Матлуба Аҳмедова ва Раҳмоналӣ Ғиёсов – ду нафари муттаҳам ба рабудани Ф.Б.-и ҳафтсола дар Душанбе – ба 9 ва 8.5 соли зиндон маҳкум шуданд. Ин ҳукм охири моҳи октябри имсол аз тарафи Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт эълон шуда, аммо хабараш тоза расонаӣ гардид.
Иттилои тоза дар бораи теъдоди наврасони гумшуда дар Тоҷикистон дар даст нест. Аммо бар асоси иттилои соли 2013, дар кишвар 232 ноболиғ гум шуда, дар пайи ҷустуҷӯ 227 нафарашон пайдо карда шудаанд.
"Ташкили фоҳишахона дар толори маҳс"
Мақомоти додгоҳ гуфтанд, Аҳмедова дар баробари "одамрабоӣ" ба "ташкили фоҳишахона дар толори маҳс" низ айбдор шуда, мӯҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ адо хоҳад кард. Ба қавли мақомоти додгоҳ, Аҳмедова дар меҳмонхонаи "Душанбе-Палас" чанд занро барои танфурӯшӣ ҷалб карда будааст, ки зери чатри маҳсгарӣ фаъолият доштанд.
Аммо онҳо гуфтанд, Матлуба Аҳмедова танҳо барои қасди рабудани Ф.Б. дар тобистони имсол айбдор шуда, дар ҳолатҳои дигари кӯдакдуздӣ даст надоштааст. “Қазияи рабуда шудани духтарчаи ноболиғ аз ҷониби ин зан дар моҳи июл ба хусумати шахсии ӯ ва модари ноболиғ пайванд мегирад”, - гуфтанд дар додгоҳ.
Модари Ф.Б.: Аҳмедова аз ман узр хост
Ҷонона (Фаранигис) Бадалова, модари Ф.Б-и ҳафтсола, рӯзи 6 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Матлуба Аҳмедова дар додгоҳ аз вай узрхоҳӣ карда, вале гуфтааст, барои рабудани духтараш маҷбур шуда буд. “Дар додгоҳ пурсидем, агар мақомот боздошт намекарданд, бо духтарам чӣ мекард? Дар ҷавоб гуфт, чанд рӯз нигоҳ медошт, то сейфи гумшудаашро, ки дар дуздидани он маро гумонбар мекард, ба ӯ баргардонем”, - нақл кард Бадалова.
Вай афзуд, “Матлуба Аҳмедова дар мурофиа гуфт, дуздидани кӯдак дар фикраш набуд. Фақат ронанда ба ӯ маслиҳат додааст, ки агар духтари маро дузданд ва даҳ ҳазор талаб кунанду барояшон барем, пас, сейфро мо дуздидаем. Аммо сейфро ман нагирифта будам ва то ҳол ёфт нашудааст. Ба ҳар ҳол, гуфтем, ки ҳар чизе қонун барояшон бихоҳад, розӣ ҳастем. Вай баробари шунидани ҳукм аз ҳуш рафт...”
"Сейф" куҷо шуд?
Бадалова мегӯяд, рӯзи 17 июли имсол, баъди як моҳи гум шудани сейф аз маркази маҳси зери раҳбарии Матлуба Аҳмедова, ин зан ба вай занг зада ба забони русӣ таҳдид кардаст. Аз рӯи иттилои Бадалова, дар дохили сандуқ пули марбут ба Аҳмедова нопадид шуд ва Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур Бадаловаро ҳамчун гумонбари аслӣ ба бозпурсӣ даъват карда аз соати 9 субҳ то 9 шом ба ӯ саволҳо додааст.
Ба қавли Ҷонона Бадалова, баъди он ки пулис ба бегуноҳии ӯ бовар карда ӯро дигар дар ин қазия "гумонбар" арзёбӣ накард, 17 июл Матлуба ба ӯ занг зада нахуст таҳдид ва рӯзи 20 июл дуздии духтарчаашро ташкил кард.
Баъди қазияи Сабина ва Малика Араловаҳо
Рӯзи 25 июли имсол матбуот аз ошкор шудани як гурӯҳ хабар дод, ки ба эҳтимоли зиёд ба кӯдакрабоӣ дар Душанбе машғул будааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ карда ва гуфта буд, аъзои ин гурӯҳ замоне боздошт шуданд, ки қасди дуздидани Ф.Б. -и 7-соларо доштанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса дар атрофи Маркази савдои “Садбарг”-и пойтахт, дақиқан дар ҳамон мавзее рух додааст, ки хоҳарон Сабина ва Малика Араловаҳо ва баъдтар Осияи 5-сола гум шуданд. Хоҳарон Сабина ва Малика Араловаҳо моҳи марти соли 2013 нопадид шуда, то ҳол дар куҷо будани онҳо маълум нест. Аммо наздикони Осия (Сабоҳат) Диловароваи 5-сола ҷасади ӯро аз шаҳри Ҳисор ёфтаанд. Ин ду ҳодисаи мудҳиш бисёриҳоро дар Тоҷикистон аз назари набуди амнияти кӯдакон дар кишвар нигарон кард.
Ҳоло иттилои тоза дар бораи теъдоди наврасони гумшуда дар Тоҷикистон дар даст нест. Аммо бар асоси иттилои соли 2013, дар кишвар 232 ноболиғ гум шуда, дар пайи ҷустуҷӯ 227 нафарашон пайдо карда шудаанд.