Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арӯс аз Хоразм, домод аз Восеъ. ВИДЕО


Вақте дилҳо пайванд мешаванд, надонистани забон монеа нест. Дар мисоли қаҳрамонҳои ин гузориш, ки домод аз Тоҷикистон аст ва арӯс аз Узбекистон. Аҳди садоқати ин ду ҷавон дар Русия ва дар ниҳоят издивоҷи онҳо дар ватан, хонаводаҳояшонро дар бо ҳам наздик кард.​ Абдуқаҳҳор Каримови 22-сола аз ноҳияи Восеъ, арӯсаш Ирода Ахмедоваро аз шаҳри Хоразм пайдо карда, издивоҷ намуданд.

Фозил Каримов, сокини ноҳияи Восеъ ва падари Абдуқаҳҳор мегӯяд, писараш дар Русия таҳсил мекард ва вақте ӯ шунид, ки фарзандаш бо як духтар аз Узбекистон дӯстӣ пайдо кардааст ва мехоҳад издивоҷ кунад, хабарро ба хушӣ пазируфт.

Забони муошират дар ин тӯй русӣ буд, зеро хонаводаи домод забони узбекиро намедонанд ва арӯсу хонаводаашон ҳам бо тоҷикӣ сӯҳбат карда наметавонанд. Онҳо дар Донишгоҳи технологии шаҳри Санкт-Петербурги Русия таҳсил мекунанд ва маҳз омӯзиши забони русӣ, сабаби шинос шудани ин ду ҷавон гардид.

Абдуқаҳҳор Каримов мегӯяд, ду сол дар Санкт-Петербург таҳсил мекард ва соли савум бо Ирода шинос шуд. Чун забони русиро сусттар медонист, Ирода ӯро кӯмак мекард ва ӯ низ дар омода кардани дарсҳо ба Ирода ёрӣ мерасонд.

Арӯсу домод ва меҳмонро бо мошинҳои Узбекистон ба Восеъ оварданд. Дар марз ҳам мушкиле надоштанд. Наздикони домоду арӯс ин издивоҷ фарзандонашон зоҳиран хеле ба хушӣ пазируфтаанд.

Арӯс аз Хоразм, домод аз Восеъ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Маҳмудҷон Ахмедов, падари арӯс мегӯяд, "фикр намекардам, ки домодам аз Тоҷикистон хоҳад буд. Аммо ҷавонон ҳамсафари зиндагии худро худашон интихоб карданд. Дӯстӣ бештар мешавад, дӯстии миллатҳо. Бо якдигар рафтуомад мекунем".

Наздикони арӯсу домод қабл аз баргузории маросими издивоҷ, шеваҳои баргузории онро маслиҳат кардаанд. Тахмин мезаданд, ки расму таомули баргузории ин маросим шояд тафовутҳое вуҷуд дорад.

Аммо Сайлонбӣ Каримова, модари домод мегӯяд, "ҳамон чодари арӯсие, ки мо мезанем, онҳо ҳам мезананд. Пеш аз ҳама ба арӯс шир тақдим мекунем, онҳо ҳам чунин мекунанд, дар дасти арӯсу домод кӯдак медиҳем, онҳо ҳам ҳамин корро мекунанд. Фақат таомули онҳо як фарқ дорад, ки ба дӯстони домод тӯҳфа медиҳанд, дар мо қаблан буд, ҳоло нест".

Пас аз гармии муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон дар чанд соли ахир, издивоҷи шаҳрвандони ин ду кишвар асосан дар ноҳияҳои марзӣ иттифоқ меафтод. Замонии сардии муносибатҳо ҳатто хонаводаҳое ҳам буданд, ки домоду арӯс дар ду тарафи марз монда буданд ва бо ҳам равуо карда наметавонистанд.

XS
SM
MD
LG