Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

23 соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар 500 акс


Дар Чин китоби аксҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон бо номи "Эмомалӣ Раҳмон. Миссияи созандагӣ” нашр шудааст. Ин китоб аз 500 акс аз давраҳои мухталифи ҳаёту фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон иборат аст.

Рӯзи 18 ноябр дар Кохи сулҳи ҷамъияти дӯстии мардум бо кишварҳои хориҷии Чин дар шаҳри Пекин расми муаррифии китоби аксҳо (фотоалбом)-и раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир шуд. Ин китоби аксҳо дар арафаи солгарди 23-юми ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон бо забони чиноӣ нашр шудааст. Дар ин бора "Женмин Жибао" – нашрияи расмии ҳизби ҳокими коммунисти Чин хабар дод.

Ван Шучэн, сардабири нашри хориҷии “Женмин Жибао” дар ифтитоҳи ин маросим Эмомалӣ Раҳмонро “қаҳрамони миллии Тоҷикистон” ва “раисиҷумҳури бузург” ба қалам дод, ки ба ақидаи ӯ, “дар як вазъияти барои кишвараш ҳалкунанда тавонист авзоъро тағйир дода, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима диҳад ва оштии миллиро ҷомаи амал пӯшонад.”

Ӯ афзуд, “ин китоби аксҳо нишон медиҳад, ки президент Раҳмон роҳи бузургеро аз директори совхоз то раҳбари барҷастаи Тоҷикистон тай кардааст.” Ван Шучэн дар суханрониаш саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрор ва таҳкими равобити Душанбе бо Пекин таъкид кард ва гуфт, аксҳои нодири ин фотоалбом ва бахусус аксҳои ӯ ҳамроҳ бо раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин низ ҳокист, ки президент Раҳмон “ба алоқаҳои ҳусни ҳамсоягӣ бо Чин чӣ қадар ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад.”

Ли Сикуй, дабири кулли ҷамъияти дӯстии мардуми Чин бо кишварҳои хориҷӣ Эмомалӣ Раҳмонро “дӯсти бузурги Чин” ном бурд ва гуфт, “Тоҷикистон тайи ду даҳсола таҳти раёсати ин раҳбараш ба комёбиҳои бузурге дар иқтисод ва бахши иҷтимоӣ ноил шудааст.”

Чин дар солҳои охир ба сармоягузори умдаи иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфта, дар Душанбе Пекинро шарики стратегии Тоҷикистон ном мебаранд. Қарзи Тоҷикистон аз Чин алакай ба 1 миллиард доллар расида, Пекин гуфтааст, дар се соли оянда ба иқтисоди ин кишвари ҳамсояаш боз 6 миллиард доллари дигар сармоягузорӣ мекунад.

Фотоалбоми “Эмомалӣ Раҳмон. Миссияи созандагӣ” аз 300 саҳифа иборат буда, дар он 500 акс аз давраҳои мухталифи ҳаёту фаъолияти президенти Тоҷикистон гирдоварӣ ва нашр шудааст.

Сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳро аз хидматҳои бузурги Эмомалӣ Раҳмон хонд ва гуфт, ки президенти Тоҷикистон “бо дили бозу ошкоргӯӣ, самимияту росткорӣ, хайрхоҳӣ ва принсипнокӣ, маҳорати ҳимоят ва ташвиқи мафиатҳои миллӣ тавонист муҳаббати тамоми мардумро ба даст биорад.”

Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло 63 сол дорад, 19 ноябри соли 1992 дар синни 40-солагӣ дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ – парлумони вақти Тоҷикистон раиси ин Шӯро ва табъан раҳбари аввали кишвар интихоб шуд. Дар он рӯзҳо дар манотиқи ҷануб ва маркази Тоҷикистон задухӯрдҳои мусаллаҳона байни нирӯҳои Фронти халқӣ ва нирӯҳои содиқ ба ҳукумати муросои миллӣ ҳанӯз идома дошт ва ба ин далел иҷлосияи 16-уми Шӯрои олиро дар Қасри Арбоб дар канори шаҳри Хуҷанд баргузор карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар интихоботи президентии соли 1994 бо пирӯзӣ бар рақибаш сафири вақти Тоҷикистон дар Русия Абдумалик Абдуллоҷонов ба мақоми раисиҷумҳур расид. Ӯ дар интихоботи президентии соли 1999 замони раёсати худро барои 7 соли дигар тамдид кард ва бо тағйири Қонуни асосӣ дар соли 2003 ҳаққи ширкат боз дар ду интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овард. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дар интихоботҳои президентии солҳои 2006 ва 2013 баранда шуд ва инак, 23 сол боз бар Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад.

Тарафдорони Эмомалӣ Раҳмон хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳ дар кишвар, эҳёи иқтисоди дар солҳои ҷанг фалаҷшудаи Тоҷикистон ва авҷи сохтмонҳо дар солҳои охир, бахусус бунёди нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон ва тармими шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд, бунёди шоҳроҳи Кӯлоб – Кулма - Қароқурум, ки Тоҷикистонро ба Чин пайваст, бунёди нақбҳои Чормағзаку Шаршар ва бозсозии шоҳроҳи Душанбе – Ҷиргатолро аз комёбиҳои умдаи раёсати Эмомалӣ Раҳмон дар 23 соли раҳбариаш мешуморанд.

Аммо мунтақидон мегӯянд, бо гузашти 23 сол ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз натавонистааст мардумашро бо газу нирӯи барқ ва ҷои кор таӣмин кунад ва асбоби таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон то ҳол аз ҳисоби муҳоҷират дар Русия ба даст меояд. Маҳдуд кардани озодиҳои сиёсӣ, саркӯби дигарандешон ва то имрӯз дар Тоҷикистон доир нашудани як интихоботе, ки аз сӯи нозирони байналмилалӣ озоду демократӣ эътироф шуда бошад, аз дигар нокомиҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ном бурда мешавад.

XS
SM
MD
LG