Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумаки тоҷикон ба мардуми аз обу сел зиёндидаи Қазоқистон


Ҷомеаи тоҷикони Қазоқистон ҳангоми кумак ба осебдидагон
Ҷомеаи тоҷикони Қазоқистон ҳангоми кумак ба осебдидагон

Тоҷикони Қазоқистон ба мардуми аз обу сел зиёндидаи ин кишвар даҳҳо тонна маҳсулоти ниёзи аввал дода, барои ба ҷойи амн кӯчондани бархеи онҳо кумак кардаанд.

Акбарҷон Исмоилов, раиси Маркази тоҷикони Қазоқистон, рӯзи 18-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "зиёда аз 100 тонна маҳсулоти ниёзи аввал, либос, кӯрпаву болиш расонда шуд."

Дар айни замон, ба гуфтаи ӯ, "тоҷикон ҳар рӯз ба мардуми осебдида хӯроки гарм медиҳанд ва ин иқдом то бартараф шудани офати табиӣ идома хоҳад кард."

Мардуми зиёде дар Қазоқистон ва Русия чанда ҳафта боз ҷабри обхезиро мекашанд.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон мегӯяд, ҳазорҳо бинову ҳавлӣ дар вилоятҳои Акмола, Оқтеппа, Қустанай, Атирау ва Қазоқистони Шимолӣ зери об монда, то ин дам зиёда аз 116 ҳазор нафар ба ҷойи бехавф бурда шуданд.

Президент Қосимҷомарт Тоқаев ин ҳодисаро яке аз фалокатҳои табиии азим дар ҳаштод соли охир дар Қазоқистон номид. Сабабашро ба гармшавии якбораи ҳаво ва боридани зиёди борон дар айёми зимистон рабт додаанд.

XS
SM
MD
LG