Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Аз лото фиреб хӯрдем”. Соҳиби лотои “Хуршеди Кӯҳистон” кист?


"Хуршеди кӯҳистон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ билет барои бозии лото мефурӯшад.
"Хуршеди кӯҳистон" дар шабакаҳои иҷтимоӣ билет барои бозии лото мефурӯшад.

Даҳҳо нафар дар Тоҷикистон шикоят доранд, ки аз як саҳифаи фейсбукӣ ва телеграмӣ бо номи “Хуршеди Кӯҳистон” билети лотерея харидаанд ва фиреб хурдаанд.

Ин саҳифаи фейсбукӣ, ки як соли ахир барои гуё бурд кардани хонаву мошин ва дигар ашёи гаронарзиш бозӣ эълон мекунад, ба бархе “ғолибон” тӯҳфаҳои худро надодааст.

Соҳиби саҳифа иддао дорад, ки корашон қонунӣ аст, вале ҳеч далеле ба Радиои Озодӣ дар ин маврид пешниҳод карда натавонист.

“Пули шуморо давлат мусодира кард”

Нигина Ғоибова, сокини шаҳри Душанбе 10-уми январ дар Фейсбук эълони бозии лотереяи “Хуршеди Кӯҳистон”-ро дид ва бо маблағи 375 сомонӣ билет барои бозӣ харид. Пас аз чанде дар саҳифаи Вотсапии “Хуршеди Кӯҳистон” эълон нашр шудааст, ки гуё ин зан 5 ҳазору 500 сомонӣ бурд кардааст. Ба ӯ гуфтанд, ки пули бурдро то 29-уми январ ба корти бонкиаш интиқол медиҳанд, вале рӯзе баъд дар ин гурӯҳ эълон шудааст, ки “муваққатан фаъолияти лотерея барҳам дода шуд.” Ба Нигина навиштаанд, ки гуё “давлат амволи онҳоро мусодира кардааст ва пулро ба ятимону сағерахонаҳо медиҳанд.”

“Онҳо ба ҳаде таблиғ мекунанд, ки ба осонӣ боварашон мекунӣ. Ҳар саволе медодем, посух медоданд ва мегуфтанд, ки дар насибат бошад, хонаву мошин ё маблағи калони пулӣ бурд мекунӣ, лекин ҳоло фаҳмидам, ки ин фиреб будааст,”—гуфт ӯ.

Намунае аз эълони бозии лотои "Хуршеди Кӯҳистон"
Намунае аз эълони бозии лотои "Хуршеди Кӯҳистон"

Олимҷон Маҳмудов, сокини шаҳри Панҷакент пас аз дидани таблиғи бозии “Хуршеди Кӯҳистон” бо номи ҳамсараш Хушноза Шамсиева бо маблағи 350 сомонӣ билет харидааст. Ба ӯ гуфтаанд, ки 3500 сомонӣ бурд кардааст.

“Гуё, ки пули моро ҳукумат гирифтааст ва онҳо на пули билети моро дода метавонанд, на пули бурдамонро. Ман фаҳмидам, ки фиреб хурдам. Ин лотерея дурӯғ будааст. Гуфтанд, ки дар лотереяашон чорхонаа ва чанд мошин гузоштаанд,”—гуфт ӯ.

Бо чунин мазмун бештар аз даҳ нафар ба Радиои Озодӣ шикоят кардаанд, ки ин ширкат онҳоро пирӯз эълон кардааст, вале маблағе барояшон намедиҳад.

Норӯшаниҳо дар кори "Хуршеди Кӯҳистон"

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 1-уми февврал ба саҳифаи фейсбукии “Хуршеди Кӯҳистон”, ки беш аз 5 ҳазор корбар дорад, нома навишт. Дар посух нафаре, ки худро корманди ин ширкат муаррифӣ кард, тасдиқ намуд, ки “варшикаста шудаанд.”

Ӯ иддао кард, ки то кунун 73500 билети бозии лотерея аз 10 то 150 сомонӣ фурухтаанд ва пас аз муфлисӣ талош доранд, пули муштариёнро баргардонанд, вале пули бурдро дода наметавонанд.

Пас аз як рӯзи ин ҳарф, дар саҳифаҳои “Хуршеди Кӯҳистон” дубора эълони “бозии бурднок” пайдо шуд ва аз корбарон даъват мешуд, ки дар он иштирок кунанд. Соҳиби ин саҳифа ба саволи мо гуфт, ки “раҳбарашон дубора бозиро иҷоза додааст."

Нафаре, ки ба саволҳои мо дар ин саҳифа посух медод, мегуфт, ки фаъолияти онҳо қонунӣ аст ва дар Вазорати молияи Тоҷикистон сабти ном шудаанд. Дар саҳифаи Вазорати молия исми ширкатҳое, ки барои баргузории лотерея дар Тоҷикистон иҷозатнома дарёфт кардаанд, нашр шудааст, вале исми ширкате бо номи “Хуршеди Кӯҳистон” дар ин феҳраст вуҷуд надорад.

Ӯ иддао кард, ки “кормандони ВКД ва Додситонии кулл бо онҳо ҳамроҳ ҳастанд ва шаффофияти бозиро назорат мекунанд.”

Соҳиби ин саҳифаи Фейсбукӣ иддао дорад, ки гуё нафаре дар бозии онҳо ширкат карда, соҳиби хона шудааст, вале нахост рақам ва адреси он нафарро ба мо диҳад, то бо ӯ суҳбат кунем. Ҳамчунин, ин нафар ҳеч рақами телефон ё нишонии корхонаашонро дода натавонист ва гуфт, ки онҳо “онлайнӣ кор мекунанд ва адрес надоранд.”

ВКД гуфт, хабар надоранд

Рӯзи 8-уми феврал хабарнигори Радиои Озодӣ ба телефони боварии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Маркази матбуотии ин ниҳод занг зад. Дар ин ниҳод гуфтанд, ки аз фаъолияти чунин бозие хабар надоранд ва инро таҳқиқ карда, ба мо хабар медиҳанд, вале дигар ба зангҳои мо посух надоданд.

Эълон барои дархости кӯмак ба маъюбон дар саҳифаи лотои "Хуршеди Кӯҳистон"
Эълон барои дархости кӯмак ба маъюбон дар саҳифаи лотои "Хуршеди Кӯҳистон"

Таҳқиқи кутоҳи Радиои Озодӣ нишон дод, ки саҳифаи “Хуршеди Кӯҳистон” соли 2021 аввал бо номи “Охунзода Сабоҳуддин” боз шудааст ва баъдан номашро тағйир додааст. Соли 2022 ин саҳифа пур аз эълони ташкилоте бо номи “Сабриён” аст, ки гуё ба “корҳои хайру савоб” машғул аст ва ба маъюбону дармондагон кӯмак мерасонад. Дар эълонҳои “Сабриён” суратҳисоби “Амонатбонк” гузошта шуда, аз корбарон хоста шудааст, ки ба онҳо пул гузаронанд, то онҳо ба нодорон кӯмак расонанд. Дар як варақе, ки ҳамчун шаҳодатнома ба муштариёнашон пешниҳод кардаанд, гуё соҳиби “Хуршеди Кӯҳистон” нафаре бо номи “Охунзода С, соҳибкори инфиродӣ” ҳаст. Дар ин варақа рақами мушаххаси андозсупоранда дида мешавад.

Охунзода Сабоҳ ҳамчун соҳибкори инфиродӣ сабти ном шудааст, вале иҷозаи баргузории лоторо надорад
Охунзода Сабоҳ ҳамчун соҳибкори инфиродӣ сабти ном шудааст, вале иҷозаи баргузории лоторо надорад

Аз тариқи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА) мо дар сомонаи Кумитаи андоз ҷустуҷӯ кардем. Бо чунин рақам дар Кумитаи андоз нафаре бо номи Охунзода Сабоҳ соҳибкори инфиродӣ сабти ном шудааст, вале маълум нест, ки ин ҳамон “Хуршеди Кӯҳистон” аст ё каси дигар ва то куҷо ҳаққи машғул шудан ба бозии лоторо дорад.

Пас аз нашри мақола Охунзода Сабоҳ ба Радиои Озодӣ тамос гирифт ва гуфт, касе аз номи ӯ сӯистифода кардааст ва ӯ ҳеч рабте ба "Хуршеди Кӯҳистон" надорад. Ӯ гуфт, "ман маъюби гурӯҳи якум ва шоир ҳастам, ба ин лотерея ҳеч алоқамандӣ надорам."

