Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроне, ки аз сӯҳбатҳои динӣ мегурехт, Сурия рафтааст


Ноҳияи Ҳамадонӣ
Ноҳияи Ҳамадонӣ

Вазорати корҳои дохили Тоҷикистон аз пулиси байналмилалӣ хост, донишҷӯи соли савуми Академияи кишоварзии Ивановои Русияро, ки ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» пайвастааст, боздошт кунад.

Номи ин донишҷӯро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ошкор карданд. Онҳо мегӯянд, Комрон Хоҷаев, шаҳрванди Тоҷикистон ва сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дар соли савуми таҳсилаш дар Русия ба гурӯҳи тундгаро шомил шуда, ба Сурия рафтааст.

Бахтиёр Аминзода, сардори Шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 3 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари пайвастани Комронро ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» тасдиқ кард ва гуфт, ба ин сабаб ҳоло ӯ зери пайгарди Интерпол қарор гирифтааст. Ба гуфтаи Аминзода, дар шаш моҳ соли 2015 ҳафт сокини ин ноҳия ба гурӯҳи тундравӣ ДИИШ пайваста, яке аз онҳо донишҷӯ буда ва дигаре бо зан ва се фарзанди ноболиғаш ба Сурия рафтаанд. Ӯ мегӯяд, нисбати ин ҳафт нафар парванда боз шудааст.

«Комрон дар Академияи муҳандисии хоҷагии қишлоқи шаҳри Иваново таҳсил мекард, рӯзи 27 феврал аз фурудгоҳи Домодедовои Маскав ба Туркия парида, аз онҷо ба сафи гурӯҳи тундрав пайвастааст. Ҳоло аз ноҳияи Ҳамадонӣ ҳафт нафар дар Сурияву Ироқ қарор дошта, як нафари онҳо бо зан ва се кӯдакӣ ноболиғаш рафтааст,» --гуфт Бахтиёр Аминзода.

7 сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ба гурӯҳи "давлати исломӣ" пайвастаанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Дар бораи ифротгаро шудани Комрон дар ҳоле сӯҳбат мекунанд, ки ҳамдеҳагонаш мегӯянд, вай умуман аз дин хабаре надошт ва падару модар ӯро ба гуна парвардаанд, ки мазҳабӣ набошад.

Баҳриддин, як ҳамдеҳаи Комрон дар суҳбат ба Озодӣ гуфт, ки хабари ба «Давлати исломӣ» ҳамроҳ шудани шахсе мисли Комрон барояш такондиҳанда аст. Ба гуфтаи Баҳриддин, замоне ки дар миёни ҷавонон аз дин ё мазҳаб сӯҳбат мешуд, Комрон аз онҷо рӯ ба фирор меовард. Ӯ мегӯяд, баъди хабари пайвастани ин ҷавон падару модар ҳоло деҳаро тарк карда, дар Душанбе маскан гирифтаанд.

«Бовар кунед, ҳама ҳамсояҳо мегӯянд, ки ин чӣ хел Комрон ба Сурия рафт. Агар дар ягон ҷо амри маруф ё ягон чизи дигар ба дин рабт медошт, ӯ мегурехт. То ҳол бисёриҳо ба ин хабар бовар надоранд,» --гуфт мусоҳиби мо.

Ҳоло тибқи иттилои расмӣ 7 донишҷӯ аз Русия ва 11 дониишҷӯи мактабҳои олии Тоҷикистон ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» пайвастаанд. Дар пайи ин аксар падару модарон дар минтақаи Кӯлоб дигар нахостанд фарзандонашон барои таҳсил ба Русия раванд. Ҳарчанд мо талош кардем, бо падари Комрон, Рустам Хоҷаев дар тамос шавем, аммо ӯ ба зангҳои пай дар пайи мо ҷавоб нагуфт.

Сулаймон, як сокини ноҳияи Фархор баъд аз шунидани хабари пайвастани ду донишҷӯ ба тундгароён, аз фарзандонаш хост, таҳсилро дар Русия қатъ ва дар Тоҷикистон идома диҳанд. Ба гуфтаи Сулаймон, ду фарзандаш дар бахши муҳандисии Донишгоҳи Технологии шаҳри Иваново, донишгоҳе, ки Комрон дар он мехонд, таҳсил мекардаанд ва ӯ аз онҳо хост, ба ватан баргарданд.

Аз манотиқи Кӯлоб дар ҷангҳои Ховари Миёна наздики 70 нафар ширкат мекунанд, ки бештари онро ҷавонони аз 20 то 30-солаанд. Раёсати умури дохилии минтақаи Кӯлоб як ҳафта қабл дар нишасти матбуотиаш гуфт, ки онҳо дар як ҳафтаи ахир пайвастани ҳафт ҷавонро ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» ошкор карда, нисбаташон парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

XS
SM
MD
LG