Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимҷон Бобоев: "Аз инҳисори давлатӣ ба инҳисори шахсони алоҳида гузаштем" ВИДЕО


Олимҷон Бобоев, вакили порлумони Тоҷикистон, дар остонаи интихоботи моҳи марти имсол аз раёсати Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки ба иддаои масъулонаш 30 ҳазор узв дорад, истеъфо дод. Ӯ гуфт, роҳро барои ҷавонҳо кушодааст ва худ акнун даврони пирӣ хоҳад ронд.

Бобоев ҳангоми омодагиҳо ба интихоботи президентии соли 2006 дар майдони сиёсати Тоҷикистон пайдо шуд ва ҳамон вақт раёсати Ҳизби ислоҳоти иқтисодиро, ки коршиносон сохтаи мақомот медонистанд, ба уҳда гирифт.

Ӯ ду дафъа номзад ба мақоми президентӣ ва як муддат вазири нақлиёти Тоҷикистон буд. Олимҷон Бобоев рӯзи 9-уми январ дар бораи фаъолияташ дар порлумон, ҳизбҳои "кисагӣ", андозу нафақа ва монополияи бозору масоили дигар бо Радиои Озодӣ суҳбат кард. Вале гуфтугӯ аз баррасии истеъфои ӯ сар шуд.

"Порлумон қонунеро қабул мекунад, ки ҳукумат иҷро карда тавонад"

Радиои Озодӣ: Сабаби истеъфои Шумо аз раёсати Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон чӣ буд?

Олимҷон Бобоев: "Аз таъсиси ҳизб понздаҳ сол гузашт. Шогирдони зиёд тарбия кардем ва имрӯз фурсати он расидааст, ки ҷавонон худро нишон диҳанд. Синнам ба 70 мерасад, вале рафтани ман аз раёсати ҳизб ба маънои пурра аз сиёсат рафтан нест. Иқтисод ҳамеша бо сиёсат пайванд аст."

Лаҳзае аз суҳбати Сарвинози Рӯҳуллоҳ бо Олимҷон Бобоев
Лаҳзае аз суҳбати Сарвинози Рӯҳуллоҳ бо Олимҷон Бобоев

Радиои Озодӣ: Мунтақидон мегӯянд, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ аз ҷумлаи ҳизбҳои "кисагӣ"-ест, ки ҳукумат барои демократӣ нишон додани интихоботҳо ва ҳифзи низоми бисёрҳизбӣ дар кишвар ташкил кардааст. Шумо чӣ мегӯед?

Олимҷон Бобоев: "Албатта, дар тамоми ҷаҳон ҳизбҳо манфиати як гуруҳро ҷонибдорӣ мекунанд ва чунин иддаоҳо маъмулӣ аст. Вале мо барномаи кор ва тарафдорони худро дорем. Дар понздаҳ сол тавонистем, ки то ҳадде худро ба мардум шинос кунем. Ба ҷуз аз ду ноҳияи вилояти Бадахшон дар ҳама гӯшаҳои кишвар созмонҳои ибтидоии худро дорем."

Радиои Озодӣ: Аз кори панҷсолаи худ дар порлумон розӣ ҳастед?

Олимҷон Бобоев: "Албатта, ин давраи фаъолият дар порлумон бароям мактаби хуби сиёсӣ буд, зеро дар инҷо вазъи ҳамарӯзаи иқтисоди миллӣ зери таҳлилу назорат аст. Дар ин давра қонунҳои зиёду созишномаҳои бисёри байналмилалӣ тасвиб шуд ва тағйиру иловаҳо ворид гардид. Дар порлумоне, ки фаъолияташ баъди чанде ҷамъбаст мешавад, афроди босалоҳият ва дорои сатҳи баланди илмӣ кор мекунанд. Ҳар санад санҷида мешавад."

Радиои Озодӣ: Порлумони ояндаро чӣ гуна мебинед? Баъзе аз таҳлилгарон ба ин боваранд, ки порлумони оянда ба як порлумони "хомӯш ва бидуни баҳс" табдил хоҳад ёфт...

Олимҷон Бобоев: "Бо ин назар пурра розӣ шуда наметавонам, вале чунин ҳарфҳо шояд то як андоза асос дошта бошанд. Низоми давлатдории мо президентӣ аст ва порлумон ёрирасон аст. Дар ин ҳолат хоҳему нахоҳем порлумон бо ҳукумат ҳамкорӣ мекунад. Фарз кардем, порлумон қонунеро қабул мекунад, ки ҳукумат иҷро карда наметавонад, пас, аз қабули он чӣ фоида аст? Бино ба ин, бисёр масъалаҳоро бо мақомоти иҷроия мувофиқа мекунанд. Инро сустии кори порлумон гуфтан дуруст нест. Гузашта аз ин, шояд на ҳама аз он чи дар порлумон мегузарад, хабар доранд."

Видеои суҳбатро дар инҷо бинед:

Вакил ва вазири собиқ чӣ сарватҳо дорад? Мусоҳиба бо Олимҷон Бобоев
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:27 0:00

Радиои Озодӣ: Бархе аз сокинон мегӯянд, аъзои порлумон дар қабули қонунҳо озод нестанд. Оё вакилон танқидҳои мардумро мешунаванду мехонанд?

Олимҷон Бобоев: "Албатта, муроҷиатҳои мардум ва натиҷаи вохӯрӣ бо интихобкунандаҳоро таҳлил мекунем. Ба хулосае омада, боз ба мутассадиён мефиристем ва иҷрои онро назорат мекунем."

Радиои Озодӣ: Порлумонро ҷойи нафақахӯрҳову мансабдорони собиқ ҳам мегӯянд, дуруст аст?

Олимҷон Бобоев: "Ин фикри дуруст нест. Порлумон ҷойи ҳам куҳансолону миёнсол ва ҳам ҷавонон бояд бошад, то бо ҳам табодули таҷриба кунанд. Аз тарафи дигар баъзе одамоне вакил мешаванд, ки маошу даромадашон дар гузашта бештар будааст. Онҳо ба порлумон барои хизмат кардан меоянд. Агар бигӯем, ки вакилон барои соҳибкорӣ меоянд ва пули калон ба даст меоранд, чунин нест. Барои мисол, вақте ба порлумон омадам, 5500 сомонӣ маош доданд. Дар ҳоле ки пештар дар донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо кор мекардам ва тақрибан 6500 сомонӣ мегирифтам. Яъне, ҳазор сомонӣ бештар аз маоши вакилӣ."

Ислоҳоти иқтисодӣ аз куҷо ба куҷо расид?

Радиои Озодӣ: Аз ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар розӣ ҳастед?

Олимҷон Бобоев: "Не. Ислоҳоти иқтисодӣ бисёр ба сахтӣ пеш меравад. Дар инҷо се омил аст: сатҳи баланди фасоди молӣ, мизони баланди андозҳо ва зери таъсири мақомоти иҷроия қарор доштани додгоҳҳои иқтисодӣ. Фасод бисёр аст ва аз ин хотир соҳибкорӣ пеш намеравад. Баъдан як ҳолати бисёр ногувори тасарруф кардани моликияти як шахс аз сӯи нафари дигар вуҷуд дорад. Барои ҳамин, бархе аз соҳибкорон аз Тоҷикистон ба Русия ва Чину Ҳиндустон мераванд. Мо хостем, инҳисори давлатиро аз байн барем ва хусусигардонии моликияти давлатиро ба роҳ мондем. Вале аз инҳисори давлатӣ ба инҳисори шахсони алоҳида гузаштем. Имрӯз тамоми бозорҳои мо монополия шудаанд. Таъсири манфӣ ҳамин аст. Солҳо боз мегӯем, ки дар дохили кишвар аз пахта маҳсулот омода карда, баъд ба берун барорем. Ҳал карда наметавонем. Ё ин ки мегӯем нархи гӯштро паст кунем, намешавад. Сабаб монополия аст. Барои ин бояд қонун дар бораи нархгузорӣ қабул карда шавад, қонун дар бораи хизматрасонии давлатӣ муқаррар карда шавад. Даҳҳо навъи назорати соҳибкорон вуҷуд дорад ва ҳамаи онро аз байн бурдан лозим аст."

Радиои Озодӣ: Шумо узви Кумитаи умури иқтисодӣ ва молияи порлумон ҳастед ва аз боло рафтани андозу пардохтҳо сухан мегуфтед, оё воқеан ин болоравиҳо барои пур кардани буҷа буданд? Пас, чаро аз чандин ширкати бузург андоз гирифта намешавад ва чаро ин холигоҳи эҷодкардаи онҳоро бояд дигарон пур кунанд?

Олимҷон Бобоев
Олимҷон Бобоев

Олимҷон Бобоев: "Вақте андоз аз як сатҳи муайян боло меравад, дар ин ҳолат гурез аз андоз ба вуҷуд меояд. Имрӯз мо дар иқтисоди Тоҷикистон дақиқ намедонем, ки фоидабахшии ин ё он соҳа чанд дарсад аст. Чунки арзиши асосии маҳсулот бисёр вақт нодуруст ҳисоб мешавад. Ҳамин тавр, хароҷоти истеҳсолии мо нисбат ба кишварҳои дигар, ки ман таҳлил кардам, аз 40 то 46 дарсад зиёд аст. Ин рақобатпазирии истеҳсолотро кам мекунад, фоидае, ки бояд ба буҷа ворид шавад, ба шахсони алоҳида меравад ва фирор аз пардохти молиёт ба миён меояд. Бояд ин чизҳо сода карда шаванд. Барои мисол, агар шумо барои истеҳсолот қарз гирифтанӣ шавед, он 26 дарсад аст, аммо истеҳсоли воқеӣ аз 15 ё 20 дарсад бештар фоида надорад. Воқеан, фоизи андоз ҳам баланд ҳаст. Ман борҳо дар матбуот суҳбат карда будам, ки андозҳо миёншикан ҳастанд, ҳатто корхонаҳо аз андоз мегурезанд ва ё муфлис шуда, аз Тоҷикистон баромада мераванд. Супориши президент ҳам ба Вазорати молия ин буд, ки Кодекси андоз бозбинӣ шавад."

Конҳои тилову нуқра ба Чин

Радиои Озодӣ: Назари шумо ба додани конҳои тилову нуқраи Тоҷикистон ба чиниҳо чӣ аст?

Олимҷон Бобоев: "Ҳама чиз вобаста аст ба қарордоде, ки шумо мебандед. Албатта, вақте бо қарордод тамоми чизро ба дасти онҳо супоред, аз дасти мо меравад. Аммо дар қарордодҳое, ки мо дар порлумон тасвиб кардем, аз ин нуқтаи назар бехатарии он пурра таъмин карда шудааст. Онҳо технологияи сатҳи баланд доранд ва бинобар ин созишномаҳои байни Тоҷикистону Чин дар мавриди коркарди нуқраву тило дорем. Дар ин қарордодҳо манфиати мо ҳимоя шудааст."

Вакил ва вазири собиқ чӣ сарватҳо дорад?

Радиои Озодӣ: Эъломияи дороӣ месупоред ва агар махфӣ нест, чӣ доред? Ба номи ҳамсару фарзандон чӣ?

Чӣ хеле як дастгоҳро ба берун мебарорему даромад мегирем, қувваи корӣ ҳам ҳамин тавр аст. Ин чиз бояд ба танзим дароварда шавад. Бисёр вақт муҳоҷирони мо ба таври худҷӯш ба Русия мераванд ва низоми муайян нест.


Олимҷон Бобоев: "Ман ба ғайр аз маош, ҳеч дороии дигар надорам. Ҳашт фарзанд дорам ва ҳеч кадоме аз онҳо дар мақомҳои баланд нестанд. Як писарам дар докторантура таҳсил мекунад ва бояд рӯзҳои наздик ҳимоя кунад. Фарзандони дигарам маълумоти олӣ доранд ва ба корҳои соҳибкории истеҳсолӣ машғуланд."

Радиои Озодӣ: Чун гуфтед, ки синнатон ба нафақа расидааст, оё мешавад бо пули бознишастагӣ хуб зиндагӣ кард?

Олимҷон Бобоев: "Ман нафақаи хуб мегирам. Албатта, бо 2400 сомонӣ зиндагӣ кардан мумкин аст. Вале ҳеч гоҳ дар баробари фаъолиятҳои вазириву вакилӣ аз корҳои илмӣ канор нарафтаам ва аз ин ба баъд ҳам идома медиҳам."

"Нерӯи кор низ содирот аст"

Радиои Озодӣ: Дар бораи муҳоҷирони тоҷик чӣ назар доред ва агар онҳо намебуданд, вазъи иқтисодии кишварро чӣ гуна тасаввур мекардед?

Олимҷон Бобоев: "Инро ҳам як содироти мол гуфтан мумкин аст, чун қувваи корӣ ҳам мол аст. Аммо омори мо ин чизро ба эътибор намегирад. Чӣ хеле як дастгоҳро ба берун мебарорему даромад мегирем, қувваи корӣ ҳам ҳамин тавр аст. Ин чиз бояд ба танзим дароварда шавад. Бисёр вақт муҳоҷирони мо ба таври худҷӯш ба Русия мераванд ва як низоми муайян нест. Аз суи дигар ин чиз фақат миёни ду Русияву Тоҷикистон ҳаллу фасл мешавад. Албатта чанд соли пеш то 4 миллиард доллар аз ҳисоби муҳоҷирон ба кишвар ворид мешуд. Бархе мушкилоти иқтисодӣ дар Русия ба ин таъсир гузошт ва пули фиристодаи муҳоҷирон кам шуд. Аз сӯи дигар танҳо ба Русия фиристодани муҳоҷирони тоҷик аз назари сиёсӣ хатар дорад. Бинобар ин, бо Қазоқистон, Ҷопону Корея ва кишварҳои дигари Аврупову Араб созишномаҳо вуҷуд дорад, ки бояд мардум ба онҷо низ раванд."

"Қонуни Пешво танҳо барои як кас аст"

Радиои Озодӣ: Андешаи Шумо дар бораи қонуни "Пешвои миллат" дар Тоҷикистон чист? Фикр намекунед, ки ин қонун давлатро меросӣ ва хонаводагӣ мекунад?

Олимҷон Бобоев: "Не. Ин қонун муддати дар қайди ҳаёт будани ҷаноби олиро ифода мекунад. Яъне, ин беохир ва аз худашон ба дигарон ба мерос гузоштан нест."

XS
SM
MD
LG