наёфтааст ва марзҳоро ба ҳар навъе бояд тақвият бахшид ва амниятро таъмин намуд".
Нерӯҳои марзбонии Русия то соли 2005 ҳимояти марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро ба ӯҳда доштанд.
Аммо бар асоси созишномаи ду кишвар ва поён ёфтани замони ҳузури ин нерӯҳо дар соли 2005 нерӯҳои Русия аз марзи Тоҷикистон ва Афғонистон берун шуданд. Феълан танҳо мушовирони марзбонии Русия дар ҳавзаҳои марзӣ боқӣ монданд.
Тоҷикистон ва Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак доранд.
Тафсилоти бештар нашр мешавад.