Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Русия барои расидан ба ҳадаф аз фишангҳои иқтисодӣ кор мегирад". ВИДЕО


Рӯзи 4 ноябр ҳайати мақомоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба манзури музокирот бо ҳамкоронашон аз Русия озими шаҳри Маскав шуданд. Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 4 ноябр ба Озодӣ гуфт, ки ба хотири баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкили парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистон ва Русия ҳайати ин кишвар ба музокироти Маскав рафт.

Ҷаноби Ганҷалзода хабари баргузории гуфтушуниди ахири ҳайатҳои Тоҷикистону Русия дар шаҳри Бишкекро рӯзи 2 ноябр ҳам тасдиқ кард ва

Н.Давлат: Умдатан Русия барои бароварда сохтани манфиатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сиёсии худ ба кишварҳои пасошӯравӣ, бахусус Тоҷикистон фишор меорад ва аз шантаж кор мегирад, то дар баҳсҳои иқтисодию тиҷоратӣ дастболо шавад

гуфт, ки дар ин дидор ихтилофи назарҳо дар масоили алоқаи ҳавоӣ матраҳ шуда, аммо протокол ё санади дигари ҳуқуқие дар ин замина имзо нашудааст.

Вай дар иртибот ба ҳушдори Русия дар мавриди хатари қатъ шудани парвозҳо миёни шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистон рӯзи 8 ноябри соли ҷорӣ гуфт, “бо ин вуҷуд, ҷониби Тоҷикистон дар музокироти Маскав аз манфиатҳои ширкатҳои ҳавоии худ ҳимоят карда ва ба принсипи баробарӣ дар анҷоми парвозҳо пофишорӣ хоҳад кард”.

Адами пешрафт дар музокироти муқаддамотии Бишкек

Зимнан, рӯзи 4 ноябр расонаҳои Русия дар бораи дидори ҳайатҳои вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Русия зимни дидор дар шаҳри Бишкек ва адами пешрафт дар рафъи ихтилофи назарҳо дар масоили алоқаи ҳавоӣ хабар доданд. Ин нишаст дар ҳошияи ҳамоиши нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Бишкек баргузор шуд.

Ҳайати Тоҷикистон барои ҳалли мушкили рафтуомади ҳавоӣ ба Маскав меравад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Бино ба иттилои радиои “Эхо Москвы”, ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки парвози ҳавопаймоҳои миёни шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистон то 8 ноябри соли ҷорӣ бидуни маҳдудият анҷом шуда, ба гуфтаи Валерий Окулов, раҳбари ҳайати Русия, имкон дорад то он замон ҷонибҳо тавассути гуфтушунид роҳҳои ҳалли ин мушкилро пайдо кунанд. Дар ин нишаст пешниҳод шудааст, ки ба раванди музокирот намояндагони вазоратҳои хориҷии ин кишвар низ шомил шаванд.

Григорий Карасин
Григорий Карасин

Зимнан, рӯзи 9 ноябр ба Тоҷикистон сафари муовини вазири хориҷаи Русия Григорий Карасин дар назар аст ва эҳтимолан, яке аз масоили мавриди баррасӣ мушкили парвозҳо шавад. Феълан вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, сафари ҳайате ба раҳбарии Карасин ба хотири баррасии масоили муҳими марбут ба ҳакориҳои ду кишвар анҷом мешавад.

Рӯзи 3 ноябр вазорати нақлиёти Русия гуфт, ки бо сабаби мухолифати Тоҷикистон барои ташкили парвозҳо ба самти Тоҷикистон аз Маскав тавассути фурудгоҳи Жуковский, Русия кулли парвозҳо ба самти Тоҷикистонро қатъ мекунад. Юсуф Раҳмон, сардори Раёсати ҳавопаймои мусофирбари Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 3 ноябр ба Озодӣ гуфт, дар сурати тавассути фурудгоҳи воқеъ дар вилояти Маскав анҷом шудани парвозҳо, манфиати ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон аз рӯи муқаррароти “паритет ё баробарӣ” риоят намешавад. Мояи норизоияти Тоҷикистон ин аст, ки шумори ширкатҳои русии анҷомдиҳандаи парвоз ба шаҳрҳои ин кишвар назар ба хадамоти ширкатҳои тоҷикӣ бештар аст.

Жуковский аз фурудгоҳии аслии Маскав дар фосилаи то 100 км роҳ ҷойгир аст

Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати аз Жуковский ҳам илова шудани парвозҳо ба самти Тоҷикистон, шумори парвозҳои ширкатҳои ҳавоии Русия ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд афзоиш меёбад ва ин чиз манфиатҳои бозори парвозҳои Тоҷикистонро халалдор мекунад.

Жуковский замоне танҳо фурудгоҳи низомӣ буд ва ҳоло ба як фурудгоҳи мусофирбар табдил шудааст
Жуковский замоне танҳо фурудгоҳи низомӣ буд ва ҳоло ба як фурудгоҳи мусофирбар табдил шудааст

Аз сӯи дигар, фурудгоҳи нав дар ҳудуди вилояти Маскав воқеъ буда ва аз фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Маскав – “Шереметево”, “Домодедово” ва “Внуково” дар фосилаи 40 то 100 км роҳ ҷойгир аст ва ин тасмим барои мусофирони тоҷик мушкилоти зиёд эҷод мекунад. Хусусан барои мусофирони тоҷик, ки мехоҳанд аз тариқи Маскав ба кишварҳои дигари хориҷӣ парвоз кунанд.

Муҳимтарин бахши мусофирони ҳавопаймоҳои Тоҷикистон-Маскав? муҳоҷирони кории тоҷик ҳастанд, ки бо ҳадафи кору рӯзӣ ба ин кишвар мераванд ва солона шуморашон дар ҳудуди 1 миллион нафар ҳисоб шудааст.

Шантаж ба хотири расидан ба ҳадаф?

Нуралӣ Давлат, коршиноси мустақил мегӯяд, ки умдатан Русия барои бароварда сохтани манфиатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сиёсии худ ба кишварҳои пасошӯравӣ, бахусус Тоҷикистон фишор меорад ва аз шантаж кор мегирад, то дар баҳсҳои иқтисодию тиҷоратӣ дастболо шавад.

Нуралӣ Давлатов
Нуралӣ Давлатов

Вай гуфт, “Дар тӯли 25 соли истиқлолияти Тоҷикистон Русия борҳо барои расидан ба манфиатҳои стратегиаш аз фишор ва фишангҳои иқтисодию сиёсӣ кор гирифтааст. Яке аз сабабаҳои аслии фишорҳои ахири Русия болои Тоҷикистон, водор кардан ба пазириши узвияти Созмони Иқтисодии АвруОсиё мебошад. Русия дар масъалаи манфиатҳои миллии худ ҳатто дар ҷузъитарин масъалаҳо болои Тоҷикистон фишор меорад.

Ҷаноби Давлат ба унвони мисол аз қазияи боздошти халабонҳои рус дар соли 2011 ном бурд, ки ба таври ғайриқонунӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон парвоз карда буданд. Дар пайи ин ҳодиса мақомоти баландпояи Русия барои фишор болои Тоҷикистон аз “фишанги муҳоҷирон” истифода карда ва чанд ҳазор муҳоҷири тоҷикро аз ин кишвар ихоҷ карда буд.

Фурудгоҳи Жуковский дар наздикии шаҳри Маскав аз моҳи майи соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз карда ва қарор аст ширкати русии “Уральские авиалинии” аз ин фурудгоҳ ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд парвозҳо анҷом диҳад.

Феълан дар ин феҳрист номи ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон шомил нашудааст ва, ба гуфтаи мақомоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, ин амр ба созишномаи ҳавопаймои мусофирбари миёни ин ду кишвар ва принсипи баробарӣ дар анҷоми парвозҳо мухолифат дорад. Тоҷикистон мегӯяд, ки то охир барои ҳимояи манфиатҳои худ пойфишорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG