Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар канори ҳисоботи расмии ҳукумати кишвар ба Кумитаи Созмони Милал оид ба ҳуқуқҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гузориши алтернативии худро пешниҳод кардаанд, ки дар он вазъи ҳуқуқи занон, кӯдакон, хонаводаҳои камбизоат, муҳоҷирони корӣ ва ҳамчунин маълулон бозтоб ёфтааст.
Дар ин гузориш, ки аз сӯи 8 созмони ҳуқуқи инсон таҳия шудааст, аз ҷумла омадааст, ки то кунун дар бозори кори Тоҷикистон табъизи ҷинсӣ зиёд ба назар мерасад ва занони тоҷик ҳам бештар ба корҳое ҷалб мешаванд ки даромади кам доранд. Аз сӯи дигар хушунати хонаводаӣ то кунун яке аз мушкилоти доғ боқӣ монда, қабули қонуни махсус низ ба иллати монеаҳои татбиқи он натавонистааст вазъро тағйир диҳад.
Муаллифон дар гузориши мазкур ҳамчунин ба бисёрникоҳӣ ва никоҳҳои пешазвақт дар Тоҷикистон ишора кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо, ба вазъи занон дар кишвар таъсири манфӣ гузоштааст.
Нодира Абдуллоева, як масъули Маркази ҳуқуқи инсон, ки дар таҳияи ин гузориш саҳм дорад, рӯзи 30 май ба радиои "Озодӣ" гуфт, камбизоатӣ, авҷи муҳоҷират ва ҳамчунин таҳкими эътиқоди динӣ боиси он шудааст, ки бисёрникоҳӣ ва никоҳҳои бармаҳал дар Тоҷикистон амиқан реша давонад.
Хонум Абдуллоева афзуд, «ин равандҳо беш аз пеш ба мушкилоти иқтисодӣ вобастагӣ дорад. Зеро бо он ки занон дар аксари ҳолатҳо ҷойи кор, манбаи даромад надоранд ба чунин никоҳҳо розӣ мешаванд. Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба ҳамин масъала таваҷҷӯҳ кард, ки оё то куҷо ин ба суннатҳои фарҳангии мардуми тоҷик пайвандӣ дорад ва то кадом андоза ҳукумати кишвар барои ҷилавгирӣ аз ин раванд ва тағйир додани афкори мардум дар ин бора талош мекунад.»
Дар ин видео мушкили дастрасии мардум ба оби ошомиданӣ инъикос ёфтааст.
Дар ин баробар созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар гузориши худ аз дастрасӣ надоштани сокинони деҳот ва навоҳии аз ҷиҳати иқтисодӣ номуваффақ ба хадамоти хуби тиббӣ, барқ ва оби поки ошомиданӣ изҳори нигаронӣ кардаанд. Онҳо аз ҷумла мисол меоранд, ки масрафҳои давлат барои тандурустӣ аз рӯи омори соли 2010 ҳамагӣ ду дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар бар гирифта, барои сокинони рустоҳҳо дар моҳҳои зимистон ҳамагӣ 5 соат барқ дода мешавад ва ҳамчунин наздики 40 дарсади аҳолӣ аз оби тоза маҳруманд.
Дар ҳамин ҳол Гулчеҳра Раҳматова, ҳомии дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон мегӯяд, як бахши ин гузориш ба мушкилоти таҳсил дар Тоҷикистон бахшида шудааст, ки гуфта мешавад аксаран кӯдакон аз хонаводаҳои нодор ба далели иқтисодӣ имкони гирифтани дониши босифатро надорад. Гулчеҳра Раҳматова ба ҷанбаи дигари масъала таъкид мекунад.
Ӯ мегӯяд, «ҳоло дар мактабҳои пойтахт барои гузаштани дарсҳои иловагӣ миёни падару модар ва худи мактаб шартнома баста мешавад, ки маблағи он аз 30 то 50 сомониро ташкил мекунад. Аммо бо вуҷуди он ки падару модар маблағро пардохт мекунанд, вале тасмими он ки кадом фанҳо ҳамчун дарси иловагӣ таълим дода мешаванд, на аз сӯи волидайн балки аз тарафи мактаб гирифта мешавад. Яъне назари волидайн ва худи кӯдак ба эътибор гирифта намешавад, ки ин низ як навъ нақзи ҳуқуқ маҳсуб меёбад.»
Тоҷикистон ҳар 5 сол як бор дар мавриди иҷрои Аҳдномаи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар назди Кумитаи СММ гузориш медиҳад ва ин созмон ба навбати худ тавсияҳои худро дар ҳалли ин ё он масъала ироа мекунад. Аммо Дафтари ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ки ахиран аз 40 тавсияи Созмони Милали Муттаҳид 11 банди муҳими онро таҳлил кардааст, мегӯяд, ки танҳо 5 тавсияи ин созмон ва он ҳам қисман иҷро ва 6 тавсияи дигар аслан қатъи назар шудаанд.
Мадина Усмонова, раҳбари маркази иттилоотӣ-таҳлилии дафтари ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар ин замина мегӯяд, «яке аз ин тавсияҳо дар робита ба истисмори ҷинсӣ дар Тоҷикистон буд, ки кумитаи Созмони Милал пешниҳод карда буд, ин амал ҳамчун ҷазои ҷиноӣ ва дар доираи қонунгузории вижае баррасӣ шавад. Дар кодекси ҷиноии мо ҳаст банде, ки тибқи он барои таҳдиду водор кардан ба муносибати маҳрамона, ҷазо пешбинӣ шудааст. Аммо махсус барои истисмори ҷинсӣ дар коргоҳ дар қонунгузории мо чизе гуфта нашудааст ва дар кодекси меҳнат ҳам дар ин бора чизе нест. Тавсияи дигар марбут ба хушунати хонаводагӣ ҳаст, ки Тоҷикистон қонун қабул кард, аммо тибқи он ба чунин ҷиноят ҷазои маъмурӣ пешбинӣ шудааст на ҷиноӣ. Ҳамчунин тавсеаҳо дар робита ба масоили куч додани иҷборӣ, таъмини мардум бо оби ошомидании марказонидашуда ва дастрасии маъюбон ба таҳсили баробар ҳам қисман иҷро шудааст.»
Гузориши созмонҳои иҷтимоӣ дар мавриди риоят нашудани ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии сокинони Тоҷикистон аллакай ба Кумитаи СММ дар Женева фиристода шуда, фасли охири он аз саволҳои мушаххасе иборат аст, ки посухи мақомоти Тоҷикистон ба онҳо мумкин аст, манзараро рӯшантар кунад.