Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз ба зидди "агенти хориҷӣ" дар Гурҷистон идома дорад


Тбилиси, 17-уми апрели соли 2024
Тбилиси, 17-уми апрели соли 2024

Эътирозҳо ба зидди лоиҳаи ислоҳшудаи қонун "Дар бораи агенти хориҷӣ" дар Гурҷистон, ки мухолифонаш онро ба қонуни Русия монанд мекунанд, идома дорад.

Сокинони чанд шаҳри Гурҷистон, аз ҷумла Тбилиси ва Батумӣ шаби 17 ба 18-уми апрел дар эътироз ба қонуни мазкур ба кӯчаҳо баромаданд.

Ба кӯчаҳои пойтахти Гурҷистон ҳудуди 15 ҳазор нафар баромада буд. Маъмурони пулис ба эътирозгарон монеа эҷод накарданд, вале ду нафари онҳоро дастгир карданд. "Тазоҳургарон дар ҷараёни эътирозҳо чанд дафъа даст ба хушунат заданд", - шарҳ додааст Вазорати корҳои дохилии Гурҷистон.

Ба иттилои пулис, боздоштшудаҳо ба маъмурони ҳифзи ҳуқуқ итоат накарда, яке аз онҳо бо худ силоҳи сард доштааст.

Мухолифони Гурҷистон ба ҳукумат барои бозхонд кардани қонун як соат муҳлат доданд, вале талаби онҳо иҷро нашуд. Дертар тазоҳургарон мулоқотро бо сарвазир Ираклий Кобахидзе талаб карданд.

Эътирозҳо ба лоиҳаи ислоҳшудаи қонун "Дар бораи агенти хориҷӣ" дар Гурҷистон 15-уми апрел сар шуд. Дар лоиҳаи нав аз созмонҳои ғайридавлатӣ, ки аз хориҷа кумак мегиранд, тақозо шудааст, дар бораи тамоми фаъолиятҳояшон ба мақомот гузориш диҳанд.

Мухолифони лоиҳа дар Гурҷистон таъкид мекунанд, ки тасвиби қонун даҳони дигарандешонро баста, матбуоти озодро нобуд мекунад. Ба қавли онҳо, ин санад ба қонуни "агенти хориҷӣ" дар Русия монанд аст, ки фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро дар он кишвар ба таври ҷиддӣ маҳдуд кардааст.

XS
SM
MD
LG