Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайрав Воҳидов: "Ҳадафи аслии мо дарёфти роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонист"


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд бо тими миллии Афғонистон бозӣ мекунад.

Ин бозӣ рӯзи чоршанбеи 24-уми апрел дар маҷмааи варзишии Хуамарки шаҳри Бангкок соати 12:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Ғолиби ин ҷуфт ба даври ниманиҳоии мусобиқа роҳ ёфта, соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футзал-2024 мешавад.

Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов пеш аз бозии даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 муқобили тими миллии Афғонистон дар рӯбарӯи хабарнигорон суҳбат кард.

"Мо дар як гурӯҳи қавӣ будем ва бозӣ бо қаҳрамони феълии Осиё - тими Ҷопон хеле душвор буд, аз ин рӯ, хеле шодем, ки ба даври чорякниҳоӣ баромадем. Аммо ҳоло мо бо тими миллии Афғонистон боз як рақобати душвор дорем. Аз тавоноии рақиб огоҳ ҳастем, чанд бор бо ҳамдигар бозӣ кардаем ва медонам, ки ин дастаи пурқувват аст. Ҳадафи аслии мо дар Ҷоми Осиё-2024 то ҳадди имкон пеш рафтан ва соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонӣ шудан аст. Умедворам, ки ба мақсади худ мерасем",-гуфт Пайрав Воҳидов.

Зимнан, рӯзҳои 21-22-юми апрел дар Тайланд бозиҳои даври сеюми Ҷоми Осиё-2024 баргузор шуданд, ки аз рӯи натиҷагирии онҳо ҳамаи иштироккунандагони даври чорякниҳоии мусобиқа муайян гаштанд.

Дар чорякфинал 24-уми апрел мунтахаби Тоҷикистон, ғолиби гурӯҳи “С”, бо тими миллии Афғонистон, ки дар гурӯҳи «D» мақоми дуюмро касб кард, рақобат мекунад.

Се бозии дигари даври чорякниҳоӣ дар Бангкок рӯзи чоршанбе байни дастаҳои Эрон - Қирғизистон (14:00), Тайланд - Ироқ (16:00) ва Узбекистон - Ветнам (19:00) доир мегардад.

Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзи ҷумъаи 26-уми апрел ва бозии ниҳоӣ рӯзи якшанбеи 28-уми апрел баргузор мешаванд.

Бояд тазаккур дод, 16 дастаи мунтахаби иштироккунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуда буд. Аз гурӯҳи “А” Тайланд ва Ветнам, аз гурӯҳи “В” Узбекистон ва Ироқ, аз гурӯҳи С” Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз гурӯҳи “D” Эрон ва Афғонистон ба плей-офф роҳ ёфтанд.

Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин, ба истиснои тими мизбон - Узбекистон, ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар шаҳрҳои Тошканд, Андиҷон ва Бухоро доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Ҳайати тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»);

Бозигарони майдонӣ: Файзалӣ Сардоров, Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов (ҳама аз «Соро компания»), Муҳаммадҷон Шарипов, Некрӯз Алимаҳмадов, Комрон Алиев, Насратшо Исмоилов, Абдуқаюм Умаров (ҳама аз «Истиқлол»), Умед Қузиев («Амонатбонк»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).

Сармуррабӣ – Пайрав Воҳидов.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG