Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, гуфтааст, базудӣ аз ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон хоҳад хост, то бо сафаре ба Кобул биёяд. Оқои Аҳмадзай аз ҷузъиёти ин даъваташ чизе ба забон наоварда ва нагуфтааст, дар ин дидор бо Эмомалӣ Раҳмон чӣ масоилеро баррасӣ хоҳанд кард.
Аммо дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, Ашрафғанӣ Аҳмадзай ин ҳарфҳоро дар мулоқти рӯзи ҷумъааш бо сафирони ин кишвар дар Эрон, Покистон, Чин, Ҳинд, Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон баён кардааст. Дар ин мулоқот Салоҳуддин Раббонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон ва Абдулғафури Орзу, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон низ ҳузур доштаанд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар мулоқоти Ашрафғанӣ Аҳмадзай сафирон дар мавриди чигунагии равобит бо ҳамсояҳо ва тасвире, ки аз Афғонистон дар ин кишварҳо вуҷуд дорад ва корҳои анҷомшуда маълумот ироа карда ва пешниҳодҳояшонро барои густариши бештари равобит миёни Афғонистону ин кишварҳо баён кардаанд.
Ашрафғанӣ Аҳмадзай гуфтааст, ҳалқаи аввали сиёсати хориҷии кишварашро ҳамсояҳо, ба шумули Ҳинд ташкил медиҳанд ва дар ҳоли ҳозир равобити Кобул бо кишварҳои ҳамсоя ҳамаҷониба буда ва дар ҳоли тағйир аст. Ӯ ҳамзамон дар ин мулоқот таъкид кардааст, Афғонистон хатаре ба ҳеч кишвар, хусусан кишварҳои ҳамсоя нест ва нахоҳад буд. Ин аст аст, ки ӯ аз масъулони вазорати умури хориҷии кишвараш хостааст, то бикӯшанд тасвири воқеии Афғонистонро ба намоиш гузоранд.
Раиси ҷумҳури Афғонистон дар ҷараёни ин мулоқоташ дар мавриди сафари қарибулвуқӯи худ ба Эрон ва Ҳинд сӯҳбат карда ва ҳамчунон гуфтааст, ба зудӣ аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон даъват хоҳад кард, то ба Афғонистон сафар намояд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори ахир дар Наврӯзи соли гузашта ва дар замони раҳбарии Ҳомид Карзай ба Кобул сафар карда буд. Оқои Аҳмадзай то кунун аз Чин, Покистон ва Туркманистон дидан намудааст.
Пас аз сари қудрат омадани ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар пайи як интихоботи ҷанҷолбарангез, то кунун ҳеч яке аз мақомоти баландпояи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон аз Душанбе боздид накардааст.
Сафари як мақоми баландпояи афғон ба Тоҷикистон дар моҳи декабри соли гузашта иттифоқ афтода буд. Абдурауф Иброҳимӣ, раиси Шӯрои миллӣ ё палатаи поёнии парлумони Афғонистон бо даъвати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба ин кишвар сафар кард ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон ва дигар шахсони расмӣ дидору гуфтугӯ кард.
Сафари расмии Абдурауф Иброҳимӣ ба Тоҷикистон дар ҳоле буд, ки охири моҳи октябр Шукурҷон Зуҳуров, дар раъси ҳайате мақомоти тоҷик дар маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳур ва раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон иштирок карда буд. Ба дунболи маросими савгандёдкунии Ашрафғанӣ Аҳмадзай ба унвони раиси ҷумҳур, сафири Тоҷикистон дар Кобул Шарофиддин Имомов низ бо ӯ мулоқот анҷом дода буд.
Афғонистон, ҳамсояи наздик ва ҳаммарз дар тӯли беш аз 1300 км бо Тоҷикистон аст. То кунун байни Тоҷикистону Афғонистон болои рӯдхонаи Панҷ расман панҷ пул (пулҳо дар Панҷи Поён – “Дӯстӣ”, Ишкошим, Хоруғ (Тем), Дарвоз (Рузвай) ва Ванҷ (Хумроғӣ) сохта шудааст. Соли 2011 хатти интиқоли барқи 220 кВ Сангтуда-Пули Хумрӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар Тоҷикистон айни ҳол 85 ширкати афғонӣ фаъолият мекунад. То имрӯз миёни Тоҷикистон ва Афғонистон 68 созишнома ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расидааст. Ба иттилои расмӣ мубодилоти коло миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар муқоиса ба солҳои пеш се маротиба афзудааст ва ба ҳудуди 150 миллион доллари амрикоӣ расидааст.