Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҳаррик оташ гирифт". Ҷузъиёти суқути ҳавопаймои украинӣ дар Теҳрон. ВИДЕО


Як ҳавопаймои украинӣ субҳи 8-уми январ баъди баланд шудан ба ҳаво дар фурудгоҳи Имом Хумайнии Теҳрон ба замин сарозер шуд ва 176 сарнишину мусофирони он ҷон бохтанд.

Қосим Бениёз, сухангӯи Вазорати роҳу нақлиёти Эрон гуфт, яке аз муҳаррикони ҳавопаймои Боинг 737-800, ки ба ширкати ҳавопаймоии Украина (UIA) мутааллиқ аст, оташ гирифт. Ӯ гуфт, халабон назорати ҳавопайморо аз даст дод ва ҳавопаймо ба замин афтод.

Вазири умури хориҷии Украина Вадим Пристайко гуфт, дар дохили ҳавопаймо 82 шаҳрванди Эрон, 63 шаҳрванди Канада, 10 табааи Шветсия, чаҳор нафар аз Афғонистон, се олмонӣ ва се бритониёӣ нишаста буданд.

Шӯрои амнияти Украина гуфт, дар дохили ҳавопаймо 11 шаҳрванди ин кишвар ва нӯҳ ҳайати халабон буданд. Президенти Украина Владимир Зеленский бо пахши изҳороте гуфт, ки Украина талош дорад ҷузъиёти ҳодисаро мушаххас кунад.

Ӯ ба тамоми наздикони қурбониҳои ҳодиса изҳори таслият кард ва гуфт, истироҳаташ дар Уммонро қатъ карда, ба ватан бармегардад.

Суқути ҳавопаймои мусофирбари украинӣ дар канори фурудгоҳи Теҳрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:50 0:00

Дар Киев Максим Коваленко, сардори раёсати мудирияти бӯҳронҳои Вазорати умури хориҷии Украина дар нишасти хабарии рӯзи 8-уми январ гуфт: "Сафорати Украина дар Эрон зуд ба ин ҳодиса вокуниш кард. Ҳоло консул ва сафир дар фурудгоҳ ҳастанд. Мо бо тими наҷот ва ҳам фурудгоҳи Эрон ҳамроҳ кор мекунем. Ба наздикону оилаҳои онҳое, ки дар ин ҳодисаи мудҳиш ҷон бохтанд, таслият баён мекунем."

Хабарнигорон гуфтанд, ки дар маҳалли суқути ҳавопаймо дар як майдони кишт осори ҳавопайморо дидаанд. Ин ҳодиса чанд соат баъди он рух дод, ки Эрон ду пойгоҳи низомии Амрикоро дар ҳудуди Ироқ ҳамчун посух ба куштори фармондеҳи нирӯҳои қудси Эрон Қосим Сулаймонӣ аз ҷониби амрикоиҳо мушакборон кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқияе ба унвонии президенти Украина Владимир Зеленский тасаллияти худро дар заминаи марги шаҳрвнадони кишвараш дар фоҷеаи суқути ҳавопаймо баён кард.

XS
SM
MD
LG