Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии духтарони тоҷик ба туркманҳо дар Ҷоми CAFA-2024


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дастаи мунтахаби духтарони то 18-солаи Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Ҳикмат Фузайлов дар бозии дуюмаш дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2024, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, тими Туркманистонро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод.

Дар ин мусобиқа, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе то рӯзи 28-уми апрел идома меёбад, дастаҳои мунтахаби духтарони то 18-солаи Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ширкат доранд.

Дар даври аввали мусобиқа дастаи Қирғизистон бар Туркманистон бо ҳисоби 3:1 ва тими Эрон бар Узбекистон бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуданд.

Дар даври дуюми мусобиқа футболбоздухтарони тоҷик бозиро ба ҳамсолони худ аз Қирғизистон бо ҳисоби 0:3 бохтанд, тими Эрон ба дарвозаи дастаи Туркманистон ҳафт голи беҷавоб зад.

Дар даври сеюми мусобиқа тими Узбекистон бар дастаи Қирғизистон бо ҳисоби 6:1 ва мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуданд.

Баъди натиҷагирии се даври мусобиқа дар ҷадвал тимҳои Эрон ва Қирғизистон бо шашимтиёзӣ пешсафанд. Дастаҳои Узбекистону Тоҷикистон сеимтиёзӣ гирифтаанд, вале мунтахаби Туркманистон имтиёз надорад.

Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқа рӯзи ҷумъаи 26-уми апрел баргузор мешаванд: Узбекистон – Туркманистон (15:00), Эрон - Тоҷикистон (18:00).

Натоиҷи бозиҳои CAFA-2024 миёни духтарони то 18-сола:


21-уми апрел, даври якум

Туркманистон - Қирғизистон - 1:3

Эрон - Узбекистон - 4:2

22-юми апрел, даври дуюм

Туркманистон - Эрон - 0:7

Қирғизистон - Тоҷикистон - 3:0

24-уми апрел, даври сеюм

Узбекистон – Қирғизистон – 6:1

Тоҷикистон – Туркманистон – 4:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Тӯбҳо

И

1

Эрон

2

2

0

0

11-2

6

2

Қирғизистон

3

2

0

1

7-7

6

3

Узбекистон

2

1

0

1

8-5

3

4

Тоҷикистон

2

1

0

1

4-3

3

5

Туркманистон

3

0

0

3

1-14

0

26-уми апрел, даври чорум

15:00 - Узбекистон – Туркманистон

18:00 - Эрон - Тоҷикистон

28-уми апрел, даври панҷум

15:00 - Қирғизистон – Эрон

18:00 - Тоҷикистон - Узбекистон

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG