Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консерт дар бебарқӣ. Ҳунарнамоии овозхони зодаи Қирғизистон дар Хуҷанд


Самимияту ҳунари Шаҳзода Зайниддинова толори торики Хуҷандро гарму рӯшан кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:12 0:00

Дар нахустин рӯзҳои баҳор дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, ҳунарнамоии як овозхони зодаи Қирғизистон баргузор шуд.

Шаҳзода Зайниддинова 13 сол пеш аз ноҳияи Лолак барои таҳсил ба Тоҷикистон омад ва дар Тоҷикистон оиладор шудаву чун овозхон машҳур гашт.

Лаҳзаҳои аввали барномаи ҳунарии Шаҳзода Зайниддинова, ки рӯзи якуми март дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ғайримаъмулӣ оғоз шуд. Он рӯз чанд соат дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон барқ набуд. Вале ин ҳолат боис ба лағви консерти “зинда”-и ин зодаи Қирғизистон нагардид ва то омадани барқ бидуни таҷҳизоти техникӣ ба ҳаводоронаш суруд хонд.

Ин сароянда дар барномаи консертиаш бештар сурудҳои классикии тоҷикӣ, сурудҳои попу эстрадӣ ва ҳамчунин чанд таронаро ба узбекӣ ва англисӣ сароид. Вале ягон сурудро ба забони қирғизӣ нахонд.

Овозхон умед дорад, ки марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон кушода мешавад ва барномаҳои ҳунариашро дар шаҳрҳои калони кишвараш доир мекунад. Муҳим аз ҳама ба дидори мухлисони қирғизистонӣ ва наздикону пайвандонаш мерасад.

Шаҳзода мегӯяд, ҳарчанд солҳои пеш модараш аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ҳамчун арӯс рафта бошад, баъди чандин сол тақдир ӯро ҳамчун арӯс ба Тоҷикистон овард. Инро вай як фоли нек барои ояндаи нек медонад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG