Иди саиди Қурбон дар Тоҷикистон бо намози идона дар ҳамаи масоҷиди ҷомеъи кишвар оғоз ёфт.
Маъмулан, нахустин табрики ид дар Тоҷикистон субҳ бо садои кӯдакон оғоз мешавад, ки дари хонаҳоро мекӯбанд ва дар ивази муборакбодӣ тӯҳфаҳои идона мегиранд. Мардум рӯзи ид ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд.
Аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон Иди Қурбон дар кишвар рӯзи таътил аст.
Радиои Озодӣ кулли мардуми Тоҷикистонро бо ин иди саид табрик мегӯяд ва хушиҳои зиндагиро орзу мекунад.