Созмони "Бэнквотч" (Bankwatch Network) аз адами "шаффофият ва муколама" дар лоиҳаҳои Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд (БАБР), ки ба Узбекистон садҳо миллион доллар қарз ҷудо мекунад, изҳори нигаронӣ кардааст.
Ба гуфтаи масъулони ин созмони ғайридавлатӣ, набудани шаффофият истифодаи мақсадноки маблағҳоро зери суол қарор медиҳад. Пештар хабар дода шуд, ки БАБР соли 2021 дар Узбекистон 690 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст.
Ҳамоҳангсози дастгирии ҷомеа дар "Bankwatch Network" Нина Лесихина гуфтааст, БАБР феълан бузургтарин сармоягузориҳоро дар Узбекистон анҷом медиҳад. Аммо ба назари ӯ, "ин сармоягузориҳо ба таъмини беҳбуди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар Узбекистон хидмат намекунанд".
Ба гуфтаи Лесихина, қонуншиканиҳо дар корхонаҳои Узбекистон, ки аз сӯи БАБР сармоягузорӣ мешаванд, аз ҷумла ба зурӣ гирифтани заминҳои кишоварзон нишон медиҳад, ки "бонк дар бахши баҳодии таҳдидҳо ба ҳуқуқи инсон дар кишвари сармоягузоришаванда мушкил дорад".