Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қоидаи нави гирифтани имтиҳон аз муҳоҷирон дар Русия


Соли 2017. Як муҳоҷир аз забони русӣ имтиҳон месупорад
Соли 2017. Як муҳоҷир аз забони русӣ имтиҳон месупорад

Дар Русия тартиби гирифтани имтиҳон аз муҳоҷиронро сахттар карданд.

То ин вақт ташкилоти ғайридавлатӣ ҳақ доштанд аз забони русӣ ва таъриху қонунгузории Русия аз муҳоҷирон имтиҳон гирифта, ба онҳо сертификат диҳанд. Аммо аз 1-уми майи соли 2024 ташкилоти ғайридавлатӣ дигар ҳаққи ин корро надоранд.

Валерий Фалков, вазири маорифи Русия, рӯзи 18-уми апрел дар саҳифаи Телеграм қоидаҳои нави имтиҳонгирӣ аз муҳоҷиронро нашр кард. Бар асоси ин қоидаҳо, акнун дар ҳар минтақаи Русия як донишгоҳ вазифадор мешавад, ки аз муҳоҷирон имтиҳон гиранд.

Ба навиштаи сомонаи “Фонтанка”, минбаъд тамоми раванди имтиҳонгирӣ аз муҳоҷирон ва додани ҳуҷҷат зери назорати сахт гирифта мешавад ва муассисаи имтиҳонгиранда бояд дар бораи қонуншиканӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зуд хабар диҳад.

Аз соли 2015 аз муҳоҷирон дар Русия имтиҳон мегиранд. Танҳо баъд аз супоридани имтиҳон аз забони русӣ ва таъриху қонунгузории Русия ба муҳоҷирон "патент" ва ё иҷозаи кор медиҳанд.

XS
SM
MD
LG