Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гуфтанд, чеҳраи муҳоҷиронро дидан намехоҳанд, тамом"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

"Чеҳраи Шумо, муҳоҷиронро дидан намехоҳанд." Азиза, як муҳоҷири қирғизистонӣ, ин ҷумларо аз пулиси Русия ва ҳамчун далели ронда шуданаш аз хонаи иҷора шунидааст. Мо барои амнияти ӯ ному садояшро тағйир додем.

"Дар давоми ду моҳ тақрибан шаш бор одамон гуногун ба манзили иҷораи мо омаданд. Танҳо як дафъа нозири минтақаӣ омад. Аз ҳамааш боодобтар буд. Ӯ дарро ангушт зад ва гуфт, "иҷоза ҳаст, дароям?" Дигарон зада медаромаданд. Ҳоло фикр мекунам, ки онҳо барои порагирӣ меомаданд," – нақл кард ӯ.

Хонаро ба Азиза ва ҳафт ҳамроҳаш корманди собиқи пулис ба иҷора дод. Муҳоҷирон дертар фаҳмиданд, ки бино барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ сохта шудааст. Ба Азиза дар идораи пулис гуфтанд, ки чеҳраи онҳо ба яке аз генералҳои сокини ин бино маъқул нашуд.

Ин зану ҳамроҳонаш борҳо ба шуъбаи пулис даъват шуда, дар ҳуҷрае ду-се соат нигаҳ дошта шудаанд. Мегӯянд, ба онҳо иҷоза надоданд, ки ба ҳоҷатхона бираванд. Дар охир аз онҳо талаб шудааст, ки хонаро тарк кунанд.

"Як маъмури пулис ба ман фишори равонӣ меовард. Гуфт, онҷо генералҳо зиндагӣ мекунанд, Шумо халал мерасонед ва чеҳраи муҳоҷиронро дидан намехоҳанд. Ошкоро гуфт: “Шумо инҷо касе нестед, одам ҳам намеҳисобем”. Ман гуфтам, намефаҳмам, охир ҳама ҳуҷҷатҳои мо дуруст аст ва чаро бояд равем? Гуфт, Шуморо дидан намехоҳанд, тамом," – нақл кард муҳоҷири қирғизистонӣ.

Далели расмии шикоят ба зидди муҳоҷиронро ба он рабт додаанд, ки гуё онҳо партовҳоро дар беруни қуттӣ гузоштаанд. Азиза мегӯяд, ба ӯ ҳеч аризае нишон надоданд ва вақте хост шикоят нависад, пулис дод заду таҳдид кард.

Пас аз се моҳи таҳдиду омадани кормандони пулис ба хонаи иҷора онҳо ин маконро тарк карданд. Азиза ният дорад, ба наздикӣ аз Русия барояд.

"Пештар мехостам фарзандамро биорам. Ҳоло ба ҳеч шарте розӣ намешавам, ки ӯро биорам ва худам баромада меравам ва дар гумон аст, ки баргардам. Чунки ин дигар кишваре нест, ки хубӣ бинӣ. Инҷо пур аз нафрат аст. Ин нафрат ба ман асар кардааст. Аммо худамро медорам, то ба мисли онҳо набошам," – илова кард ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Чеҳраи Шумо, муҳоҷиронро, дидан намехоҳанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00
XS
SM
MD
LG