Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун ба коми оташ рафт


Бозори марказии ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин) шаби гузашта ба коми оташ рафтааст.

Аз наворҳои корбарон дида мешавад, ки алангаи оташ баланд буда, масоҳати зиёдро фаро гирифтааст. Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ гуфт, ки сӯхтор соати тақрибан 22:38 сар зад.

Мақомот то кунун сабаби сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарарро шарҳ надодаанд. Аммо масъулини Идораи оташнишонӣ ва маъмурони бозор таъкид намуданд, ки барои дақиқ намудани сабабу омилҳои ҳодиса таҳқиқро шурӯъ кардаанд.

Манбаъ афзуд, ки муфаттишон чанд нафарро бозпурсӣ карда, камераҳои назоратии наздик ба бозорро низ тамошо мекунанд.

Бозори ноҳияи Ҷайҳун ба фарқ аз дигар бозорҳо, ки хусусӣ шудаанд, дар тобеияти идораи "Тоҷикматлубот" қарор дорад.

Оташ гирифтани бозорҳо дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон солҳои охир зиёд иттифоқ меуфтад. Аз ҷумла, дар аввали моҳи марти соли ҷорӣ сӯхтор дар як фурӯшгоҳи шаҳри Бохтар, даҳҳо нафарро аз манбаи даромаду рӯзгузаронӣ маҳрум кард.

Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез мондааст.

XS
SM
MD
LG