Коргардони шинохташудаи тоҷик Сафарбеки Солеҳ, ки яке аз чаҳор узви ҳайати доварони ин ҷашнвора аст, мегӯяд, расми ифтитоҳи фестивол дар шаҳрдории Везул бо шаҳомати хос ва ширкати сафирони кишварҳои осиёӣ баргузор шуд. Сипас дар ду маҷмаъи синамоии шаҳр намоиши филмҳо оғоз ёфт, ки то 5-уми феврал идома мекунад.
Сафарбек мегӯяд, бар замми вазифаи доварӣ вай ҳамчунин масъули барномаи вижаи намоиши филмҳои тоҷикист ва ҳар кадоми онҳоро ба бинандагон муаррифӣ мекунад. Ба гуфтаи вай намоиши 10 филми тоҷикӣ дар байни 70 филм аз ҳамаи кишварҳои қораи Осиё аввалин лоиҳаи шиносоии бинандаи аврупоӣ бо синамои Тоҷикистон мебошад.
Коргардони тоҷик барномаи сафари худро дар Аврупо идома дода, баъд аз поёни ҷашнвораи Везул дар яке аз донишгоҳҳои Порис бо донишҷӯён мулоқот мекунад ва филмҳои худро намоиш медиҳад. Баъдан вай бо ҳамкории Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва Ҷамъияти дӯстии Олмону Тоҷикистон дар шаҳри Берлин низ мулоқот ва намоишҳо барпо хоҳад кард.
Барои шунидани гуфтугӯи мо бо коргардони тоҷик Сафарбеки Солеҳ ба гушаи мултимедиаи дар кунҷи боло ва рости ин сомона руҷӯъ кунед.
Бо вуҷуди он ки ҳамсӯҳбати мо аз вазъи имрӯзаи синамои тоҷик ношод аст, инро ҳам зикр мекунад, ки коргардонҳое монанди Ҷамшеди Усмон ва Бахтиёр Худойназаров дар берун аз кишвар ба комёбиҳои ноил шудаанд. Яке аз филмҳои ҳунарии худи Сафарбек -- "Тақвими интизорӣ" низ дар берун аз Тоҷикистон муваффақият пайдо кардааст. Порчае аз ин филмро ин ҷо метавонед, тамошо кунед.
Сафарбек мегӯяд, бар замми вазифаи доварӣ вай ҳамчунин масъули барномаи вижаи намоиши филмҳои тоҷикист ва ҳар кадоми онҳоро ба бинандагон муаррифӣ мекунад. Ба гуфтаи вай намоиши 10 филми тоҷикӣ дар байни 70 филм аз ҳамаи кишварҳои қораи Осиё аввалин лоиҳаи шиносоии бинандаи аврупоӣ бо синамои Тоҷикистон мебошад.
Намое аз филми "Тақвими интизорӣ"