Пуштибонӣ “Хуршеди Кӯҳистон” кист?

Як сокини дигари шаҳри Душанбе, ки аз "Хуршеди кӯҳистон" зиён дидааст, рӯзи 9-уми феврал бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, аризаи онҳоро на додситонӣ ва на ВКД дар бораи фиребкориҳои ин ширкат қабул намекунад. Ӯ гуфт, аз фиребкориҳои интернетӣ огоҳ аст, вале ба он хотир ин ширкатро бовар кард, ки бо рақамҳои тоҷикӣ ва аз тариқи бонкҳои Тоҷикистон кор мекунанд.

“Мо пули билетро ба корти бонкии “Душанбе ситӣ” гузарондем. Рақами ин корт ба телефони Тселл пайваст аст. Фиребгарон кушиш мекунанд, ки чунин кор накунанд, чун пайдо карданашон мушкил аст. Ҳоло ин касе ҳаст, ки пуштибон дорад, вагарна ҳеч кас чунин ҷуръати ошкоро фиреб кардани сокинонро надорад. Агар мақомот хоҳанд, инро аз тариқи корти бонкиаш ва рақами телефонаш дар як рӯз меёбанд, вале онҳо на танҳо ӯро ҷустуҷӯ намекунанд, балки вақте номи “Хуршеди Кӯҳистон”-ро мешунаванд, аризаи моро намегиранд,”—гуфт ӯ.

Маълум нест, ки "Хуршеди Кӯҳистон" ҳадафмандона одамонро фиреб кардааст ё воқеан гирифтори мушкил асту ба теъдоде аз муштариёнаш натавонистааст пули бурдашонро пардохт кунад. Гапҳои соҳиби саҳифаи фейсбукии "Хуршеди Кӯҳистон" ҳангоми суҳбат бо Радиои Озодӣ зидди ҳам буданд ва дақиқ кардани воқеият бар асоси ин суҳбат мушкил буд. Ӯ иддао дошт, ки аз ибтидо ба муштариён таъкид кардаанд, ки бурд карданашонро кафолат намедиҳанд. Аксари шикоятгарон низ мегӯянд, агар ин саҳифа онҳоро "ғолиб" эълон намекард, шояд даъвое намекарданд.

Тоҷиконро “шикор” кардан осон аст. Чаро?

Ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз эълони таблиғи бозиҳои бурднок ва ё роҳҳои дарёфти осони пул аст. Ҳамарӯза чандин нафар аз фиреб хурданашон шикоят мекунанд, вале зоҳиран ин ба дигарон дарс намешавад.

Видео дар бораи фиребкориҳои интернетиро инҷо бинед:

"Кор ва $1000 даромад." Ба чӣ бовар (на)кунем?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:32 0:00

Хусрави Ашур, як ҷавони тоҷик, ки дар як ширкат ба ҳайси корманди техникӣ ё “IT” кор мекунад, мегӯяд, фирбегарони интернетӣ бозори худро дар кишварҳои мухталиф меомӯзанд ва вобаста ба орзуву хоҳишҳои сокинон идеяҳо барои фиребкорӣ пешниҳод мекунанд.

“Дар кишвари мо аксари мардум камбизоат ҳастанд. Камбағал чӣ орзу дорад? Зуд ва осон соҳиби хонаву мошин шудан мехоҳад. Инҳо гуё роҳ нишон медиҳанд, ки шумо осон метавонед ба орзуҳоятон расед. Ба ҳамин роҳ камбағалон ба дом меафтанд ва фиреб мехӯранд. Ин хоси ҳама кишварҳо ҳаст, вале дар кишварҳое мисли Тоҷикистон фиреб додан барои онҳо осонтар аст,”—гуфт ӯ

Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ наворе бо чеҳраи хабарнигори Радиои Озодӣ паҳн шуд, ки сокинонро ба як “кори даромаднок” даъват мекард. Чанд нафар шикоят карданд, ки онҳо фиреб хурдаанд. Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки гурӯҳи номаълуме бо воситаи технологияҳои навин як навори кӯҳнаи хабарнигори Радиои Озодиро дасткорӣ карда, мардумро фиреб мекунанд.

Ба мақола назари Охунзода Сабоҳ илова шуд, ки мегӯяд, аз номаш сӯистифода шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG