Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба Саратоғ набаред." Дархост аз ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон


Саратоғ
Саратоғ

Мақомоти Тоҷикистон аз ширкатҳои сайёҳӣ хостаанд, ҷаҳонгардони хориҷиву дохилиро ба як гӯшаи зебои кишвар набаранд, зеро хатари сирояти як бемории хатарнок дар онҷо зиёд аст.

Дархости мазкур дар як номаи Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ширкатҳои ҷаҳонгардӣ зикр шудааст. Онро рӯзи 28-уми март имзо кардаанд. Радиои Озодӣ рӯзи 23-юми апрел дид.

Дар он омадааст, бо назардошти онки асри гузашта дар минтақаи кӯҳистонии Саратоғи ноҳияи Айнӣ бемории хатарноки “тоун” хуруҷ карда, 250 нафарро куштааст, беҳтар аст, сайёҳонро ба онҷо набаранд.

Номаро бар асоси тавсияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон таҳия кардаанд, ки гуфтааст, бинобар тағйири иқлим, эҳтимол дорад, манбаъҳои нуҳуфтаи сирояти “тоун” боз шавад ва ба сайёҳон сироят кунад.

Бемории тоун, ки аз хояндаҳо, ба мисли мушу калламуш ва ё суғур метавонад ба инсон гузарад, дар сурати таъхир дар муолиҷа инсонро зуд мекушад.

Бемории мазкур даҳсолаҳо боз дар Тоҷикистон сабт нашудааст.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ду манбаи эҳтимолии беморӣ вуҷуд дорад, ки яке аз ҳам дар Саратоғи Айнӣ ва дигарӣ дар Лахш (Ҷиргатол) аст ва ҳар сол онҷо барои маҳви ангезандаҳои беморӣ корҳои заруриро анҷом медиҳанд.

XS
SM
MD
LG