Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи забон алайҳи "вожаҳои бегона" ҷанг эълон кард


Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон

Ҷомеаи хабарнигорони тоҷикро, ки дар як соли охир аз маҳдуд шудани озодии баён сӯҳбату шикоят мекарданд, огоҳии нави Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба ташвиш овардааст. Аз нигоҳи онҳо, тасмими ҷарима намудани журналистон барои нақзи меъёрҳои забони тоҷикӣ фазоро барои фаъолияти онҳо тангтар мекунад.

Масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон эълон карданд, минбаъд рӯзноманигороне, ки дар навиштаҳояшон забони тоҷикиро олуда мекунанд, ҷарима хоҳанд шуд. Гавҳар Шарофзода, раиси ин кумита гуфт, барои риоя накардани меъёри забони давлатӣ шахсони воқеӣ аз 15 то 20 нишондиҳанда (ҳар нишондиҳанда ба 40 сомонӣ баробар аст), яъне аз 600 то 800 сомонӣ ҷарима хоҳанд супурд. Ҷарима барои шахсони ҳуқуқӣ аз 30 то 40 нишондиҳанда будааст, ки аз 1200 то 1600 сомониро дар бар мегирад.

Аз ин пас, дурустии истифодаи калимаҳоро дар расонаҳо гурӯҳи махсус санҷиш мекунад.

Саодатшо Матробиён
Саодатшо Матробиён

Саодташо Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, таъини ҷаримаи роҳи ниҳоӣ барои ҷилавгирӣ аз забони нофаҳмои рӯзноманигорон аст. "То ин дам чанд бор сӯҳбатҳо анҷом додем. Ҳатто мактуб фиристодем. Аммо мебинем рӯзноманигор боз ба ҳамон тарзи гуфтораш идома медиҳад," - афзуд ӯ.

Матробиён зери мафҳуми меъёри тоҷикӣ истифодаи ҷумлаҳои соддаи адабиро дар назар дорад, ки набояд бо калимаҳои арабӣ олуда бошад ва “мардуми оддӣ” дар фаҳми он мушкил накашад. Ин ниҳод дар ҳоле чунин талабро дар миён мегузорад, ки то кунун меъёри собити забони тоҷикӣ мушаххас нест. Нигарониҳо вуҷуд дорад, ки аз чунин номуайянӣ ҷонибҳои манфиатдор метавонанд сӯистифода кунанд.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, дар чанд соли охир басарфу навҳи забони тоҷикӣ чандин бор тағйир ворид шуд, ки барои аксарият ҳанӯз ошно нест. Гузашта аз ин, Қаршибоев рисолати Кумитаи забон ва истилоҳотро на дар муҷозоти рӯзноманигорон, балки дар таҳкими меёрҳои забонӣ тоҷикӣ донист.

“Танҳо ба чанд нафар вогузор кардани салоҳияти санҷиши риояи меъёри забони тоҷикӣ дар расонаҳо нодуруст аст, дар ҳоле ки забондонии худи ин нафарон исбот нашудааст,” - афзуд Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Сайфи Сафар, хабарнигори тоҷик, иқдоми нави Кумитаи забон ва истилоҳторо ба ҷуз аз маҳдудияти озодии баён чизе бештар намедонад. Ӯ мегӯяд, забони тоҷикӣ дар ин даврони фанноварӣ бояд аз ҳадди “чӣ хелӣ?” ва “созӣ?” ба ҷойгоҳе бирасад, ки тавони бештареро барои донишандӯзии гӯишваронаш касб кунад. Ин хабарнигор тасмими ахири Кумитаро талоше барои дар асорати долонҳои ин ниҳод қарор додани забони тавонманди тоҷикӣ арзёбӣ мекунад.

Ӯ гуфт, "вожаҳоеро, ки Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забону истилоҳот баршумардааст, ба ҳеч ваҷҳ бегона буда наметавонанд, балки худианд. Гузашта аз ин, таҷрибаи забонҳои дунё нишон медиҳанд, ки забон чизи зинда ҳаст ва бо гузашти замон аз забонҳои дигар вожа мегирад. Он вожаҳо ба руҳу равони забони пазиранда мутобиқ мешаванд ва дигар бегона намебошанд."

Ин мусоҳиби мо меафзояд, агар аз бегонагии вожаҳо сӯҳбат шавад, пас “суд” ва “прокуратура” аз бегонатарин вожаҳоанд, ки сари ҳар қадам дучор мешаванд. “Магар замоне нарасида, ки “додгоҳ” ва “додситонӣ” ҷойгузини онҳо шаванд.

Сайф Сафар
Сайф Сафар

Баҳси мушкил шудани забони расонаҳо дар Тоҷикистон аз чанд соли пеш идома дорад ва рӯзноманигорон асосан дар он айбдор мешаванд, ки аз вожаҳои арабӣ фаровон истифода мекунанд. Ҳанӯз соли пеш Гавҳар Шарофзода, раҳбари Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз лаҳни чанд нашрия норозигӣ карда, ҳатто ҳушдор дода буд. Аммо донишмандони тоҷик мегӯянд, бо гузашти 26 сол аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, то ҳанӯз як меъёри собити ин забон вуҷуд надорад ва аксари мардум ҳангоми баёни фикр мушкилӣ мекашанд.

Бо вуҷуди он ки хазинаи луғавии забони форсӣ садҳо ҳазор калимаро дар бар мегирад, захираи ками луғавии забон боиси он шудааст, ки бахши аъзами соҳибзабонҳо дар бештари мавридҳо аз таркибҳои оммиёна истифода мекунанд.

Зафар Мирзоён, донишманди тоҷик, мегӯяд, агар баръакас дар миёни мардум вожаомӯзӣ ҷорӣ нашавад, забони тоҷикӣ “гунг” мешавад. “Забони тоҷикӣ 600 ҳазор вожа дорад ва мо наметавонем бигӯем, ки ин вожаҳо аз форсӣ гирифта шудаанду моли мо нест. Он вожаҳое, ки дар адабиёти классикии мо истифода мегарданд, барои баёни андешаи фаннӣ хеле муҳиманд ва бояд омӯхта ва кор бурда шаванд,” – гуфт ӯ.

Зафар Мирзоён
Зафар Мирзоён

Бо ин ҳама мусоҳибони мо бар инанд, ки беҳтар аст масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мардумро ба хондан ташвиқ кунанд, то сатҳи пасти забондонӣ беҳтар шавад. Ва ё ҳадди ақалл номгӯи вожаҳоеро, ки барои забони тоҷикӣ бегона унвон мешаванд, рӯшан кунанд. Аз сӯи дигар ин тасмими Кумитаи забон ва истилоҳотро коршиносон як фишанги дигари фишор ба расонаҳо дар ҳолатҳои "даркорӣ" медонанд.

XS
SM
MD
LG