Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамин заҳр аст, ки мо азоб мекашем". Мушкилоти зиёди собиқадорони Чернобил


Бибигул Саъдиева, як осебдидаи фоҷеаи Чернобил
Бибигул Саъдиева, як осебдидаи фоҷеаи Чернобил

Аз фоҷеаи Чернобил имрӯз, 26-уми апрел 38 сол пур шуд. Мисли дигар кишварҳои собиқи шӯравӣ, аз Тоҷикистон низ ҳазорҳо нафар дар бартарафсозии паёмадҳои ин садама ширкат карда, то ҳол ҷабри онро мекашанд.

Ҳарчанд мақомот аз пешниҳоди кӯмаку имтиёзҳо ба онҳо ситоиш мекунанд, вале дар чанд соли ахир ҳаҷми ҷубронпулиашон кам ва фарзандонашон аз баъзе имтиёзҳо маҳрум шудаанд.

Ғанӣ Раҳимов, сокини шаҳри Душанбе 40-сола буд, ки бе огаҳии пешакӣ ба комиссариати низомӣ даъваташ карданд. Танҳо дар Маскав фаҳмид, ки ӯ ва ҳамроҳонашро барои рафъи оқибатҳои фалокат дар нерӯгоҳи атомии Чернобил мебаранд. Вай рӯзи 25-уми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бештар аз 30 сол аст, ки ранҷи кор дар онҷоро мекашад.

Ғанӣ Раҳимов
Ғанӣ Раҳимов

“Таъсираш ҳамин, ки бисёр фаромушхотирам, қувват нест. Зоҳиран гӯё солим ҳастам, лекин қувват нест, пойҳо месӯзанд, даруни мағзи поям месӯзад. Заҳр аст охир, заҳр, ин табобатнашаванда аст, дар вуҷудат дар хунат тоб хӯрдан мегирад», - гуфт ӯ.

Бибигул Саъдиева ҳунарманди собиқи дастаи «Чаман»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон аз ҷабрдидагони дигари садамаи Чернобил аст. Соли 1986 дастаи занони рубобнавози онҳо ба Украина барои ширкат дар як ҷашнвора даъват шуда буд ва иттифоқан дар он шабурӯз неругоҳи атомии Чернобил оташ гирифт. Бибигул Саъдиева ва ҳамроҳонаш натавонистаанд сари вақт баргарданд ва як муддат онҷо консерти хайрия доданд. Бехабар аз онки заҳролуд мешаванд.

Собиқадорони Чернобил аз имтиёзи каму мушкилоти зиёд мегӯянд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00

“Ҷигар касал, меъда, рӯда, ҷоғар, чашмонам тамоман намебинанд, агар айнак намонам. Ин касалиҳо ҷигару пуст қати часпиданд. Он замон ба мо нагуфта буданд, ки ин ба фарзандони мо ҳам метавонад таъсир расонад. Ман аз шавҳарам ҷудо шуда будам, баъди бозгашт боз издивоҷ кардам. Ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд сахт азоб кашидам. Лекин намегуфтанд, ки ҳамин заҳр аст, ки шумо азоб мекашед», - гуфт Бибигул Саъдиева, сокини Душанбе.

Мақомот иддао доранд, ки ба собиқадорони рафъи оқибатҳои садамаи Чернобил кӯмаку имтиёзҳое пешбинӣ шудааст ва дар арафаи ҷашну идҳо ба онҳо кӯмак мекунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, онҳо метавонанд аз нақлиёти ҷамъиятӣ ройгон истифода баранд ва маблағи хидматрасониҳои коммуналиро ба ҷуз аз истифодаи неруи барқ 50 дарсад пардохт кунанд.

Бибигул Саъдиева ва чанде аз ҳамтақдиронаш мегӯянд, вазъи зиндагиашон чандон хуб нест ва кӯмаку имтиёзҳо ҳам нокофӣ мебошад.

Хонум Саъдиева афзуд, «700 сомонӣ нафақа мегирам. Бачаҳоям умуман кӯмакпулӣ намегиранд. Иҷоранишин будам, 2 сол шуд дар хонаи духтарам зиндагӣ дорам. Пули барқро пурра пардохт мекунем. Маблағи партову обу андозро 50 дарсад месупорем. Диагр имтиёз нест. Бисёр вақт маҷбур мешавам дари ҳукумату ягон вазорат рафта илтимос кунам, ки «дастгирӣ кунед». Онҳо мегӯянд, ки «дастгириро бояд ҷамъият кунад». Ҷамъият бошад, умуман кӯмак намекунад ва ҷавоби аниқ ҳам намедиҳад”.

Ҷубронпулӣ барои маъюбони ҳодисаи Чернобил кам шуда, фарзандони онҳо аз баъзе имтиёзҳо маҳрум шудаанд.

Фаридун Ҳакимов
Фаридун Ҳакимов

Фаридун Ҳакимов, раиси шӯрои ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи маъюбони Чернобил дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо талош мекунанд ба мушкилоти маъюбони фоҷеаи Чернобил расидагӣ кунанд.

“Дар як сол як маротиба ҷубронпулӣ барои саломатиро барқарор кардан мегирем. Пеш нархи роҳхатро барои 24 рӯз ҳисоб мекардем. Афсӯс, қариб 7 сол шуд 24 рӯз неву 12-рӯза пардохт мекунанд. Хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои давлатӣ ҳам ба маъюбони Чернобил, иштирокчиён, оилаи бесарпаноҳмонда ва фарзандон ройгон аст. Лекин муддати ду сол шуд дар тафтиши хун аз маъюбон маблағ намегиранду аз фарзандону оилаи бесаробонмонда мегиранд, афсӯс», - гуфт Фариддун Ҳакимов.

Дар ин ташкилоти ҷамъиятӣ гуфтанд, бо таваҷҷӯҳ ба вазъи иқтисодӣ-молии кишвар ҷубронпулии солонаи маъюбони Чернобил 50 дарсад кам шудааст.

Ба қавли раҳбари ин ташкилот, дар расидагӣ ба мушкилоти маъюбон дасткӯтоҳанд, зеро онҳо аз буҷа маблағгузорӣ намешаванд ва корашонро аз ҳисоби аъзоҳақии аъзоёнашон пеш мебаранд. Он бештар аз 1400 узв дошта, маблағи аъзоҳақӣ 10 сомонӣ будааст.

Нигарониҳо аз бетаваҷҷӯҳиву кӯмакҳои нокофӣ дар гузашта низ аз сӯи осебдидагони ҳодисаи Чернобил борҳо садо додааст.

26-уми апрели соли 1986 ҷаҳон аз садамае дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил дар Украина огаҳӣ ёфт. Оташ гирифтану таркиш дар он, минтақаҳои зиёдеро дар ин кишвар ва берун аз он ба маводи ҳастаии заҳрогин олуда карда ва ҳазорон нафарро кушт. Даҳҳо ҳазор мардум ва низомиён аз ҷумҳуриҳои пешини СССР барои рафъи оқибатҳои садама ба сурати иҷборӣ ба маҳалли ҳодиса фиристода шуданд.

Зиёда аз 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳам дар бартарафсозии оқибатҳои ин садама иштирок кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG