Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми футзали Осиё: Тоҷикистон бо Узбекистон барои медалҳои биринҷӣ бозӣ мекунад


акс аз fft.tj
акс аз fft.tj

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2024 аз тими мизбон - Тайланд – аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 5:6 (замони асосӣ ва изофа 3:3) шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар финал маҳрум шуд.

Ҳамакнун футзалбозони тоҷик барои медалҳои биринҷӣ бо мунтахаби Узбекистон бозӣ мекунанд.

Бозии ниманиҳоӣ миёни тимҳои миллии футзали Тайланду Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 26-уми апрел дар шаҳри Бангкок, дар варзишгоҳи Hua Mark Indoor доир гардид.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 13-уми дидор бозигари мизбонон Ворасак Шрирангпирот кушод. 13 сония пеш аз анҷоми қисми аввал Дилшод Саломов ҳисобро баробар кард.

Дар нимаи дуюми бозӣ дастаҳо ба дарвозаи якдигар дуголӣ заданд. Ҳарду голи мунтахаби Тоҷикистонро Баҳодур Хоҷаев ба самар расонд. Голҳои мизбонон ба Чанфон ва Чараенфонг марбутанд.

Ҳамин тариқ, замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 3:3 ба охир расид. Дар 10 дақиқаи замони изофа (2 қисми 5-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт.

Дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи пеналти муайян шуд. Дар задани зарбаҳои пеналти кори футзалбозони Тайланд омад кард ва онҳо бо ҳисоби 6:5 пирӯз шуда, ба финал баромаданд.

Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов пеш аз бозӣ бо тими Тайланд гуфта буд, ки дастаашро бо мизбони мусобиқа бозии душвор интизор аст. Ҳамин тавр ҳам шуд. Бозӣ бо яке аз дастаҳои қавии қораи Осиё хеле ҷолибу пуршиддат сурат гирифт.

Дарвоқеъ, тимҳои миллии Тоҷикистону Тайланд се бор бо ҳам бозӣ кардаанд ва дар ҳарсе дидор тайландиҳо ғолиб шудаанд.

Бояд гуфт, ки тайландиҳо дар ҳамаи марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё иштирок кардаанд. Натиҷаи беҳтарини онҳо роҳ ёфтан ба финали қаҳрамонии Осиё дар соли 2008 мебошад, ки дар Тайланд баргузор шуда буд. Аммо тайландиҳо дар бозии ниҳоӣ аз тими Эрон бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрда буданд.

Тими миллии Тоҷикистон барои ҷойи сеюм ва дарёфти медалҳои биринҷии Ҷоми Осиё-2024 бо тими Узбекистон, барандаи чоркаратаи медалҳои нуқра ва панҷкаратаи медалҳои биринҷии қаҳрамонии Осиё, рақобат мекунад. Ин бозӣ рӯзи якшанбеи 28-уми апрел дар варзишгоҳи Bangkok Arena соати 13:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки бори дувоздаҳум дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат меварзад, аввалин бор барои медалҳои биринҷии қаҳрамонии Осиё мубориза мебарад. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барои дастовардҳои тими миллии футзали кишвар дар Ҷоми Осиё-2024 ҷоизаи молӣ ба маблағи 100 ҳазор доллар ҷудо кардааст.

Мунтахаби Тайланд бошад, дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи якшанбеи 28-уми апрел дар варзишгоҳи Bangkok Arena доир мегардад, бо қаҳрамони 12-каратаи Осиё - тими миллии Эрон - рақобат хоҳад кард. Бозии ниҳоӣ соати 16:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Футзалбозони эронӣ шаби 26-уми апрел дар бозии даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2024 тими Узбекистонро аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 5:4 (замони асосӣ ва изофа – 3:3) шикаст дода, ба финал роҳ ёфтанд.

Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Узбекистон доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Ҳоло аз қораи Осиё ба ҷуз аз тими миллии Узбекистон (ба ҳайси мизбон), дастаҳои мунтахаби Эрон, Тайланд ва Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон-2024 роҳ ёфтаанд.

Барои роҳхати панҷум тимҳое, ки дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 шикаст хӯрданд, талош доранд. 26-уми апрел бозиҳои плей-офф баргузор шуд. Тими Афғонистон бар дастаи Ироқ бо ҳисоби 5:3 ва мунтахаби Қирғизистон бар Ветнам бо ҳисоби 3:2 ғолиб омаданд.

Бозии ҳалкунанда барои роҳхати панҷум ба Ҷоми ҷаҳон-2024 аз қораи Осиё миёни дастаҳои Афғонистону Қирғизистон 28-уми апрел дар варзишгоҳи Bangkok Arena соати 10:00 оғоз меёбад.

Ҷоми Осиё-2024

Нимфинал

26-уми апрел (ҷумъа)

Тайланд - Тоҷикистон – 3:3 (6:5 – аз рӯи силсилаи пеналти)

Бангкок, варзишгоҳи Hua Mark Indoor

Узбекистон – Эрон – 3:3 (4:5 - аз рӯи пеналти).

Бангкок, варзишгоҳи Bangkok Arena

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

26-уми апрел

Ироқ - Афғонистон - 3:5

Ветнам - Қирғизистон - 2:3

28-уми апрел (якшанбе)

Афғонистон – Қирғизистон – соати 10:00 бо вақти Душанбе

Бангкок, варзишгоҳи Bangkok Arena

Бозӣ барои ҷойи сеюм

Тоҷикистон – Узбекистон – соати 13:00 (бо вақти Душанбе)

Бангкок, варзишгоҳи Bangkok Arena

ФИНАЛ

Тайланд – Эрон - соати 16:00 (бо вақти Душанбе)

Бангкок, варзишгоҳи Bangkok Arena

Дар ҳамин ҳол 23 дастаи мунтахаб, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2024 иштирок мекунанд, муайян шудааст: Узбекистон, Зеландияи Нав, Қазоқистон, Фаронса, Испания, Португалия, Украина, Бразилия, Аргентина, Венесуэла, Парагвай, Коста-Рика, Панама, Гватемала, Куба, Хорватия, Нидерланд, Ангола, Либия, Марокаш, Тоҷикистон, Эрон ва Тайланд.

Қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2024 рӯзи 26-уми май дар Самарқанд доир мешавад. Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби Португалия мебошад. Аз ҳама бештар – панҷ бор - тими миллии футзали Бразилия ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG