Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз мӯйи сарам кашида, ба девор зад." Чаро табибони қирғизро мезананд?


Чаро табибони қирғизро мезананд ва ҳама хомӯш аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Чаро табибони қирғизро мезананд ва ҳама хомӯш аст?

Дар Қирғизистон ҳолатҳои ҳамла ва латукӯби табибон бештар шудааст. Иттифоқи касабаи пизишкони Қирғизистон бо нигаронӣ мегӯяд, кормандон соҳаи тиб дар ҷои кор мавриди ҳамла латукӯб ва таҳқир қарор мегиранду дар бисёр ҳолатҳо ҳамлагарон ё озордиҳандаҳои онҳо ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.

Масъулини ин ниҳод аз мақомот талаб доранд, барои озори ҷисмонии пизишкон нисбати беморон ва наздикони онҳо ҷазои сахттар пешбинӣ кунад.

Асилкани 24-сола парастори як беморхона дар Қирғизистон, яке аз кормандони ҷабрдидаи соҳаи тиб аст. Ӯро, ки ҳомиладор аст, чанде пеш бинобар хатари аз даст додани тифл дар беморхона бистарӣ карданд. 10 рӯз пеш дар Беморхонаи миллии Бишкек ҳамсари як бемор ба вай ҳамла кард.

Ӯ гуфт: "Ман аз ӯ хоҳиш кардам, ки аз ҳуҷра барояд. Вазифаи худро иҷро кардам. Вале ӯ якбора ба ман ҳамла кард, аз мӯйи сарам кашида, чанд бор ба девор зад. Ба сарам зад, ба замин афтонд .”

Асилкан дар ҳафтаи 15-уми ҳомиладорӣ аст. Наздиконаш мехоҳанд корро бас кунад. “Шавҳарам мехоҳад, ки аз кор биравам. Ман мехоҳам, занеро, ки маро латукӯб кард, ба ҷавобгарӣ бикашанд. Дарди сар ва шикамам то ҳол ҳаст. Баъд аз ин ҳодиса маро дар зоишгоҳ, бистарӣ карданд. Зеро хатари аз даст додани тифл ба миён омад. Ҳанӯз ин хатар ҳаст,”--гуфт ӯ.

Дар пайи шикояти парастор милисаҳо ҳамлагарро бозпурсӣ карда, ҷавоб доданд. Иттиҳодияи парасторони Қирғизистон ба Кумитаи амният муроҷиат карданд ва ин бор занро бо гумони авбошӣ боздошт ва ҳабс намуданд. Ҷазо ба ҳамлагари парастор табибону парасторонро дар ҳайрат гузошт, чун дар гузашта касеро барои чунин рафтор ҷазо надода будаанд.

“Вақте аввал маро заданд, руҳафтода шудам. Аввалин бор дар ҳайётам пушаймон шудам, ки ин соҳаро интихоб кардам,”--гуфт ӯ.

Жаркиной Талайбекова 29-сола, табиби ёрии таъҷилӣ дар беморхонаи миллӣ аст. Ду моҳ пеш ҳангоми навбатдорияш ба ӯ ҳам ҳамла карданд. Он шаб духтареро бо таби баланд оварда буданд.

Ӯ гуфт: "Бо мошини ёрии таъҷилӣ оварданд. Ӯро 4 нафар, модар, хоҳараш, ки маро зад ва ду мард ҳамроҳӣ мекарданд. Нишонаҳои бемории роҳҳои нафас дошт, табаш баланд буд."

Пас аз муоина ва кумаки аввалия табиб ба наздиконаш гуфт, ки беморро ба шӯъбаи дигар баранд. Аммо модар ва хоҳари бемор пофишорӣ карданд, ки духтарро бистарӣ кунанд. Ҳодиса бо ҷанҷол ва латту кӯби духтур анҷом ёфт.

Жаркиной Талайбекова чунин нақл кард: “Ӯ маро бо мушту лагад мезад. Мӯйямро канд. Вақте мо ба милиса занг задем, ҳамлагар гурехт.”

Баъд аз як моҳ пулис парванда боз кард, аммо ба зудӣ онро бастанд. Муфаттишон ба пизишк гуфтанд, ки зани ҳамлагар гурехта ба Русия рафтааст.

"Тамоми моҳ муфаттиш коре накард. Ман назди сартабиб рафта, хоҳиш кардам, ки навори дурбинҳои назоратиро бидиҳанд. Ӯ рад кард. Гуфт, мо бояд хомӯш монем,”--гуфт Жаркинойй Талайбекова, духтури асабшинос.

Муфаттиши қазия гуфтааст, ки агар муттаҳам ба ҷиноят баргардад, ҷазояшро мегирад.

Ба гуфтаи иттифоқи касабаи табибони Қирғизистон, афроде, ки пизишконро латукӯб мекунанд, аксаран бе ҷавобгарӣ мемонанд. Ба зидди онҳо бо моддаи авбошӣ парванда боз мешавад ва он ҳам на ҳамеша. Гузашта аз ин аксаран милисаҳо, баръакс ба худи пизишкони ҷабрдида фишор меоранд.

Бермет Бариктабосова, раҳбари Иттифоқи касабаи мустақили пизишкон гуфт: “Моддаи авбошӣ норӯшан аст. Вақте ду нафар дар додгоҳ ҳозир мешаванд, он ҷо ба назар гирифта намешавад, ки ҷабрдида як табиб аст ва ӯро 60 бемори дигар интизор асту ӯ бояд ба ҳама бирасад. Пизишкони мо магар абаринсонанд? Гуруснаву бечораанд. Боз онҳоро латукӯбу таҳқир ва маҷбур мекунанд, ки ба ҷойи 6 кас кор кунад.”

Бариктабосова мегӯяд, ҳамла ба духтурон дар Қирғизистон зиёд шудааст. Аз 10 - 9 бемор хашину бадхашм ҳастанд. Аз ин рӯ, таҳлилгарон аз порлумон хостанд, ба Кодекси ҷиноӣ, як моддаи алоҳидае барои латтукӯби пизишкон ворид шавад ва ҳамлагаронро ҷазо бидиҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG