Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон интихоботи Тайванро эътироф накард


Лай Тсиндэ барандаи интихоботи президентӣ дар Тайван эълон шуд
Лай Тсиндэ барандаи интихоботи президентӣ дар Тайван эълон шуд

Тоҷикистон эълон кард, ки Тайванро ҳамчун “ҷузъи ҷудонопазири Чин” эътироф мекунад ва мухолифи ҳамагуна дахолат ба умури дохилии ин кишвар аст. Тайван ҳамеша худро мустақил ва ҷудо аз Чин медонад. Амрико аз он пуштибонӣ мекунад.

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 14-уми январи имсол нашр шуд. Як рӯз баъд аз интихоботи президентӣ дар Тайван, ки дар он Лай Тсиндэ, номзади Ҳизби Демократии Рушд ва ҷонибдори мустақилии Тайван, баранда гардид.

Чин борҳо Лай Тсиндэро ҷудоиталаби хатарбор номида, даъватҳои ӯро барои музокира рад кардааст. Лай гуфтааст, муносибати кишвараш бо Чин бояд “дӯстона” бошад, вале ҳамзамон барномаҳои дифоии ҷазирақаламравро тақвият медиҳад.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар эъломияаш рӯзи якшанбе интихоботи охирро дар Тайван “ба истилоҳ баргузоршуда” ва Чинро “кишвари дӯст” тавсиф кард.

“Тоҷикистон ҷонибдории комили худро аз сиёсати "Чини воҳид" изҳор медорад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чинро ягона ҳукумати қонунӣ ва ба намояндагӣ аз ҳамаи Чин медонад,” -- гуфта шудааст дар эъломия.

Мақомоти Тоҷикистон дар моҳи августи соли 2022 низ изҳороти ба ин монанд дода буданд. Замоне ки Ненсӣ Пелосӣ, раиси Маҷлиси Намояндагони Иёлоти Муттаҳида ба Тайван рафт ва сафари ин мақоми амрикоӣ хашми Чинро ба бор овард.

Тоҷикистон як кишвари вобастаи сармояҳои Чин аст. Аз 3,6 миллиард доллар қарзи берунии ҷумҳурӣ (то июли соли 2023) бахши асосии он ба Пекин марбут аст. Ба ин далел, ба гуфтаи коршиносон, Душанбе ҳамеша аз мавқеи Чин пуштибонӣ мекунад.

Интихоботи президентӣ дар Тайван рӯзи 13-уми январ гузашт. Як мусоҳиби оҷонси “Рейтерс” дар Кохи Сафед гуфтааст, новобаста ба натиҷаҳои он сиёсати Амрико нисбат ба Тайван бетағйир мемонад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG