Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар Русия гум, дар Душанбе ёфт шуд." Боздошти муҳоҷири тоҷик барои наворҳои "Ҳамос"


Акси Муҳаммаднабӣ Ҷалилов
Акси Муҳаммаднабӣ Ҷалилов

Як муҳоҷири тоҷик дар Русия, ки ба гуфтаи наздиконаш барои паҳн кардани наворҳои "Ҳамос" дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт ва бенишон шуда буд, дар боздоштгоҳи Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон дар Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Муҳаммаднабӣ Ҷалилов, сокини 23-солаи ноҳияи Ёвон, дар ширкате дар Русия ба ҳайси ҷангалбур кор мекард. Дӯстону ҳамкоронаш мегӯянд, чор нафар бегоҳи 31-уми январи имсол ӯро бо худ бурданд.

Як манбаи огоҳ аз тафтишот рӯзи 7-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, Муҳаммаднабӣ Ҷалилов аз Русия ронда ва дар Тоҷикистон ба иттиҳоми "ташкили гурӯҳи ифротгаро ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ" боздошт шуд.

Ин банди қонун аз панҷ то 8 сол зиндонро пешбинӣ мекунад. Ба гуфтаи манбаъ, се муҳоҷири дигари ихроҷшуда низ ҳамроҳи ӯ дар боздошт ҳастанд.

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ шарҳ надод, ки онҳо дақиқан бо кадом "созмони мамнуъ" ҳамкорӣ кардаанд, вале афзуд, "дар парванда зикр шудааст, ки ин гурӯҳ наворҳои хусусияти ифротидошта, аз ҷумла наворҳои "Ҳамос" ва ҷангро дар Ғазза паҳн мекардаанд."

Қаблан ҳамкоронаш дар Русия гуфта буданд, ки се корманди пулиси Русия ва як нафаре, ки тоҷикӣ суҳбат мекард, Муҳаммаднабиро аз ҷойи кораш рабуданд.

Мақомоти Тоҷикистон боздошти ин муҳоҷирро расман шарҳ надодаанд.

Пайвандонаш нахостанд дар ин бора гап зананд.

Пештар дӯстонаш нигаронӣ карда буданд, ки як ҳафта боз аз сарнавишташ хабар надоранд.

Раҳим Сафаров, яке аз дӯстони Муҳаммаднабӣ Ҷалилов, рӯзи 5-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сабаби боздошти ӯро намедонанд, вале танҳо пас аз нопадид шуданаш фаҳмиданд, ки дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои "Ҳамос"-ро паҳн мекард.

Дар саҳифаи асосии Муҳаммаднабӣ дар Телеграм акси Абу Убайда, сухангӯйи Иззуддин Қассом, шохаи низомии гурӯҳи "Ҳамос", гузошта шудааст. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд, вале Тоҷикистону Русия не.

Ҳамасола хабари боздошти даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия ба гумони ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ расонаӣ мешавад. Бештари онҳо барои "лайк" гузоштан (писандидан) ё суҳбат дар саҳифаҳои вобаста ба мухолифон боздошт мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ ин шеваи боздоштро саркӯбгарӣ медонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG