Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмону Путин масъалаи муҳоҷирати кориро баррасӣ кардаанд


Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон
Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон

Раҳбарони Тоҷикистон ва Русия дар як суҳбати телефонӣ ҳамкориҳоро аз ҷумла дар бахши муҳоҷирати корӣ баррасӣ кардаанд. Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин рӯзи 3-юми май ва баъди ҳафтаҳо тафтишу боздошт ва ихроҷу банд мондани муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия сурат гирифт.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон навишт, "мувофиқа ҳосил шуд, ки ба идораҳои соҳавии ҷонибҳо дар бораи бештар фаъол гардондани кор дар самти муҳоҷират дастурҳои дахлдор дода шаванд". Манбаъ ҷузъиёт наовард.

Кремлин дар эъломияе бозтоби қазияи муҳоҷирони кориро “кӯшиши нерӯҳои муайян” барои “ба таври сунъӣ шиддат бахшидани масъала” номида, гуфтааст, дар ҳамоҳангӣ пеши роҳи онро хоҳанд гирифт. Аз ҳеч нерӯе ном бурда нашудааст. Ин ҳолат, ба гуфтаи мақомоти Русия, “ба равобити собиқадору бародаронаи миёни ду мардум осеб нахоҳад расонд.”

Ба иттилои расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин рӯзи ҷумъа масъалаҳои минтақаӣ ва байнулмилалиро баррасӣ карда, дар бораи мубориза бо терроризму ҷинояткории фаромиллӣ ҳам гап задаанд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро барои ширкат дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ ва маъракаи башида ба Рӯзи Ғалаба (пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳон) ба шаҳри Маскав даъват кардааст.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кори муносибу даромади бештар ба Русия мераванд. Тайи зиёда аз як соли охир тафтшу боздошти онҳо афзудааст.

Ин вазъ пас аз ҳамлаи 22-юми марти имсол ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав, ки 144 кушта барҷой гузошт, шиддат ёфт. Мақомоти Русия дар пайванд ба ин ҳодиса дувоздаҳ зодаи Тоҷикистонро дастгир карда, чаҳор нафари онҳоро омилони асосӣ номбар мекунанд.

Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон моҳи апрели имсол иҷозаи вуруд ба Русияро наёфта, садҳо нафари дигар дар фурудгоҳ дармондаанд ва ё ихроҷ карда шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 29-уми апрел бо "нигаронии ҷиддӣ" намуда, аз "муносибати махсусан дағалонаи мақомоти Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон" ба сафири ин кишвар дар Душанбе нота (ёддошти эътирозӣ) супорид.

"Ин гуна амалҳо танҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ шуда, ба рӯҳия ва анъанаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия комилан мувофиқ нест," – гуфта шудааст дар баёнияи ВКХ-и Тоҷикистон.

Ҳарчанд вазири корҳои хориҷии Русия тафтиши муҳоҷиронро муваққатӣ ва чораи пешгирӣ аз терроризм номид, мақомоти Тоҷикистон аз сокинон хостаанд, бе зарурат ба Русия нараванд.

XS
SM
MD
LG