Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози музокироти нав барои барқарории оташбас дар Ғазза


Исроил ва гуруҳи фаластинии "Ҳамос" ба воситаи миёнаравҳо, музокирот барои барқарори оташбас дар Навори Ғазарро аз сар гирифтаанд.

Гуруҳи “Ҳамос” эълон кард, ки роҳбараш Исмоил Ҳания бо намояндагони Миср ва Қатар гуфтугӯ кардааст. Ин ду кишвар дар музокироти оташбас миёни “Ҳамос” ва Исроил миёнарав ҳастанд. Тибқи баъзе хабарҳо, Туркия ҳам ба раванди музокирот пайвастааст.

Рӯзномаи Jerusalem Post ҳам гузориш дод, ки Исроил аз миёнаравҳо пешниҳодҳои нав гирифтааст.

Ҷузъиёти гуфтугӯҳо нашр намешавад.

Ҳама талошҳо барои барқарор кардани оташбаси дуюм миёни Исроил ва “Ҳамос” то ин дам бенатиҷа буд. Ҷанг миёни ду тараф дар Навори Ғазза қариб нуҳ моҳ аст, ки идома дорад. Гуруҳи “Ҳамос”, ки дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ шинохта шудааст, талаб дорад, ки ҳама гуна созиш бояд поёни ҷанг ва берун рафтани артиши Исроил аз Ғаззарро дарбар гирад. Исроил ба ин шартҳо то ин дам розӣ нашудааст.

Даргирӣ дар Навори Ғазза аз моҳи октябри соли 2023 ба ин сӯ идома дорад.

Ҷанг пас аз он сар шуд, ки нерӯҳои "Ҳамос"* рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба ҷануби Исроил ҳуҷум карда, 1200 нафарро куштанд ва 240 касро гаравгон гирифтанд. Ба гуфтаи мақомоти тандурустии Ғазза, дар ҳашт моҳи ҳамлаҳои Исроил зиёда аз 37 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG