Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6825 тоҷикистонӣ дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд


Намуди маҳбас дар вилояти Владимири Русия
Намуди маҳбас дар вилояти Владимири Русия

Дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Русия 6825 шаҳрванди Тоҷикистон муҳлати ҳабси худро адо мекунанд. Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС рӯзи 12-уми январ бо истинод ба ФСИН -- Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо дар Русия хабар додааст.

Ба иттилои ин ниҳод, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Русия ҳастанд, дар чаҳорчӯбаи хизматрасонии "ФСИН-нома", аз наздиконаш дар Тоҷикистон номаҳои электронӣ мегиранд.

Александр Полкин, мудири умумии ширкати "Системаи электронии хос" ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, дар маҷмӯъ, 80 дарсади муассисаҳои ислоҳӣ дар Русия ба ин система пайваст ҳастанд ва дар Соли нав маҳбусон беш аз 135 ҳазор нома дарёфт карданд, ки миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар маҷмӯъ ба ҳадафи дарёфти ризқу рӯзӣ ба шаҳрҳо ва минтақаҳои Русия сафар мекунанд, гоҳе барои ҷинояткорӣ боздошт мешаванд. Ба иттилои ин хабаргузорӣ, агар дар 15-20 соли пеш шаҳрвандони Тоҷикистон дар умум ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир муттаҳам дониста мешуданд, дар солҳои ахир барои нақзи қонунҳои муҳоҷират пушти милаҳои зиндон мераванд.

Ҳолатҳои ҳам кам нестанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия барои фаъолиятҳои экстремистӣ муттаҳам мешаванд. Бо ин ҳол, бисёре аз маҳкумшудагон дар додгоҳҳое, ки ҳуқуқи онҳо ба шиддат нақз шудааст, аз қарорҳои ноодилона шикоят мекунанд.

Фаъолони ҳуқуқ башар мӯътақиданд, ки дар амал ниҳодҳои додгоҳии Русия дар робита ба шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз равиши сохтакории иттиҳомот, истифода мекунанд.

Фақат шумори каме бо кӯмаки наздиконашон баъдан метавонанд ба ватани худ баргарданд. Ҷое, ки онҳо ҳамчунон ҳукми худро дар онҷо адо мекунанд ва ҳаққ доранд бо хешовандони худ бештар мулоқот дошта бошанд.

Русия кишвари аслии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст ва солона садҳо ҳазор нафар бинобар набуди ҷойи кор дар ватан ба он кишвар мераванд.

XS
SM
MD
LG