Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Имсол дер кардем". Кишоварзони Суғд аз чӣ нигаронанд?


Кишоварз аз вилояти Суғд
Кишоварз аз вилояти Суғд

​​​​​​​Кишоварзон дар вилояти Суғд мегӯянд, имсол ҳосили зироату сабзавоти онҳо дертар ба бозор мерасад.

Ҳамасола дар моҳи апрел ва май ҳосили нави зироату сабзавот вориди бозорҳо мешуд.

Деҳқонон мегӯянд, таъхир дар обрасонӣ ба заминҳои кишт саривақт вориди бозор кардани маҳсулоташонро ба таъхир андохт.

Амирҷон Иброҳимов кишоварз аст ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамроҳи шариконаш дар ҳудуди 12 гектар замин тирамоҳи соли гузашта пиёз кориданд. Умед дошт, ки дар баҳори имсол барвақттар ҳосил мегиранд, вале чанд рӯз беоб мондани заминаш нашъунамои киштро ба таъхир андохт.

“Аз рӯи нақша 25-уми май ё якуми июн бояд пиёзро мекандем. Аммо имсол 15-20 рӯз дертар тайёр мешавад. Албатта ба кори мо зиён ҳам мерасонад. Ҳосил кам мешавад ва маҳсулот камвазн мегардад. Ҳамаи ин ба мо зиён аст,”—гуфт Амирҷон.

Ба гуфтаи ӯ, солҳои пеш дар аввали баҳор одатан заминҳо обёрӣ мешуданд, вале ба мушоҳидаи мо дар охирин рӯзҳои моҳи дуюми баҳор ҳам ҷуйборҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров об надоштанд.

Ҷуйборҳо об надоранд
Ҷуйборҳо об надоранд

Амирҷон Иброҳимов мегӯяд, агар обу барқ бошад, ҳосили онҳо низ фаровон мешавад ва барвақттар ба бозор мебарояд. “Минтақаи мо азбаски ба кӯҳ наздик аст, бисёр об талаб мекунад. Гармӣ баландтар аст ва бояд дар 2-3 рӯз як бор об мондан даркор аст,”—гуфт ӯ.

Ин ҳолро деҳқонони дигар ноҳияҳои вилояти Суғд низ доранд. Уктам Мамадсобиров дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳудуди 1,5 гектар замини кишоварзӣ дорад ва асосан ба обчакорӣ машғул аст. 11 узви оилааш аз ҳамин ҳисоб рӯзӣ меёбанду сари замин тамоми сол машғули кор мегарданд. Имсол аз ҳосил умеди зиёд надоранд. “Обёрӣ имсол камтар дер монд. Ҳоло помидорро корида истодаем, об омад. То ин вақт бояд ду бор об мехӯрданд, 20 рӯз дер омад. Мо сабабашро намедонем. Ба раис муроҷиат кардем, мешавад гуфтанд. Об ояд, барқ хомуш мешавад, боз аз нав обро пайваст мекунанд. Имсол ҳаминхел ҳолат бисёр шуда истодааст,”—гуфт ӯ.

Замини кишти пиёз
Замини кишти пиёз

Боронгарии чанд рӯзи ахир мушкили беобиро каме барои кишоварзон ҳал кардааст, вале онҳо нигронанд, ки бо тамом шудани борон киштзорашон хушк мешавад.

Мазбуд Эркаев, деҳқон аз ноҳияи Ҷаббор Расулов мегӯяд, беҳбудие дар кораш намебинад. “Бечора деҳқон тамоман ба зиён кор карда истодааст. Соли гузашта 15-уми июн об омад. Ҳозир ҳатто аз оби нушокӣ танқисӣ мекашем ва онро бо мошин аз поён харида меорем. Нархаш 150 сомонӣ,”—гуфт ӯ.

Дар идораи барқрасонии вилояти Суғд ин вазъро шарҳ надоданд. Чанд соли ахир низ ин Идора ҳамоиши матбуотӣ намекунанд. Бо дахолати Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд масъулини ин ниҳод сабаби мушкили барқрасонии имсоларо дар як нишасти матбуотии раиси вилоят тавзеҳ дода буданд.

Муҳиддин Аҳмадзода, роҳбари ин Идора гуфт: “Тағйирёбии иқлим солҳои охир мушоҳида шуда истодааст. Ин ҳолат таъсири худро ба нерӯгоҳҳои барқию обӣ албатта мерасонад. Дар ҷумҳурӣ 90 дарсади барқ аз неругоҳҳои обӣ истеҳсол мешавад. Таъсири он ба тамоми хоҷагии халқи кишвар расида истодааст.”

Киштзор дар Суғд
Киштзор дар Суғд

Бар пояи иттилои Идораи кишоварзӣ дар вилояти Суғд, 250 ҳазор гектар замини кишоварзӣ мавҷуд аст, ки 75 дар сади он тавассути чоҳ ва пойгоҳҳои обкашии барқӣ обёрӣ мешавад. Масъулони идораи беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд гуфта буданд, ки чунин вазъ ҳолати бе ин ҳам мушкили онҳоро вазнинтар мекунад, зеро бисёре аз пойгоҳҳои обкашӣ кӯҳна шудаанд ва норасоии барқ метавонад ба системаи обёрӣ таъсири манфӣ расонаду зиёни ҳангуфт орад.

Тағйири иқлим дар солҳои гузашта низ сабаби камҳосилӣ ва афзоиши нархи баъзе меваҳо гардидааст. Аз он ҷо ки аксари аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунад ва машғули кишоварзист, ин ҳолат ба вазъи молии ҳазорон нафар метавонад таъсир гузорад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Деҳқонони Суғд аз камбуди об шикоят доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:25 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG