Рӯзи 18-уми декабр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аввал миёни сокинон муноқиша сар зада, баъдан, ба гуфтаи мақомот, ба тирпаронии марзбонони ду кишвар боис шудааст. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, сокинони наздимарзии Қирғизистон як хонандаи мактаб ва имоми маҳаллаи тоҷиконро латту кӯб кардаанд. Ҷониби Қирғизистон баръакс сокинони Исфараро ба он муттаҳам мекунад, ки як шаҳрванди ин кишварро латту кӯб намуданд. Мақомоти қирғиз аз захмӣ шудани як корманди умури дохилии он кишвар ва панҷ каси дигар хабар доданд.
Муноқиша миёни сокинони наздимарзӣ дар деҳаи Сомониёни Тоҷикистон ва Кук-Тоши Қирғизистон соати 9:30-и субҳи 18-уми декабр сар задааст. Як мақом дар ҳукумати Исфара бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, сокинони деҳаи Кук-Тоши Қирғизистон ҳангоми убури мактабхонҳои тоҷик аз ҳудуди деҳа онҳоро латту кӯб кардаанд. Ба гуфтаи манбаъ, дар пайи ин ҳодиса миёни сокинони наздимарзии ду тараф сангпартоӣ шуруъ шуд, ки дар натиҷаи он хонандаи мактаб Умедҷон Сафаров ва имоми масҷиди деҳаи "Сомониён" Содиқбой Набиев, осеб диданд.
Аммо Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон як сокини маҳаллаи қирғизҳоро дар наздикии хатти марзи эҳтимолӣ латту кӯб кардаанд. Ин нафар, ба навиштаи мақомоти қирғиз, ба беморхона интиқол дода шудааст.
Дар Беморхонаи шаҳри Исфара субҳи 18-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ҷараёни муноқишаи имрӯз се сокини ин шаҳр Умедҷон Сафарови 14-сола, Асрорхон Асадзодаи 23-сола ва Содиқбой Набиеви 59-сола осеб дидаанд. Масъулони Беморхонаи шаҳри Исфара гуфтанд, Умедҷон Сафаров, хонандаи мактаб аз ҳисоби латту кӯб ва ду нафари дигар аз санг ҷароҳат бардоштаанд. Вазъи онҳоро табибони тоҷик муътадил мегӯянд,
Хадамоти марзбонии Тоҷикистон ва дигар мақомоти расмии кишвар то ҳол расман дар ин бора изҳори назар накардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд гуфт, роҳбарони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон бо ҳам вохӯрда, вазъи имрӯзаро баррасӣ карданд. Ба гуфтаи сухангӯи раиси вилояти Суғд, роҳбарони вилоятҳои ҳаммарз пирони маҳаллаҳои ду тарафи марзро ҷамъ карда ва мардумро ба муросо овардаанд. Музаффар Юнусов гуфт: "Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ду деворе, ки боиси баҳс шудааст бардошта мешаванд."
Қаблан мақомоти Қирғизистон гуфта буданд, ин деворҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон дар қитъаи аломатгузоринашудаи марз сохтанд, ки боис ба сар задани муноқиша шуд.
Як мақом дар ҳукумати шаҳри Исфара гуфт, марзбонии Қирғизистон ба латту кӯби мактабхони тоҷик Умедҷон Сафаров аз сӯи шаҳрандони қирғиз вокунише накарданд. Аммо ба гуфтаи ин мақом, вақте сокинони ҷамоати Чоркӯҳ ба қазия дахолат карда, ба нафаре, ки навраси тоҷикро латту кӯб кард дарафтоданд, марзбонии қирғиз ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон оташ кушоданд. Ба гуфтаи манбаъ, дар ҷавоб марзбонони тоҷик низ оташ кушодаанд ва баъд аз ин сарҳадбонони қирғиз тирпарониро қатъ карданд.
Хадамоти марзбонии Қирғизистон тирпаронӣ дар сарҳадро тасдиқ карда ва гуфтааст, ки як корманди милисаи он кишвар ҷароҳат бардоштааст. Ба иддаои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, тирпаронӣ соати 11:30 нахуст аз ҷониби Тоҷикистон шурӯъ шуд. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар пайи тирпаронӣ гуфтугӯ миёни мақомоти ду кишвар феълан қатъ шуда, ҳарду тараф ба шаҳрвандони худ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.
Дар пайи ин муноқиша, ба навиштаи мақомоти қирғиз, муовинони фармондеҳии марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон Ҳикматулло Пираков ва Абдукарим Алимбаев бо ҳам телефонӣ гуфтугӯ кардаанд.
Муноқиша миёни сокинони деҳаи Сомониёни Тоҷикистон ва Кук-Тоши Қирғизистон ду рӯз қабл 16-уми декабр низ рух дода буд. Сабаби аслии ин муноқиша то ҳол расман шарҳ дода нашудааст. Аммо рӯзи 16-уми декабр сокинони Кук-Тоши Бодканд гуфтаанд, ки онҳо дар пайи дастгир шудани як сокини ин деҳа дар мавзеи Ворухи Тоҷикистон аз сӯи сарҳадбонони тоҷик, ба нишони эътироз роҳи тоҷиконро бастаанд. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон то ба ҳол ба ин иддаои сокинони Кук-Тош вокунише нишон надодаанд.
Деҳаҳои Сомониёни Тоҷикистон ва Кук-Тоши Қирғизистон дар ҷамоати Чоркӯҳ канори ҳам ҷойгиранд. Давоми моҳи ҷорӣ бори чаҳорум аст, ки байни сокинони Исфараву Бодканд дар мавзеи Сомониён сангандозиву роҳбандӣ сурат мегирад ва мақомоти ҳар ду ҷониб онро фурӯ менишонанд.
Деҳаҳои Сомониён ва Кук-Тош аз мавзеъҳои ҳанӯз мушаххаснашудаи сарҳадӣ маҳсуб меёбанд, ки дар он сокинони тоҷику қирғиз канори ҳам зиндагӣ мекунанд ва гоҳу ногоҳ байни сокинон сари соҳиб шудан ба манобеи обу замин, баҳсу муноқишаҳо рух медиҳад. Муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистон Қирғизистон, ки асосан байни сокинон сар мезанад дар гузашта чандин кушта барҷой гузоштааст.