Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷакшилики 7-сола намедонад, ки аҳли хонаводаашро аз даст додааст. ВИДЕО


Ҷакшилик Шералиеви ҳафтсола субҳи 16 январ, вақте чашмонашро боз кард, фақат вайронаҳои хонаашонро дид. Падару модар ва ду хоҳари хурдсолаш дар пайи суқути ҳавопаймои борбари як ширкати туркӣ дар деҳаи Дачи Су, воқеъ дар наздикиҳои шаҳри Бишкек, ҷон бохтанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ Ҷакшиликро дар бемористони минтақавии Сокулской пайдо карданд. Ӯро мошини “Ёрии таъҷилӣ” тақрибан соати 10-и рӯзи гузашта ба бемористон бурда буд.

Рӯзи 16 январ бар асари суқути ҳавопаймои борбари Boeing 747 дар наздикиҳои Фурудгоҳи байналмиллаии Манас воқеъ дар шаҳри Бишкек, 37 нафар ҳалок шуданд.

Ин писарбача дар ҳолати такондиҳанда қарор дошт ва зарбаи мағзӣ хӯрда буд. Вале ҳоло дар ҳолати мӯътадил қарор дорад ва, ба қавли пизикши навбатдор Кутман Кумарбеков, ба Ҷакшилик бояд аз ҷиҳати равонӣ кумак расонда шавад. “Бемористони минтақавӣ равоншиноси кӯдак надорад ва танҳо мутахассиси бахши асаб ё асабшинос дар инҷо фаъолият дорад”, - афзуд ӯ.

Дар канори Бишкек "қуттии сиёҳ"-и ҳавопаймои сарнагуншударо ёфтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:14 0:00

Ба ин нигоҳ накарда, Ҷакшилик шӯхӣ мекунад ва нақл менамояд, ки кадом афсона ва филмҳои тасвириро бештар дӯст медорад. “Ман мехоҳам, ки сарбоз шавам, барои онки онҳо ватани худро ҳифз мекунанд”, - бо боварӣ ҷавоб дод ӯ. Вай бидуни тарс дар бораи ҳодисае, ки иттифоқ афтодааст, низ нақлҳо кард. “Ҳавопаймои сарнагуншуда, ҳама чизро дар кӯчаи ҳаштум маҳв кард ва аз байн бурд”, - гуфт ӯ.

Вай афзуд, “ҳама хонаҳо вайрону нобуд шуданд. Милисаҳо ва баъдан мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” омада, одамонро бурданд. Милисаҳо ба онҳо нигоҳ мекарданд. Саройи мо боқӣ мондааст, аммо сақфи ҳамсоя тахриб шудааст. Ман субҳ ба назди онҳо рафтам ва онҳо ба ман либос дода, дар мошини “Ёрии таъҷилӣ” шинонданд”, - нақл кард Ҷакшилик.

Баъд аз ним соати ба бемористон овардани Ҷакшилик, писарчаи дигареро бо номи Эркин Баетов ба инҷо оварданд. Вай аз як деҳаи дигар аст. Ҷакшилик ба вай нақл кардааст, ки дар ҳоле ҳамаи аҳли оилаи онҳо дар меҳмонии падарбузургашон буданд, ӯ аз падараш хост, то шаб дар онҷо бимонанд, вале падараш исрор дошт ва онҳо ба хонаи худ баргаштанд.

“Вақте чашмонамро боз кардам, дар наздики девор истода будам. Чизе дар хотирам нест ва ман хунук хӯрда будам. Дидам, танҳо пойдевор монда ва дигар – ҳеҷ”, - гуфтааст ӯ. Ба қавли Эркин Баетов, ҳарчанд тақрибан ҳама пизишкони бемористон машғули парастории ин писарча буданд, вале дар наздаш касе аз наздиконаш набуд. Табибон хоҳиш кардаанд, то хешовандонашро пайдо кунанд ва нахуст ба назди ӯ бибиаш омадааст.

Ҷакшилик
Ҷакшилик

“Бо дидани ин писарча, фишори хунаш баланд шуд ва ӯ натавонист дигар ба худ ояд”, - қисса кард ҳамсояи ин писарча дар бемористон. Бибияшро дар бемористон хешовандашон Бахтигул Имомбердиева иваз кард. Эркин ва Бахтигул бо душворӣ аз гиря худро нигоҳ медоштанд. Ҳар сухан ва ҳатто табассуми писарбача барои онҳо дардноку аламовар буд. Сухан гуфтан низ барои онҳо душвор буд, зеро ба писарча чизе гуфта наметавонистанд.

Ҷакшилик фарзанди бузурги хонавода буд ва баъд аз ӯ ду хоҳари панҷ ва ду сола буданд. Ҳамон рӯз онҳо якҷоя хобиданд ва ҳама дар як утоқ буданд. Фардо волидону хоҳарони ӯро дафн мекунанд. Дар бораи фавти онҳо ба писарча иттилоъ додан хатарнок буд.

Рӯзи 16 январ бар асари суқути ҳавопаймои борбари Boeing 747 дар наздикиҳои Фурудгоҳи байналмиллаии Манас воқеъ дар шаҳри Бишкек, 37 нафар ҳалок шуданд. Намояндаи ширкати АСТ Airlines гуфт, зарари хонаводаи қурбониён ва зарардидаҳоро ҷуброн хоҳанд кард. Ба иттилои АСТ Airlines, ҳайати сарнишинон баъд аз истироҳати 69-соатӣ дар Ҳонконг, аз роҳи Бишкек озими Истанбул буд.

XS
SM
MD
LG